logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОН. МИЛЛАТЕ, КИ ТАЪРИХАН ТАМАДДУНСОЗ АСТ

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар чун барномаи мукаммали рушд ва стратегии пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон дар арафаи Ҷашни мубораки миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ пешниҳод гардид. Зимни ироаи Паём Пешвои миллат баробари таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ҷамъбасти дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соли 2020, мубориза бар зидди бемории сироятии COVID - 19 ба масоили илму маориф ва фарҳанг низ, чун ҳамеша, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Пешвои миллат таъкид бар он доштанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ ҳифз ва арҷгузорӣ ба суннатҳои фарҳангии аҷдодӣ, бавижа рушди забони ноби тоҷикӣ, таърихи басо пурифтихори миллат ва омӯзиши сартосарии он, аз худ намудани мероси ҷовидонаи ҳазорон нафар фарзонафарзандони миллат имрӯз вазифаи ҳар як соҳибватан аст. 
Баробари рӯ овардан ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ, азхудкунии технологияи муосир  ва забонҳои хориҷӣ имрӯз моро зарур аст, ки ба пешрафти забони тоҷикӣ, тавсеаи доираи истифодаи он пайваста кӯшиш ва ғамхорӣ намоем.  Зеро забон як бахши муҳими нигорандаи таърихи миллат буда, оинаест, ки дар он роҳи тӯлонии тайкардаи халқи тоҷик инъикос ёфтааст. Ҳифзи забони модарӣ ва покиза нигоҳ доштани он баробар ба ҳифзи истиқлолу озодӣ аст, зеро забони тоҷикӣ яке аз муқаддастарин ва арзишмандтарин  сарватҳои миллат аст. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон низ бори дигар аз фарҳанги бисёр ғанӣ ва таърихи тӯлонии  мардуми тоҷик  ёдовар шуда, таъкид намуданд: «Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000-сола буда, ҳанӯз дар давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор,  меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд».  Беҳтарин намунаи ин гуфтаҳои Пешвои миллат дар симои шаҳри Саразми бостонӣ мушоҳида мешавад, ки бо эътирофи олимони сатҳи ҷаҳонӣ ва марказҳои илмии шинохтаи байналмилалӣ ҳамчун сароғози тамаддуни кишоварзӣ, шаҳрсозию шаҳрдорӣ ва ҳунармандии минтақаи Осиёи Марказӣ шинохта шудааст. Соли гузашта 5500 – солагии ин ёдгории нодири аз ниёкон меросмондаро бо як шукӯҳи хоса ҷашн гирифтем. 
Воқеан ҳам, халқи тоҷик аз қадим мардуми шаҳрдору шаҳрнишин буда, инро дар баробари Саразм ёдгориҳои таърихии Хуҷанди бостонию Искандарияи Ақсо, Истаравшану Курушкада, Панҷакенти қадим, Тахти Сангину Кайқубодшоҳ, Леваканду Мунк, Ҳулбуку Тамлиёт, Фархору Андичароғ, Золи Зар, Қубодиёну Шаҳритус, шаҳрҳои овозадори  тоҷикнишини Бухорову Самарқанд, Балху Ҳирот, Марв ва садҳо шаҳркадаҳои дигар тасдиқ менамоянд. Мисоли равшани дигари истеъдоди шаҳрсозию шаҳрдории мардуми тоҷик корҳои созандагию ободкорӣ дар замони истиқлол мебошад. Дар як муддати кӯтоҳ шаҳрҳои таърихӣ симои замонавӣ гирифта, шаҳру шаҳракҳои нав бунёд меёбанд. Бавижа, шаҳри Душанбе имрӯз бо як ҷилои комилан нав симои худро дигар намуда, ба маркази сатҳи ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст.  
Пешвои миллат дар баробари ёдовар шудан  аз таърихи куҳан ва ҳунари созандагии ниёгон такрор ба такрор масъалаи арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани онро пеш мегузоранд. Донистани таърих, сабақ бардоштан аз дарси он ба хотири ободию созандагии имрӯз аст. Дар Паёми имсола низ Президенти кишвар сохторҳои дахлдор ва ҷомеаи кишварро вазифадор намуданд, ки “ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешанд”. Ҳар як сокини ҷумҳурӣ новобаста аз мансубияти миллӣ ва мазҳабӣ бояд аз таърихи халқи тоҷик ва ҷуғрофиёи Тоҷикистон огоҳии комил дошта, забони давлатиро дар сатҳи зарурӣ азхуд намояд.  
Пешвои миллат дар фароварди  Паёми хеш бори дигар бо ифтихор ба таърихи басо қадима ва фарҳанги бисёр ғании тоҷикон ишора намуда, таъкид намуданд, ки мо имрӯз бе ҳеҷ як мамоният аз мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл баёдгоргузоштаи ниёгони худ бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси худ истифода мебарем ва ба мардуми ҷаҳон онро муаррифӣ менамоем.  Бо чунин дороии таърихию фарҳангӣ ва созандагию бунёдкорӣ мардуми шарифи Тоҷикистон метавонад давлати соҳибистиқлоли худро ба як кишвари пешрафтаи муосир табдил диҳад.  
 
Убайдулло Насрулло КАРИМЗОДА, 
директори Институти таърих, бостоншиносӣ  
ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2021    №: 41    Мутолиа карданд: 525
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед