logo

иҷтимоиёт

Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»

 Замимаи 1

ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 феврали соли  2021, № АП - 42
 
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ  
1. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» (минбаъд - озмун) ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
2. Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд гузаронда мешавад. 
3. Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг ва асарҳои мусиқиро, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон дар бар мегирад. 
2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН
4. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
5. Масъулони баргузории озмун вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радио, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мебошанд.
6. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ҷиҳати ҷалби наврасон, ҷавонон ва занони боистеъдод ба озмун мусоидат менамоянд.
7. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд.
3. КОМИССИЯИ ОЗМУН
8. Барои гузарондани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» комиссия таъсис дода мешавад.
9. Салоҳияти комиссияи озмун:
- таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он;
- тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун;
- пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои дуюм ва сеюми озмун; 
- якҷо бо ҳайати ҳакамон гузарондани семинари машваратӣ;
- интихоби дурусти асарҳои мусиқӣ;
- назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун;
- омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун ба даври ниҳоӣ;
- баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон ва иштирокчиён;
- тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун.
4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН
10. Озмуни мазкур дар се давр гузаронда мешавад:
- даври якум - моҳҳои  май - июни соли 2021 дар маркази шаҳру ноҳияҳо; 
- даври дуюм - моҳи июл – нимаи аввали моҳи августи соли 2021 дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт;
- даври сеюм - то 16 ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супурдани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад. 
11. Корҳои ташкилӣ барои баргузор кардани даври дуюми озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт вогузор мегардад.
12. Протоколи ҳайати ҳакамон ба комиссияи ҷумҳуриявӣ ба даври сеюм бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ҳисору Рашт ва раиси ҳакамон пешниҳод мешавад.
13. Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо протоколҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи озмун  пешниҳод карда мешаванд.
14. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм ба даври сеюм то 30 октябр муқаррар карда мешавад.
15. Рафти даврҳои озмун тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои телевизиону радио тарғиб карда мешаванд.
5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
16. Ба озмун, қабл аз ҳама, асарҳои тозаэҷоди композиторони ватанӣ ва, инчунин, асарҳо аз осори беҳтарини мусиқии классикии ватаниву ҷаҳонӣ дар жанрҳои мусиқии суннатӣ, академӣ ва эстрадӣ пешниҳод мешаванд.
17. Озмун дар байни гурӯҳҳои зерин доир мегардад:
- хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, гурӯҳҳои касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ансамблҳои ҳунарӣ, оилавӣ (минбаъд – гурӯҳи касбӣ);
- хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ходимони илмӣ ва эҷодӣ (минбаъд – гурӯҳи ҳаваскорон).  
18. Барои ҳар як гурӯҳ меъёрҳои озмунро комиссияи озмун дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг муқаррар менамояд.
19. Дар озмун шахсони шинохтаи санъати мусиқӣ, сарояндагону навозандагони унвондору касбӣ иштирок намекунанд. Ҳамзамон, як шахс дар ду номинатсия ширкат варзида наметавонад.
20. Ғолибони озмун бо Ҷоизаи ифтихорӣ, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм, диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонда мешаванд.
21. Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» (лауреатҳои Ҷоизаи ифтихорӣ, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм) баъди се сол ҳуқуқи иштирок дар озмуни навбатиро пайдо мекунанд.
22. Радабандии синнусолӣ (барои иштирокчиёни гурӯҳи касбӣ) ба таври зайл тақсимбандӣ мегардад: 
- аз 12 то 17- сола; 
- аз 18 то 40 - сола. 
23.  Дар озмун истифодаи фонограмма қатъиян манъ аст.
24. Теъдоди иштирокчиёни даври якум бемаҳдуд буда, ғолибони даври якум ба даври дуюм, ғолибони даври дуюм ба даври сеюм роҳхат мегиранд. 
25. Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти ӯ) шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонда мешавад. Тартиби шартномаро Вазорати фарҳанг омода карда, ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мерасонад.
26. Баромади иштирокчиёни озмун дар даврҳои дуюм ва сеюм тибқи қуръапартоӣ сурат мегирад.
6. НОМИНАТСИЯҲО ВА ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН
27. Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронда мешавад:
- композиторӣ;
- сарояндагӣ;
- навозандагӣ.
28. Дар ҳар се номинатсия асарҳое пешниҳод мегарданд, ки дар мавзӯи зебоии табиати Тоҷикистон, ишқу ҷавонӣ, васфи Ватану ватандӯстӣ, ғояҳои Истиқлолу Озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тараннуми симоҳои барҷастаи миллат, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, об ҳамчун манбаи ҳаёт ва ободӣ ва ғайра таълиф шудаанд. 
29. Ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ мебошад.
1) талаботи номинатсияи композиторӣ:
- дар ин номинатсия иштирокчиён бояд дорои таҳсилоти миёнаи махсуси мусиқӣ ва олии мусиқӣ, инчунин, намояндагони мактаби суннатии устод - шогирд (бо нишондоди мушаххаси мактаб ва устод) бошанд; 
- иштирокчиёни номинатсияи композиторӣ асарҳои худро метавонанд дар жанрҳои дилхоҳи худ бо истифодаи жанрҳои камеравӣ, калонҳаҷм, консерт, фантазия, поэма, соната, сонатино, вариатсия, пйеса, ариозо, романс, суруд, кантата (симфонӣ, балет, опера, оперетта, оратория – барои мутахассисони калонсол), инчунин, дар жанрҳои хосаи мусиқии анъанавӣ ва мусиқии эстрадӣ пешниҳод намоянд; 
- иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд. Дар ин номинатсия аз довталаб коллоквиуми тахассусӣ гирифта мешавад. Тақризи касбӣ ба ҳар як асари пешниҳодшуда ҳатмӣ мебошад;
- асарҳо дар шакли клавир, партитура ё сабти нотавии шакли дигар (хусусан барои жанрҳои суннатӣ) ба комиссияи озмун пешниҳод карда мешаванд;
- дар даври дуюм ва даври сеюм асарҳо дар шакли мусиқии зинда (иҷрои амалӣ) баррасӣ мегарданд;
- ҳангоми баҳогузорӣ ҳар як аъзои ҳакамон уҳдадор аст, ки ба техникаи композиторӣ (тарзи созбандӣ, фактура, хусусиятҳои драматургиву композитсионӣ), мутобиқати мавзӯъ ба жанр, ҳамоҳангии матни шеърӣ ба мусиқӣ ва ғайраҳо аҳамият диҳад;
- хоҳишмандон аз гурӯҳи ҳаваскорон барои иштирок кардан дар ин бахш бо тариқи ариза муроҷиат намуда, баъди гузаштан аз коллоквиуми тахассусӣ имкони иштирокро пайдо менамоянд;
2) талаботи номинатсияи сарояндагӣ:
 - дар иҷрои барномаи сароянда маҳорати касбӣ, талаффузи бурро, тарзи баён, нафаси равон, диапазони васеи овоз, тақсимбандии дурусти ҳиҷоҳо, саҳназебӣ, либоси саҳнавӣ, одоб ва ҳаракати саҳнавӣ, ҷалби шунаванда ва самимияти сарояндагӣ ба эътибор гирифта мешаванд;
- иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро дар жанрҳои гуногун пешниҳод менамояд;
- иштирокчӣ метавонад барномаи худро аз асарҳо дар жанрҳои суруд, романс, ария, ариозо, жанрҳои дигари мусиқии камеравии вокалӣ аз осори композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин, жанрҳои дахлдори мусиқии суннатӣ (аз шашмақом, фалак, мақомҳои маҳаллӣ ва ғайраҳо) ва мусиқии эстрадӣ мураттаб созад;
- дар ин номинатсия пешниҳоди силсилавӣ низ иҷозат дода мешавад; 
- дар пешниҳоди сарояндагӣ ба шеърҳои муосир, хусусан истифодаи шеърҳо аз баёзҳои тозанашр, афзалият дода мешавад;
3) талаботи номинатсияи навозандагӣ:
- дар баромади навозанда маҳорати касбӣ, интихоби арзишманди асари мусиқӣ, мазмун ва жанри асар, хушсадоӣ, техникаи садобарорӣ, дилнишинии сабки навозандагӣ, одоби саҳнавӣ, симои зоҳирӣ, эҳсосоти зарбиву оҳангӣ, самимият ва аслияти сабки навозандагӣ ба эътибор гирифта мешаванд;
- иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба жанрҳои гуногун тааллуқ дошта бошанд;
- иштирокчӣ метавонад барномаи худро аз асарҳо дар жанрҳои гуногуни мусиқии полифонӣ, соната, вариатсия, консерт, пйесаи консертӣ, жанрҳои дигари мусиқии камеравии созӣ аз осори композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин жанрҳои дахлдори мусиқии суннатӣ (аз шашмақом, фалак, мақомҳои маҳаллӣ ва ғайра) ва мусиқии эстрадӣ мураттаб созад; 
- дар ин номинатсия пешниҳоди силсилавӣ низ иҷозат дода мешавад; 
- дар пешниҳоди навозандагон ба сабкҳои аслии санъати навозандагии тоҷик афзалият дода мешавад.
30. Регламенти баромади довталаб дар даври дуюм то 5 дақиқа ва дар даври сеюм то 10 дақиқа муайян мегардад.
7. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН
31. Ҳайати ҳакамони даври якум аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҳисоби мусиқишиносон, композиторон, санъатшиносон, омӯзгорони муассисаҳои махсуси санъати мусиқӣ дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг интихоб гардида, ҳайати ҳакамони даврҳои дуюму сеюм бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи композиторон аз ҷониби комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ тасдиқ карда мешаванд.
32. Ҳайати ҳакамон аз рӯи меъёри аз 5 то 10 хол тариқи овоздиҳии пӯшида ғолибонро муайян мекунанд.
33. Комиссияи озмун дар ҳолати ҷавобгӯ набудани хулосаи ҳайати ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур (дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё муайян гардидани иштибоҳоти техникӣ) ҳуқуқи бекор кардани онро дорад. 
8. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН
 34. Хароҷоти даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо, будубош дар маҳали баргузории озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, хароҷоти иловагии даври ниҳоӣ аз ҳисоби маблағи Вазорати фарҳанг  ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.
35. Ғолибони даври якум, дуюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва ташкилоту муассисаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонда мешаванд. 
36. Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври сеюми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда мешаванд.
37. Ғолибони ҷойи якум, дуюм ва сеюми даври сеюм аз номинатсияи композиторӣ ба аъзоии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.
38. Омӯзгороне, ки  шогирдони худро дар радабандии синнусолии аз 12 то 17 – сола  аз даври якум то даври сеюми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ онҳо соҳиби Ҷоизаи ифтихорӣ ва ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.
39. Ба ғолибони даври сеюм ва омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.
40. Рӯйхати ғолибони даври сеюм аз ҷониби комиссияи озмун дар асоси протокол тасдиқ гардида, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мувофиқа пешниҳод мешавад.
41. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тартиби додани мукофот ва ҷоизаро раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тасдиқ ва амалӣ менамоянд.
42. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омӯзгорони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.
9. ТАРТИБИ ИШТИРОК ДАР ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУН 
43. Барои иштирок дар даври сеюми озмун ба комиссия ҳуҷҷатҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот дар бораи довталаб;
- асарҳо дар шакли ҳомили электронӣ;
- сабти нотавӣ (тибқи талаботи озмун);
- матни шеърҳо дар се нусха;
- нусхаи диплом оид ба таҳсилоти махсуси миёна ва ё олии мусиқӣ (барои гурӯҳи касбӣ). 
44. Ҳуҷҷатҳо оид ба ҷамъбасти даври сеюм бо протоколҳои расмӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон тасдиқ гардида, комиссияи озмун онро баррасӣ менамояд.
45. Довталабоне, ки дар даври сеюм ғолиб намебароянд, бо диплом ва ифтихорнома сарфароз гардонда мешаванд.
10. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ ИФТИХОРӢ
46.  Ба ғолиби беҳтарин Ҷоизаи ифтихорӣ дода мешавад.
47. Дар даври сеюм ба ҳар як номинатсия як Ҷоизаи ифтихорӣ ҷудо карда мешавад, ки баробар ба Шоҳҷоиза аст.
48. Ҷоизаи мазкур ба иштирокчие дода мешавад, ки дар асар офаридан, суруд хондан ва мусиқӣ навохтан маҳорат ва истеъдоди фавқулода дошта, маҳорат, истеъдод ва касбияти ӯ аз иштирокчии ҷойи якум болотар аст. 
11. ИМТИЁЗҲО
49. Ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, ба мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ, коллеҷи мусиқӣ ва мактаби олии мусиқӣ (консерватория) тариқи суҳбат, ба таври ройгон, бе супурдани имтиҳон қабул карда мешаванд.
50. Вазорати фарҳанг протокол ва санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2021    №: 39 - 40    Мутолиа карданд: 514
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед