logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид кардаанд: «Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад». 
Даврон Нуриддинов аз Норак бо волидонаш ба водии Вахш, ки дар гузашта туғайзор буд, кӯч баст. Дар деҳаи Заргари ноҳияи Коммунистӣ (ҳозира Кӯшониён) сукунат гирифтанд. Пас аз хатми омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) фаъолияти омӯзгориашро дар деҳа оғоз намуд. 
Даврон, ки шахси баору номус буд, ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбии ноҳия рафт ва гуфт, ки бо бародарам Сафарбек якҷо моро ба фронт ба ҷанги зидди  фашистон фиристонед ва ҳамин тавр ҳам шуд. Дар муҳорибаҳои Сталинград, Брянск, Прибалтика ва Шарқи Дур бар зидди истилогарони немису милитаристони Ҷопон ҷангид.  
Ӯ бо чандин ордену медалҳо ва Сипосномаи Сталин пас аз ғалаба, яъне соли 1946 ба деҳоти Заргар баргашт. Дар вазифаҳои мудири шуъбаи маориф ва муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа кор кард. Охирҳои солҳои панҷоҳуми асри XX аз нав муттаҳидшавии хоҷагиҳо ба вуқӯъ пайваст ва ин марди асилро, ки таҷрибаи бою ғанӣ андӯхта буд, раиси колхози ба номи Максим Горкий интихоб намуданд. 
Бо ташаббуси ин марди нексиришту фурӯтан дар ҳудуди хоҷагӣ заводи пахта муҷаҳҳаз бо технологияи пешрафта ба истифода дода шуд, дар як сол бештар аз 25 ҳазор тонна пахтаро коркард менамуд. Дар ҳамон вақт сифати нахи пахтаи заводи онҳо дар биржаи Лондон сазовори ҷойи дуюм гардида буд. Сипас, ӯ дар хоҷагӣ заводи истеҳсоли хишти пухтаро ба роҳ монд. Бештар аз 100 нафар соҳиби ҷойи кор гашт. Ба зиёда аз 2 ҳазор оила  хона сохт.
Он қасрҳои муҳташами фарҳангӣ ва мактабу беморхонаҳо, иншооти иҷтимоию маишие, ки имрӯз симои деҳоти Заргарро зеб мебахшанд, аз даврони Даврон Нуриддинов маҳсуб меёбанд. Солиёни зиёд вакили Шӯрои Олӣ буд.
Фарзанди ӯ Давлатбек, ки хатмкардаи Донишгоҳи шаҳри Лвови Украина мебошад, мегӯяд, ки падарам ба рушди боғу токпарварӣ ва бунёди гармхонаҳои ситруспарварӣ аҳамияти хоса медод. Натиҷаи ҳамин буд, ки то ҳол сокинони деҳаи Заргар аз ҳосили онҳо ком ширин менамоянд.
Тирамоҳи соли 1987 ин марди наҷиб дунёро падруд гуфт.
Кору пайкори родмарди ду ҷабҳа пур аз корномаҳосту рӯзгораш ибрат барои зиндагии шоистаи ҷавонон.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати рӯи кор омадани ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои деҳоти Заргар шукӯҳу шаҳомати тоза  гирифт ва месазад, ки имрӯз мақомоти марбута баҳри абадигардонии хотираи неки Даврон Нуриддинов, ки яке аз аввалин бунёдгарони деҳоти Заргар ба ҳисоб меравад, ҷамоатро ба номи ӯ гузоранд.
Шоир барҳақ фармудааст:
Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ 
накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда 
кунад номро.
 
Музаффар МУРОДОВ,
бойгоншиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2021    №: 41    Мутолиа карданд: 459
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед