иҷтимоиёт
ДУШАНБЕ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД
- Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4201 чорабинии гуногун, бахусус дар самти бунёди иншооти иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 23 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ 3623 чорабинӣ амалӣ шуд, ки ин 86 дарсади иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Ин нуктаро Амирхон Қурбонзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Душанбе дар соли 2020 иброз намуд. Ба иттилои ӯ, баҳри истиқболи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ барои бунёди 7 меҳмонхонаи замонавӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт санги асос гузошта шуд, ки айни ҳол дар онҳо корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд. Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръати таҷдиду навсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
АВҶИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ
Дар ин давра, дар 8 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 19 километр, 2 иншооти ирригатсионӣ 3,1 километр, 1 иншооти соҳилбандӣ 3,3 километр ва дар сохтмони 27 истгоҳи нақлиётии замонавӣ 211,4 миллион сомонӣ корҳо пешбинӣ шуда, иҷрои он ба 259,4 миллион сомонӣ баробар гардид. Дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр дар заминаи истгоҳҳои мавҷуда сохтмони 47 истгоҳи нави замонавӣ, аз ҷумла аз ҷониби МД «Раёсати сохтмони асосӣ», сохтмони 25 адад ба маблағи 7 миллион сомонӣ ва аз ҷониби МД «Раёсати сохтмон, навсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» 22 адад ба маблағи 5,9 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Корҳои сохтмонии роҳи автомобилгард аз муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳр (эстакадаи Қарияи боло) бо дарозии 4,2 километр ба анҷом расонда шуда, мавриди истифода қарор дорад. Ҳамзамон, сохтмони роҳи автомобилгарди назди бозори «Корвон» бо дарозии 1,85 км амалӣ гардида истодааст. Дар баробари ин, аз ҷониби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 1,7 километр ба нақша гирифта шуда, дар 1 иншоот бо дарозии 0,7 км корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шуд.
Сарфи назар аз таъсири бемории сироятии коронавирус (COVID-19) тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин шуд. Мувофиқи маълумоти пешакӣ маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) ба 15,6 миллиард сомонӣ баробар гардида, саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 19 фоизро ташкил дод. Дар ин давра аз ҷониби 483 корхонаи саноатӣ новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,7 миллиард сомонӣ ва содироти маҳсулоти саноатӣ ба 6 миллион доллар баробар шуд. Инчунин, дар шаҳр 33 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бо таъсиси 1600 ҷойи нави кор фаъолиятро оғоз карданд.
Айни замон, ҷиҳати бунёди майдони «Истиқлол» дар марҳилаи якум корҳои бартарафсозии 283 иншоот, ки арзиши умумии он 11 миллион сомониро ташкил медиҳад, пурра ба анҷом расида, дар марҳилаи 2 корҳо тибқи лоиҳа бо маром идома дошта, то ҳол ба маблағи 30,4 миллион сомонӣ корҳо ба анҷом расидааст.
Дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантӣ лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт, ки тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб меёбад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии аз 50 то 70 метр бо харҷи 46,5 миллион доллар ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт оғоз гардидаанд.
Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳо 122,9 ҳазор бех дарахту бутта, 13,3 миллион бех гули мавсимии бисёрсола ва дар майдони 271,8 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд. Бо мақсади обпошии минтақаҳои дахлдори шаҳр дар 79 кӯчаю хиёбон 59 нақлиёти обкашонӣ сафарбар шудааст. Ҷиҳати зиёд намудани навъи дарахтони нодир 6444 бех дарахти ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи кишвар ворид ва шинонда шуд. Ҳамзамон, баҳри таъмини кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳо бо гулҳои зимистона ва баҳорӣ дар гармхонаҳо 2,1 миллион дона тухми гулҳои мавсимӣ корида шудааст.
НАҚЛИЁТИ ҶАМЪИЯТӢ. Хизматрасонӣ беҳтар шуд
Бо мақсади беҳбуд бахшидани фаъолият дар самти нақлиёти мусофирбарӣ дар доираи қарорҳои дахлдори раиси шаҳр масъалаҳои хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонӣ ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти ҷамъиятию хусусӣ зери назорати роҳбарияти мақомот қарор дорад. Дар шаҳр хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ, 17 ҷамъияти хусусии нақлиётӣ ва 11 ширкати такси амалӣ гардида истодааст. Ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умуми автомобилӣ дар 83 хатсайр ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади ҳамлу нақли мусофирон дар маҷмӯъ, 4940 нақлиёти мусофирбар, аз ҷумла 633 мусофирбари корхонаҳои коммуналӣ, 1557 микроавтобуси сектори хусусӣ ва 2750 воситаи нақлиёти сабукрави такси дар тавозуни корхонаҳои нақлиётии пойтахт қарор доранд.
Бо мақсади иҷрои қарори раиси шаҳр ҷиҳати ба низом даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави такси 2750 нақлиёти ширкатҳои кироякаши такси бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонда шуд. Тибқи шартномаи дуҷониба аз Ҷумҳурии Беларус 100 троллейбуси муосир (беноқили то 15 км ҳаракаткунанда) ба ҷумҳурӣ ворид шуд. Инчунин, 50 автобуси тамғаи «AKIA» аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавозуни корхонаҳои коммуналии нақлиётии шаҳр супорида шуд. Дар хатсайрҳо микроавтобусҳои тамғаи «Karsan», «Iveco», «Jac» ба фаъолият оғоз намуда, барои қонеъ гардондани талаботи мусофирон дар оянда бандубаст ва истеҳсоли онҳо дар заминаи корхонаи муштарак ба роҳ монда мешавад. Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти истифодаи умум дар заминаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ ва амалӣ гардида истодааст. Дар хатсайрҳои автобус ва троллейбус пардохти роҳкиро пурра тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда шудааст. Корҳо дар марҳилаи дуюми лоиҳа ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми мазкур дар хатсайрҳои микроавтобусӣ оғоз гардидааст. Ғайр аз ҷорӣ намудани корти электронӣ воситаи дигари пардохт ба истифодабарандагони нақлиёт бо истифода аз телефонҳои мобилӣ (смартфон) тариқи барномаи махсус мавриди истифодабарӣ пешкаш гардид. Аз оғози татбиқи низоми мазкур то ҳол барои истифодаи хизматрасониҳои мусофиркашонӣ тибқи низоми мазкур зиёда аз 521,1 ҳазор корти пластикӣ ба сокинону меҳмонон дастрас шуд. Ҳамзамон, ба истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ (автобус ва троллейбус), тарофаҳои нави нимсола ва солона бо категорияҳои «хонанда», «донишҷӯ» ва «шаҳрванд», пешниҳод гардид.
ИҶРОИ БАРЗИЁДИ ҚИСМИ ДАРОМАДИ БУҶЕТ
Соли 2020 қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 109,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 2,1 миллиард сомонӣ ворид шуд, ки ин аз нақшаи пешбинигардида 175 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра аз буҷети шаҳр 999,7 миллион сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ равона шуд. Бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадории иҷтимоии давлат, барои дастгирии аҳолии камбизоати шаҳр ва беҳбудии вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 11,4 миллион сомонӣ кумакпулиҳо равона гардидааст.
Бо мақсади ҷоннок намудани кор дар самти таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ, ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ин давра як қатор корҳо мавриди амал қарор дода шуд. Моҳҳои январ – сентябри соли 2020 ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ 155 миллион долларро ташкил дод. Дар ин давра, дар ҳудуди пойтахт 45 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, 29 корхона ба маблағи 52,7 миллион доллар сармояи мустақим ва 16 корхона ба маблағи 101,9 миллион доллар сармоягузор ҷалб намуданд. Дар шаҳр 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки то ҳол 422,5 миллион доллар аз худ карда шуд.
ТАЪСИС ВА БАРҚАРОРСОЗИИ 31 810 ҶОИ КОР
Соли сипаришуда аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар корхонаю муассисаҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият 31 810 ҷои корӣ таъсис ва барқарор шуд. Тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 9387 шаҳрванди бекор бо ҷои кор таъмин шуд, ки 5343 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз ҳисоби ҷойҳои кории аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт бандшуда (квота) 906 нафари ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёздошта бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид.
Бо мақсади омӯзиши касбу ҳунар 2610 шаҳрванди бекор ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ фаро гирифта шуд, ки 2262 нафараш зан мебошад. Касбомӯзии шаҳрвандон аз рӯи 19 касбу ихтисос роҳандозӣ гардид. Ҳамзамон, ҷиҳати паст намудани сатҳи бекорӣ дар шаҳр 36 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ташкилу баргузор шуд, ки тавассути он 678 корҷӯ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид. Бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор ба 233 бекор ба маблағи умумии 716,8 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонда шуд.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳоеро, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нигаронда шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии онҳо дар оянда низ чораҳои зарурӣ меандешад,- гуфт муовини аввали раиси шаҳр.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.02.2021 №: 42 Мутолиа карданд: 769