logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +

Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
Бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар филворди навбатӣ калимаҳо дар мавзӯи Қувваҳои Мусаллаҳ ва  қисмҳои аслиҳаҳои ҷангӣ ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, муштариён бояд аз чап ба рост ва аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоянд.
Таҳияи Муинҷон ХОЛИҚОВ, сокини ноҳияи Айнӣ
 
Ҷавоб ба филворди ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аз 19 феврали соли 2021:
Шаҳноза, Наргис, Шукрона, Шабнам, Сарфарозиддин, Шероз, Сарвиноз, Бахтиниссо, Шобегим, Собир, Сайидо, Нӯшофарин, Гулафзо, Сайидамир, Норова Рухшона, Гулбаҳор, Муҳаммад, Осим, Хайрулло, Мафтуна, Сулаймон, Ҷаҳонгир, Нозанин.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
ДИЛАФРӮЗ ХОНИКБОЕВА тоҷикдухтаре, ки дар ИМА ба тими Ҷо Байден пайваст
Имрӯзҳо номи Дилафрӯз Хоникбоева, ки ба ҳукумати Президенти ИМА Ҷо Байден роҳ ёфт, вирди забонҳост. Ҳама аз матонати тоҷикдухтар ҳарф мезананд, ки тавонист ба ҳайси мушовири калон оид ба масоили сиёсӣ ва омӯзишу банақшагирии USAID – Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ пазируфта шавад. 
Волидони Дилафрӯз 25 сол қабл муқими Амрико шуданд, ки ӯ 7 сол дошт. Пас аз хатми мактаби миёна таҳсилро дар риштаи таҳлилу ҳалли низоъҳои Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон ба ҳайси ҳуқуқшинос идома дод, ки роҳашро ба арсаи сиёсат боз намуд.  
Ӯ муваффақияти навбатиашро самараи дастгириҳои пайвандону атрофиёнаш медонад. “Ман дар танҳоӣ наметавонистам ба ҷое расам. Маҳз бо дастгириҳои пайвандонам имрӯз дар ин мақомам”, - менависад дар саҳифаи Инстаграмаш. 
Дилафрӯз барандаи бурсияи муҳими Ҳукумати Амрико – Presidential leadership буда, узви ташкилоти “Миллати тоҷик дар Америка” мебошад.
Ба ҷуз забони модариаш – тоҷикӣ, бо забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
 
Пирӯзӣ. Ман, ки душман надорам, дар хоб ё бедорӣ куштанам маънӣ надорад. Гарчи гӯянд: «Ҷанг – кори бепадарон», кори ман нест. Куштану ғорат кардан ҳам кори бепадарон. Писароне, ки донанд падар ба нақшаи ҷангашон халалгор аст, нахуст падар бикушанд; гӯё аз шоҳу шоҳзодагон мерос монда.
* * *
Баски чашмони туро нур набуд,
Ту надидӣ рухи дилҷӯи Ватан.
Шуда аммо ба харита наздик,
Кардӣ эҳсос яке бӯи Ватан. 
 
Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аз 19 феврали соли 2021:
Баҳманёр, Фарзона.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
БАГРАТИОН
Дар авҷи яке аз муҳорибаҳои шадид, адъютанти савора ба назди Баг-ратион омада, аз номи сарфармондеҳ амр медиҳад, ки худи ҳозир ақибнишинӣ кунанд, зеро душман, аллакай, дар таги бинӣ камин дорад.
Генерал Багратион, ки бо бинии ниҳоят дарозаш машҳур буд, нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯяд:
-Агар душман таги бинии сарфармондеҳ омада бошад, дар ҳақиқат наздик аст ва бояд оҷилан қафо гардем, вале дар таги бинии ман бошад,  вақти шиками аскарбачаҳоро сер кардан дорем, то дар роҳ азоби гуруснагӣ накашанд.   
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
ДАРСИ ИБРАТ Ё ФАРЗАНДИ ХУБ БОҒИ ПАДАР
Писаре бо падари солхӯрдааш барои тановули ғизо ба ошхона даромад. Ҳангоми тановул дастони падар меларзид ва маҷоли озодона истеъмол кардан надошт. Писар мисли кӯдак ба падараш хӯрок медоду меҳрубонӣ мекард. Сипас, ба назди дастшу бурда, даст ва лабу дандони падарро шуст. Сарулибосашро тамиз карду аз ошхона бадар рафтанд. Дар ин ҳангом пирамарди дигаре, ки дар ошхона буд, ба писар хитоб кард: - Ҳой писар, оё медонӣ, ки чизеро фаромӯш кардӣ ва ин ҷо гузошта рафтӣ? 
Писар гуфт:
 - На, чизеро боқӣ нагузоштаам. 
Он мард гуфт: 
- Писарам, ту ҳикмате аз худ боқӣ гузоштӣ, ки дарсе барои тамоми фарзандон ва умеде барои падарон аст! 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
БОТКИН
Ҷавони болобаланд ва ғафси фарбеҳ, ки, ба гумони ғолиб, эркаписари кадом як сарватманд буд, аз классики тибби рус Сергей Боткин мепурсад:
- Давое ҳаст, ки аз дарди фарбеҳӣ наҷотам диҳад?
- Бале,- мегӯяд табиб,- агар ба осонӣ шифо ёфтан хоҳӣ, аз ин пас бо як сӯм дар як рӯз зиндагӣ карданро ёд гир ва  ҳамин як сӯмро ҳам бояд заҳмат кашида, худат пайдо кунӣ ва аз муфтхӯрӣ ба таври ҳамешагӣ парҳез намоӣ.    
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
ФРИДРИХ ЭНГЕЛС. ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ 
Фридрих Энгелс соли 1820 ба дунё омад. Маҳз ӯ шиори “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед!” – ро ба ҷои шиори “Ҳама мардум бародаранд!” ба миён гузошт.
Ӯ капитализмро маҳкум мекард, аммо ин барои соҳиб шудан ба як корхонаи бофандагии аз падараш меросмонда монеъ нашуд. Тавассути ин корхона Энгелс ба корҳои  тадқиқотии дӯсти худ Карл Маркс сарпараст шуд. Онҳо 40 сол дӯст буданд.
Карл Маркс асари бунёдии “Капитал”-ро ба анҷом расонд. Бояд гуфт, ки Карл Маркс танҳо ҷилди аввали онро чоп кард. Ҷилдҳои дуюм ва сеюми "Капитал"-ро пас аз маргаш Энгелс таҳрир карда, ба дасти нашр супурд.
Шоири дӯстдоштаи ӯ Александр Пушкин буд. Дар гуфтугӯ бо муҳоҷирони рус ӯ аз асари «Евгений Онегин» иқтибос меовард.
Энгелс “зангӯлаҳои кабуд” ном гулро меписандид.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
ВАЗИФА Ё МАҲОРАТ. СУДЯ 150 МИЛЛИОН ДОЛЛАРРО АЗ КУҶО ЁФТ?
Джуди Шейндлин бо 150 миллион доллар аз доротарин судяҳо дар ИМА мебошад. Аҷиб аст, ки ин сарватро ӯ пас аз тарки мақоми касбиаш ба даст овард. 
Аниқтараш баъд аз баромадан ба нафақа дар намоиши мурофиаи телевизионӣ, ки таҳти унвони «Judge Judy» машҳур буд, ба ҳайси баранда ба кор медарояд. Маҳз ҳамин кори нав базудӣ ба манбаи даромад ва тиҷорати бузург табдил ёфт. Муҷрии намоиши телевизионӣ ва иштирокчиёни барнома созишеро ба имзо расонда буданд, ки тибқи он тарафҳои баҳс қарор ё ҳалномаи содиршударо эътироф намуда, ба мақомоти судӣ муроҷиат намекунанд. 
Сарвати Джуди Шейндлин 9 сол пеш (соли 2012) ба 150 миллион доллар расида, ҳоло ин бонуи 78-сола солона 45 миллион доллар даромад мегирад.
Таҳияи ФАРОМАРЗ
 
МАЪРУФТАРИН ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОИИ ДУНЁ
Ба қавле имрӯз Facebook мақоми авлавиятро дар бозори ҷаҳонӣ аз даст раҳо кардаву гӯё алҳол муштариён аз TikTok фаровон истифода мебаранд.
Барои возеҳият бо маълумоти тозатарин ошно гаштем. Тибқи ҳисоботи омори январии (2021) Hootsuite (барнома барои идораи алоқаи иҷтимоӣ) мисли пештара дар ҷаҳон мақоми  1 – умро дорад.
Теъдоди истифодабарандагон, миллион нафар:
Facebook – 2, 740
Youtube – 2, 291
WhatsApp – 2, 000
Facebook Messenger – 1, 300
Instagram – 1, 221
TikTok – 689
Telegram – 500
Twitter - 353
Шумораи истифодабарандагони алоқаи иҷтимоӣ, миллиард нафар:
2016 – 2,31
2017 – 2,79
2018 – 3, 20
2019 – 3, 46
2020 – 3, 71
2021 – 4, 20
Таҳияи Умар АЛӢ
 
