logo

сиёсат

МАОРИФ. ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАСЪУЛИЯТРО МЕАФЗОЯД

Бешак, Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон ҳидояти ҷавонон ба хизмати содиқона ба ин марзу бум арзёбӣ кард. Ҳатто дар чанд ҳолат, ки Пешвои миллат дар иртибот ба муҳаббат ба Ватан ҳарф мезаданду аз ҳамдиёрон, хусусан ҷавонон,  тақозои хизмати арзандаю фаъол ҷиҳати рушду ободии кишварро гӯшрас мекарданд, аз ҳаяҷон гиря гулугирамон мекард. Воқеан, Сарвари давлат барои мо - ҷавонон намунаи олии ватандорию ватандӯстӣ мебошанд. 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд: “Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Мо барои боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем”.
Мо ки худ омӯзгориро пеша кардаем, аз ин ҳарфҳои Пешвои миллат дар иртибот ба беҳтар кардани сифати таълиму тарбия масъулияти ҷиддиро дарк карда, бояд ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумат ва давлат нисбат ба соҳаи маориф, ки солҳои охир анҷом дода мешаваду доимӣ дар мадди назари Пешвои миллат қарор дорад, аз пештара дида, мутобиқ ба талаботи рӯзу давр дар такопӯй бошем. Муассисае, ки мо адои вазифа мекунем барои шаҳру навоҳии вилояти Суғду мамлакат мутахассисони соҳаи тибро омода месозад. Албатта, мутахассиси арзандаи соҳаи худ будан як тарафи масъала асту ҷаҳонбинии васеъ доштан тарафи дигари масъала. 
Бо дарки ҳамин масъулият мо - устодони фанҳои ҷамъиятӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки мутахассисони ояндаи тиб дар самтҳои гуногуни соҳа, бо бархӯрдорӣ аз нозукиҳои соҳаи худ, ҳамзамон, дорои ҷаҳонбинии васеъ, огоҳ аз таърихи халқи худу анъанаҳои бузурги он бошанду дар оянда, баъди хатми коллеҷ бо мизоҷон, ки одамони синну сол ва касбу кори гуногун ҳастанд муомилаи хушу муносибати касбиро раво бинанд.
 
Инобат ГАДОЙБОЕВА, 
Гулнора ВАЛИҶОНОВА, 
устодони муассисаи давлатии коллеҷи тиббии 
шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2021    №: 41    Мутолиа карданд: 1013
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед