иҷтимоиёт
Замимаи 1
ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, № АП-43
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» (минбаъд озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 баргузор мешавад.
2. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар), доир мегардад.
3. Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор мешавад:
- адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
- адабиёти классикӣ;
- адабиёти муосир;
- адабиёти ҷаҳон;
- эҷоди назму наср.
4. Иштирокчиёни номинатсияҳо ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешаванд:
- хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10 – 11);
- донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавру магистрҳо);
- аспиранту докторантҳо ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ;
- омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (ҳакамони озмун дар ҳар як номинатсия ин се табақаро ба таври алоҳида ҷудо менамоянд).
2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН
5. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
6. Масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.
7. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории озмун иштирок мекунанд.
8. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.
9. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд.
3. КОМИССИЯИ ОЗМУН
10. Барои гузарондани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» комиссия таъсис дода шуда, ҳайати он бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
11. Салоҳияти комиссияи озмун:
- таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он;
- тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун;
- пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои сеюм ва чоруми озмун;
- якҷо бо ҳайати ҳакамон гузарондани семинари машваратӣ;
- назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун;
- омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун ба даври ниҳоӣ;
- баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон ва иштирокчиён;
- тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун.
4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН
12. Озмун аз чор давр иборат буда, аз аввали моҳи майи соли 2021 то моҳи декабри соли 2021 ба таври зайл ташкил ва гузаронда мешавад:
-даври якум – моҳи май, дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
-даври дуюм – моҳи июл, дар маркази мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);
-даври сеюм – нимаи дуюми моҳи октябр, дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе;
- даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм моҳи декабр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
13. Протоколи ҳайати ҳакамон ба комиссияи ҷумҳуриявӣ ба даври чорум бо имзои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раиси ҳакамон пешниҳод мешавад.
14. Ҷойи баргузории даврҳои озмун дар деҳот, шаҳрак, маркази шаҳру ноҳияҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад.
15. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюм ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вогузор карда мешавад.
16. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми озмун тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва пахш карда мешавад.
17. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба комиссияи озмун то 20 ноябр муқаррар карда мешавад.
18. Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти ӯ) шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонда мешавад. Тартиби шартномаро Вазорати маориф ва илм омода карда, ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мерасонад.
19. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, Китобхонаи миллӣ ва Кумитаи телевизион ва радио масъули гузарондани маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун мебошанд.
5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
20. Дар озмун аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, иштирок карда метавонанд. Як шахс танҳо дар як номинатсия иштирок карда метавонад.
21. Шартҳои ташкил ва баргузории озмун аз ҷониби комиссияи озмун назорат карда мешавад.
22. Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба маҳорати хондан ва аз худ кардан бартарӣ дода мешавад. Иштирокчии озмун ба ҳайати ҳакамон маҳорату малака, қобилияти хондан ва аз худ кардани осори адибонро пешниҳод менамояд.
23. Аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун ба иштирокчӣ барои аъзои фаъоли китобхона будан ва ба ҳунари нақлу оҳанги ӯ низ хол дода мешавад.
24. Ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлол, тараннуми дӯстию рафоқат, озодию осоиштагӣ, сулҳу субот, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзӯи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ ва тасвири табиати зебои Ватан бартарӣ дода мешавад.
25. Иштирокчии озмун дар интихоби забон зимни хондан ва аз худ кардани осори шифоҳӣ ва адабиёти кӯдакон, осори адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод аст. Ба довталабоне, ки осори бадеии адибони ҷаҳонро бо забонҳои хориҷӣ пешниҳод менамоянд, бартарӣ дода мешавад.
26. Иштирокчии озмун метавонад аз намунаҳои эҷодиёти халқ, аз ҷумла афсона, қисса, рубоӣ, достон, чистон, тезгӯяк, латифа ва ғайра вобаста ба номинатсияи интихобкардааш истифода намояд.
27. Дар номинатсияи эҷоди назму наср хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олӣ ва баъдаздипломӣ, ходимони илмӣ ва адабӣ, докторҳо аз рӯйи ихтисос ва калонсолони ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ иштирок менамоянд.
28. Эҷодиёти ғолибони даври сеюми номинатсияи эҷоди назму наср, ки дар даври чорум иштирок менамоянд, бо номи мустаор барои гирифтани тақриз ба мутахассисони босалоҳият, адабиётшиносону мунаққидон ва адибони шинохта фиристода шуда, хулосаҳои онҳо ҳангоми ҷамъбаст ба инобат гирифта мешаванд.
29. Ба номинатсияи эҷоди назму наср асарҳое пазируфта мешаванд, ки қаблан ба ягон озмуни дигар пешниҳод нашудаанд.
