иҷтимоиёт
ҲИДОЯТ. КӮДАКОН ФАРДОИ МИЛЛАТАНД
Баробари шунидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли маорифи кишвар бори дигар боварӣ ҳосил намуданд, ки давлат ва Ҳукумати кишвар ба тақдири соҳа бетафовут нестанд. Президенти кишвар таъкид доштанд, ки пешбурди фаъолияти соҳаҳои гуногуни мамлакатамон бар дӯши кадрҳои баландихтисоси соҳа меистад.
Ҳамагон хуб дар хотир дорем, ки ба туфайли ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи маориф мустаҳкам гардида, шароити таълиму тарбия рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Яке аз нақшаҳои дурнамои соҳа, ки дар мадди назари ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад, ин масъалаи баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми омӯзгор мебошад. Ба шарофати иқдомҳои ҳамешагии Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар мақоми омӯзгор дар ҷомеа торафт боло меравад ва ӯ чун раҳнамои аҳли ҷомеа эътироф гардидааст.
Хушбахтона, таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои миллат бо мақсади таъмини шаффофият, баланд бардоштани сатҳи тарбияи кадрҳо ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар миқёси ҷумҳурӣ соли ҳаштум аст, ки низоми нави дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ тариқи Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шуд. Ин тадбири муфид имкон дод, ки беҳтарин хонандагон тавассути дониши худ ба номи баланди донишҷӯ сазовор шаванд. Маҳз ҳамин омил боис шуд, ки сафи хонандагони аълохону боистеъдод дар муассисаҳои таълимӣ рӯ ба афзоиш ниҳад. Аммо, бо вуҷуди корҳои назарраси иҷрошуда, ҳанӯз ҳам дар соҳа мушкилоти зиёде ҷой доранд. Аз ҷумла, яке аз онҳо, сол то сол кам шудани шавқу рағбати хонандагон ба фанҳои дақиқ мебошад. Аксари олимони ҷавоне, ки солҳои охир рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд, мутахассиси фанҳои ҷамъиятиву гуманитарӣ мебошанд.
Бо мақсади тақвият додани дониши техникӣ, рӯ овардани ҷавонон ба илмҳои равияи дақиқ солҳои 2020 – 2040 - Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардид. Ҳамзамон, ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб гардидани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон аз ҷониби Пешвои миллат ҳамасола баргузории Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Илм – фурӯғи маърифат” эълон шуд.
Кӯдакон фардои ин миллати босаодатанд ва роҳбарону масъулон дар ин росто дастур гирифтанд, ки дар муддати кӯтоҳ дар деҳот муассисаҳои нави таълимии томактабӣ ва майдонҳои варзиш бунёд намоянд. Дар Паём таъкид гардид, ки соли гузашта ҳамагӣ 14 муассисаи томактабӣ барои 2520 кӯдак бунёд гардидааст, ки ин нишондиҳанда ҷавобгӯи талаботи рӯз нест. Пешвои миллат ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки барои бунёди кӯдакистонҳо, марказҳои инкишофи кӯдакон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд. Ин башоратест аз ояндаи дурахшони муассисаҳои томактабӣ.
Хуллас, ғамхориҳои Пешвои миллат ва давлату Ҳукумат вазифаҳои мо — аҳли маорифро барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир муайяну мушаххас менамоянд.
Зулайхо ЧИЛЛАЕВА,
омӯзгори МТМУ № 75 ноҳияи Фирдавсӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.02.2021 №: 41 Мутолиа карданд: 468