туризм
САЙЁҲӢ. СОҲАЕ, КИ МЕТАВОНАД ШИНОСНОМАИ ТОҶИКИСТОН БОШАД
Дар соли 2020 бинобар паҳншавии пандемияи COVID-19 сайёҳӣ ба буҳрони шадид рӯ ба рӯ шуд. Вазъ боиси коҳиш ёфтани сафи ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Тоҷикистон гардид. Хабарнигори рӯзнома дар бораи мушкилот ва дурнамои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода мусоҳиб шуд.
- Муҳтарам Тоҷиддин Ҷӯразода, ҳанӯз соли 2017 бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятноки иқтисоди миллӣ бо дастури Пешвои муаззами миллат мақоми ваколатдор - Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Давраи аввали таъсис ва ташаккули кумита чӣ мушкил ва кадом дастовардҳоеро дар пай дошт?
- Воқеан, дуруст аст. Дар ин давраи кӯтоҳе, ки дар ихтиёр доштем, пеш аз ҳама, ҷиҳати мушаххас намудани самтҳои асосии фаъолият ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои дарозмуддат Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия ва қабул гардид, ки айни ҳол амалӣ шуда истодааст. Ҷиҳати татбиқи самараноки стратегияи мазкур тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 2019 Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2019-2022 тасдиқ гардид. Илова бар ин, Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, № 80 тасдиқ гашт, дар ин давра амалишавии он пурра ба анҷом расид. Татбиқи барнома ба баланд бардоштани ҷолибияти маҳсулоти сайёҳии миллӣ таъсири мусбат бахшида, барои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонии хизматрасониҳои сайёҳӣ мусоидат намуд.
Ҳамчунин, дар заминаи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳони хориҷӣ ба беш аз як миллион расид.
- Эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ агар аз як тараф рушди ҳунармандиро такон бахшида бошад, аз ҷониби дигар боиси бамаротиб зиёд шудани ташрифи сайёҳон ба кишвар шуд. Дар доираи ин тадбирҳои бунёдкорона теъдоди ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар субъектҳои хизматрасон низ афзуд. Мехостам ин мавзӯъро шарҳи бештар медодед...
- Пеш аз ҳама, боиси хушнудист, ки ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гаштани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ саривақтӣ арзёбӣ гардида, дар радифи ин ташаббуси фарогир Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ бо мақсади муаррифии фарҳанги асил, ҳунарҳои маҳаллӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардумии кишварҳои узви созмон мавзӯи Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ барои соли 2020-ро Соли рушди сайёҳӣ ва минтақаҳои деҳот эълон дошт.
Узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, пазируфта шудани пойтахти Ватанамон - шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, эълон гардидани шаҳри Душанбе - пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020 – 2021 далели фикрҳои болозикр буда, симои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ ва машҳур гашт.
Дар сафи 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон шудани ҷумҳурӣ, дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷой додани Тоҷикистон, ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил гаштани шоҳроҳи Помир, ҳамчун даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона, инчунин, ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор ва тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эътироф шудани шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ шомил шудани Тоҷикистон ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ворид шудани ҷумҳурӣ шаҳодати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гаштани сайёҳии мамлакат ва дар ин росто касб намудани мавқеи намоён дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
- Имрӯзҳо дар минтақаҳои кишвар инфрасохтори гуногун бунёд ёфта истодаанд. Мегуфтед, ки кадоми онҳо ба инфрасохтори соҳа мувофиқанд ва барои мутобиқати пурраи онҳо ба талаботи рӯз чӣ корҳо бояд анҷом дода шаванд?
- Дар ҷаҳони муосир ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳошияи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурӣ иншооти муосири хизматрасонӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифта истодаанд, ки ҳамаи ин ҷузъи муҳими инфрасохтори сайёҳӣ маҳсуб меёбанд. Масалан, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани меҳмонхонаҳои “Чорчаман Хилс” дар ноҳияи Дарвоз, “Саразм плаза” дар шаҳри Панҷакент, “Манзара” дар ноҳияи Ховалинг ва “Чилдухтарон” дар ноҳияи Муъминобод имкон медиҳад, ки мо дар дурдасттарин минтақаи ҷумҳурӣ ба сайёҳон дар шароити хубу мусоид хизмат расонем.
Бо мақсади пиёда намудани тарҳи рушди деҳот, бозсозии роҳҳои назди ёдгориҳои таърихӣ, бунёди хонаҳои қабули сайёҳон, меҳмонхонаҳои хурд ва дигар хизматрасониҳои муосир дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд чор мавзеи таърихию сайёҳии ҷумҳурӣ - “Чилучорчашма”, “Хоҷа Машҳад”, “Ҳулбук” ва “Ямчун” дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ бозсозӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ расонда мешаванд.
- Соҳаи сайёҳии мамлакат дар соли 2020 бар асари пандемияи COVID-19 чӣ қадар зарар дид? Дар ин давра чӣ тадбирҳои зиддибуҳронӣ андешида шуданд?
- Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 350 ҳазор нафар сайёҳ ташриф овард, ки нисбат ба соли пешин 72,2 дарсад кам мебошад. Тибқи арзёбиҳои Кумитаи омор ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ даромади соҳа то давраи беморӣ тақрибан 2,5 дарсади ММД -ро ташкил медод. Ин ҳудудан 230-250 миллион доллари ИМА-ро дар бар мегирад. Имсол ин рақам хеле кам шуда, тахминан ба 72,6 миллион доллари ИМА баробар гардид, ки тахмин 1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дониста мешавад.
Таъсири манфии пандемияи коронавирус, пеш аз ҳама, ба меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои хӯроки умумӣ ва ба ҳунармандон расид. Мутаассифона, нафарони зиёде, ки дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият доштанд, бекор монданд. Аз рӯи арзёбиҳои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ буҳрони бемории сироятии COVID-19 гардиши сайёҳони байналмилалиро то 80% коҳиш дод.
Барои муайян намудани хисороти молиявӣ байни субъектҳои соҳаи сайёҳӣ пурсишнома гузаронда шуда, натиҷа бозгӯи он аст, ки дар марҳилаи сипаришуда субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ аз қабулу гусели сайёҳон ва шаҳрвандони хориҷӣ худдорӣ намуда, фаъолияти хеле кам ва маҳдуд доранд.
Дар ин давра дар назди кумита гурӯҳи корӣ барои муқовимат ба оқибатҳои коронавирус таъсис дода шуд, ки аъзои он барои ба даст овардани маълумоти пурра дар бораи сатҳи таъсир таҳқиқ гузаронданд. Тадқиқот нишон дод, ки корхонаҳо ва шахсони алоҳидаи соҳаи сайёҳӣ таназзулро аз сар мегузаронанд. Аксари корхонаҳо бо сабаби ҳолатҳои фавқулода ва басташавии сарҳад 100 фоизи муштариёнро аз даст доданд. Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқот метавон хулоса кард, ки COVID-19 ба ҳама самтҳои фаъолияти соҳаи сайёҳӣ таъсири манфӣ расонд.
Хушбахтона, дар ин давраи буҳронӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» содир шуд. Тибқи он аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилоти хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ гардид. Ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ буд. Гарчанд фаъолияти ширкатҳо бисёр маҳдуд гашт, ин дастгирии давлатии соҳаи сайёҳӣ барои ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ барои сайёҳон, рушди саноати фоидаовари сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он дахлдор, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, ҳамкории самараноки давлат ва бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Ин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат имкон дод, ки дар давраи бисёр ҳассос барои ширкатҳои сайёҳӣ онҳо баста нашаванд. Барои тамдид кардани муҳлати таътили пардохтҳои андозӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур шудааст. Инчунин, барои ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият ворид накардани ширкатҳои сайёҳӣ аз ҷониби кумита дархости мушаххас ба Кумитаи андоз пешниҳод гардид. Кумитаи андоз ин ташаббусро дастгирӣ кард. Дар ин самт ҳамкориро рушд дода истодаем.
- Сайёҳии фосилавӣ дар давраи пандемияи коронавирус пазироии хуб пайдо кард. Оё мулоҳизаҳо ҷиҳати роҳандозии он дар Тоҷикистон дар назар ҳастанд? Боз кадом иқдомҳои тоза барои рушди соҳа рӯйи даст гирифта мешаванд?
- Дар назди кумита маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ таъсис дода шудааст, ки фаъолияти он ба таҳияи маводи тарғиботию ташвиқотии чопию электронӣ, наворҳо ва роликҳои видеоӣ, таҳия ва истеҳсоли армуғонҳои сайёҳӣ, баргузории чорабиниҳо ва, ҳамчунин, ташкили сайёҳии фосилавӣ ва ҳузурӣ равона шудааст. Вобаста ба вазъи сайёҳӣ дар ҷаҳон сайёҳии фосилавӣ аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии кишвар бо ҷалби мутахассисони варзида ба роҳ монда мешаванд.
Инчунин, бо назардошти иқтидори кофии шикори моҳӣ васеъ гардондани навъҳои сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, ки чунин имкониятро доранд, сайёҳии шикори моҳӣ ба роҳ монда шуд, ки ояндаи нек дорад.
Ҷиҳати сазовор ҷамъбаст намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, беҳтар гардидани симои сайёҳии ватанамон дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори он, баланд бардоштани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва сатҳи беҳзистии мардум кумита нақшаҳои мушаххас таҳия намудааст. Аз ҷумла, дар доираи таҷлили 20 - солагии Созмони ҳамкории Шанхай ташкили форуми сайёҳии СҲШ, ҷаласаи вохӯрии роҳбарони маъмурияти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ, фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои СҲШ, ҳамоиши сатҳи баланд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд.
Шаҳноз ҚУРБОН,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.02.2021 №: 42 Мутолиа карданд: 7351