30. Дар даври чоруми озмун иштирокчӣ шарҳи мухтасари ҳоли худ, рӯйхати асарҳои хонда ва азбаркарда (нусхаи чопӣ ё дастнависи ашъори азёдкардашуда ва мазмуни мухтасари асарҳои мутолиакардаашро бо зикри муаллиф ва номи асар) бо гузоштани имзо ба комиссияи озмун ба таври ҳатмӣ пешниҳод менамояд (рӯйхати матнҳо ва асарҳои азбаршуда дар се нусха ба даври чорум пешниҳод карда мешавад).
31. Дар сурати ба талабот ҷавобгӯ набудани номгӯи асарҳо, мукаммал набудани матни шеъру достонҳо ва ё изофанависӣ намудани номгӯи асарҳо ва шеърҳо холи довталаб кам карда мешавад.
32. Ғолибони даври чоруми озмун, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва барандаи Шоҳҷоиза гардиданд, то се сол дар озмунҳои солҳои минбаъда ҳуқуқи иштирок карданро надоранд.
33. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ суроға ва ҷойи баргузории озмунро ба довталабон тавассути воситаҳои ахбори омма ва масъулон эълон менамоянд.
6. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН
34. Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи хондани назм ва насри бадеӣ муайян карда мешаванд:
- барои иштирокчиёни озмун хондани роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ вобаста ба номинатсияи интихобкардаашон иҷозат дода мешавад;
- иштирокчӣ дар хондани шеърҳо (ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достонҳо ва дигар жанрҳои лирикӣ) вобаста ба номинатсияи интихобкардааш озод аст;
- ба иштирокчӣ барои нақли афсона, латифа, қиссаю ривоят ва дигар навъҳои осори шифоҳии халқ вобаста ба номинатсияи интихобкардааш иҷозат дода мешавад;
-довталаби номинатсия асарҳои худро аз рӯйи навъҳои адабӣ, жанрҳо ва навъҳои анъанавӣ, нав, адабиёти кӯдак, насру драма пешниҳод менамояд.
35. Аз довталаби номинатсияи эҷоди назму наср таълифи як достони мукаммал дар вазнҳои анъанавӣ, 20 ғазал дар вазнҳои анъанавии арӯз, 20 рубоӣ, 10 дубайтӣ, 3 мухаммас, 2 мусаддас, 4 қасида, 5 шеъри сафед, 10 суруди ватандӯстона, 2 тарҷеъбанд, 2 таркиббанд, 5 ҳикоя, 2 эссе, 1 повест, 1 драма талаб карда мешавад.
7. МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
36. Ҳайати ҳакамони озмун ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд:
- барои таваҷҷуҳ ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлолу озодӣ, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзӯи об – сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, сулҳу субот, бунёди роҳу нақбҳо ва иншооти бузурги аср, корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар бунёдкорию ободонӣ;
- барои қобилияти нақл ва тарзи қироат, шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асар, баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, қобилияти озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ, қобилияти луғатдонӣ ва шарҳи маънои луғавии вожаҳо, дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар, таассурот аз хондани асар.
37. Ба ҳар як довталаб барои муаррифии китобҳои хондааш ва нақлу хондани шеърҳо вақти озод дода мешавад.
38. Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба истеъдоди довталабон, ҷадвали 10-хола муқаррар карда мешавад. Барои аз ёд хондани осори манзум бо шарҳу эзоҳи калимаҳо 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 2 хол гузошта шуда, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол дода намешавад.
Барои шарҳи муфассалу баёни равшани осори насрӣ ва ҳунари баланди ровигӣ, инчунин, тавзеҳи калимаҳо аз асарҳои мутолиашуда 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 2 хол гузошта шуда, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол дода намешавад.
39. Ҳангоми баҳогузорӣ ба маҳорати довталаби эҷоди каломи бадеӣ, тарзи интихоби мавзӯъву мундариҷа, риояи рукнҳои вазни арӯз, қофияву радиф, корбарии санъатҳои бадеӣ, интихоби таъбиру ибораҳо, миқдори луғатҳои нав ва мутобиқати шакл, бандубасти асари бадеӣ ва ба мазмуни асар диққат дода мешавад.
40. Довталаби бахши назм бояд дар мавзӯъҳои пешниҳодшуда бадеҳатан шеър гуфта тавонад. Байти аввал аз ҷониби ҳакамон пешниҳод мегардад ва идомаи онро дар ҳамон вазну қофия довталаб хаттӣ ё шифоҳӣ ҷавоб медиҳад. Дар ин номинатсия шахсоне метавонанд иштирок намоянд, ки аъзои Иттифоқи нависандагон набуда, шеърро хуб дарк менамоянд, завқи шоирӣ доранд, нозукиҳои шеърро аз бар кардаанд ва дар рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ намунаи ашъорашон чоп шудааст. Довталаб ҳангоми иштирок дар озмун намунаҳои шеърҳои худро дар шакли чопӣ ва ё дастнавис пешниҳод менамояд. Қобилияти адиби насрнавис низ бо ҳамин тарз санҷида мешавад.
41. Асарҳои пешниҳодкардаи довталабони бахши эҷоди назму насрро аъзои ҳакамон инфиродӣ мутолиа карда, баъдан, дар асоси тақризи пешниҳодшуда мавриди баҳогузорӣ қарор медиҳанд.
8. ҲАЙАТИ КОМИССИЯ ВА ҲАКАМОНИ ОЗМУН
42. Шумораи ҳайати комиссия дар асоси банди 10 Низомномаи мазкур муқаррар мегардад. Шумора ва ҳайати ҳакамонро комиссия муайян мекунад.
43. Ҳайати ҳакамони озмуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро раисони ноҳия, шаҳр ва вилоят бо санади дахлдор тасдиқ менамоянд ва он амалҳои зеринро иҷро мекунад:
-тибқи пешниҳоди комиссияи озмун, маҳорату истеъдоди иштирокчиёнро натиҷагирӣ мекунад;
-холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамояд;
-протоколи натиҷаи озмунро бо имзои аъзои ҳакамон тасдиқ мекунад.
44. Ба ҳайати ҳакамони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, шоирону нависандагон, олимону рӯзноманигорон, роҳбарони китобхонаҳо, аъзои ҷамъияти китобдӯстон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ворид мешаванд. Шумораи ҳайати ҳакамон бо раису муовинонаш бояд тоқ бошад.
45. Хулосаи ҳайати ҳакамони даври чорум дар комиссияи озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.
46. Комиссияи озмун натиҷаи ниҳоиро ҷамъбаст карда, онро барои маълумот ва шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
47. Намояндагони Вазорати маориф ва илм ба ҳакамони озмуни ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо барои босифат баргузор шудани озмунҳо ёрии методӣ мерасонанд.
9. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН
48. Хароҷоти даврҳои якум, дуюм, сеюм ва хароҷоти вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо ба даври чоруми озмун, будубоши онҳо дар маҳали баргузории озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.
49. Ғолибони даври якум, дуюм, сеюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва ташкилотҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонда мешаванд.
50. Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда мешаванд.
51. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони худро аз даври якум то даври чоруми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ онҳо ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб мешаванд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.
52. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Китобхонаи миллӣ мегарданд. Шакл, андоза ва тартиби супурдани нишонро Вазорати маориф ва илм таҳия ва тасдиқ менамояд.
53. Хароҷоти баргузории чорабинии даври чоруми озмун аз суратҳисоби махсуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм пардохт карда мешавад.
54. Ба ғолибони даври чорум ва омӯзгорони онҳо, тибқи тартиби муқарраргардида, аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофотпулӣ дода мешавад.
55. Ҷоиза ва мукофотпулии ғолибони озмун ва омӯзгорони онҳо дар маросими тантанавӣ аз ҷониби намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда мешавад.
56. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тартиби додани мукофот ва ҷоизаро раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тасдиқ ва амалӣ менамоянд.
57. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омӯзгорони онҳо, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сарпарас-тон иҷозат дода мешавад.
10. ТАРТИБИ ИШТИРОК ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУН
58. Барои иштирок дар даври чоруми озмун ба комиссия ҳуҷҷатҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешниҳод карда мешаванд:
- маълумоти мухтасар дар бораи иштирокчӣ;
- рӯйхати асарҳои мутолиашуда;
- миқдори ашъори азёдшуда;
- нусхаи чопӣ ва ё дастнависи шеърҳои азёдкарда, мазмуни мухтасари асарҳои насрии мутолиакарда бо зикри муаллиф ва номи асар (дар се нусха);
- нусхаи чопӣ ва ё дастнависи осори эҷодшуда (дар се нусха барои довталабони номинатсияи эҷоди назму наср);
- протоколи ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун.
59. Дар сурати изофанависии номи асарҳо ва миқдори матнҳои азбаркарда холи довталаб кам карда мешавад.
11. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА
60. Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне метавонанд иштирок намоянд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинатсияҳои пешниҳодшуда ҷойҳои якумро сазовор гардидаанд.
61. Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз чор номинатсия (адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти шифоҳӣ ва бачагона, адабиёти ҷаҳон) беш аз 70 фоизи осори назмию насрии тавсияшударо мутолиа ва ҳифз намудааст.
12. ИМТИЁЗҲО
62. Ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ, бе озмун, ба тариқи ройгон, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибони даври чоруми озмун ва барандаи Шоҳҷоизаро Вазорати маориф ва илм тибқи муқаррарот муайян менамояд.
63. Вазорати маориф ва илм протокол ва санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан, ба бойгонӣ месупорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.02.2021 №: 39 - 40 Мутолиа карданд: 478