ҲУҚУҚИ ИНСОН. СТЕЛЛА ХУДРО СӮЗОНДУ АЗ ТАРАБХОНА ҶУБРОН ГИРИФТ
Бо Стелла Либек,  шаҳрванди  амрикоӣ,  ҳодисае рух дод, ки  ӯро дар қаламрави ин мамлакат шуҳратёр кард. Гап сари  парвандае  меравад, ки ҳама хосу ом аз он дарак ёфтанд. Он соли 2007 ба  Стелла ҷоизаи «The TRUE Stella Awards» - ро овард, он ҳам барои шармовартарин даъвои судӣ.
Воқеа чунин  аст. Стелла ҳангоми дар тарабхонаи MаcDonald’s  интизори пешхизмат  нишастан ашёи тасфонеро даст зада месӯзад. Дар пайи ин амал, бо мақсади ба даст овардани ҷуброни зарари ҷисмониаш  масъулони тарабхонаро ба суд медиҳад. Дар мурофиаи судӣ вакилони дифоъ дар сар задани чунин ҳодиса масъулони тарабхонаро айбдор мекунанд ва ниҳоят MаcDonald’s маҷбур мешавад, ки  ба Стелла   600 ҳазор  доллар ҷуброни зарар диҳад.    
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
АНГУР БИНОИИ ЧАШМРО ҚАВӢ МЕСОЗАД
Ангур ба рӯйхати ғизоҳои барои чашм фоиданок ворид мешавад. Олимони Донишгоҳи Майамии ИМА муайян кардаанд, ки истеъмоли мунтазами ин буттамева метавонад хатари пайдоиши нобиноиро коҳиш диҳад. Ин ҳама аз антиоксидантҳо вобаста аст, ки дар таркиби ангур мавҷуд аст. Онҳо гавҳаракро аз радикалҳои озод дар сатҳи ДНК муҳофизат мекунанд. Нобиноӣ дар навбати худ аксар вақт аз сабаби бемориҳои таназзули гавҳарак, ки бо зарари фоторетсепторҳое, ки ба рӯшноӣ ҷавоб медиҳанд, алоқаманд аст. 
Таҳияи Шаҳноза ҚУРБОНОВА
 
САГ. САРБОЗИ РУТБАДОР ДАР АРТИШИ ИМА
Сагҳои хидматӣ дар артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико одатан ба ҳайати фармондеҳии хурд шомил мешаванд. Ба онҳо рутбаи капрал ё сержант дода мешавад. Ва рутбаи саг ҳамеша аз рутбаи сарбоз ё курсанти вобаста ба он баландтар аст. Ин анъана бо мақсади эҳтиром ба ҳайвон пешбинӣ шудааст.
Таҳияи М. БАҲРОМ
 
СУДУ ЗИЁНИ ПУЛДОРӢ. Ё АЗ МЕҲРУБОНӢ ТО ХАШМИ БИБӢ
Пиразани 94-солаи миллиондор Беверли Шоттенстайн аз Флорида (ИМА) набераҳояшро, ки дар истифодаи маблағи амонатиаш дар бонк хиёнат карданд, муҷозот кард.
Пиразан ба набераҳояш Эван ва Ави, ки идора намудани 80 миллион доллари бибиро дар ихтиёр доштанд, дастур дод, ки нисбат ба маблағи дарбонкбудаи ӯ ғамхорӣ зоҳир намоянд. Вале набераҳо даст ба қаллобӣ зада, амалиётеро ба имзо ва ризоияти бибиашон анҷом додан хостанд. 
Миллиондор аз болои набераҳо ва бонк шикоят бурд. Арбитражи молӣ қаллобони кӯрнамакро муваззаф кард, ки ба Беверли Шоттенстайни солхӯрда 19 миллион доллар ҷуброн диҳанд. 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
АҲДНОМАИ НИКОҲ. ҲУҶҶАТЕ, КИ 1200 СОЛ ПЕШ ДАР БАЙНИ ТОҶИКОН РОИҶ БУД
Соли 1932, яъне баъд аз 1200 соли шикасти Деваштич аз ҷониби арабҳо бостоншиносон аз болои харобаҳои қалъаи Муғ 74 ҳуҷҷати суғдӣ пайдо намуданд, ки миёни онҳо аҳдномаи никоҳ аҳамияти хосса дорад. Дар аҳднома ҳамсарон назди шоҳидон қасам ёд мекунанд, ки бо ҳамдигар содиқ мемонанд. Шавҳар занро озор намедиҳад ва ҳар сарвате, ки оянда ба даст меоранд, моли ҳардуяшон маҳсуб меёбад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ аз ҳуҷҷат ду нусха, яъне ҳам барои зан ва ҳам барои мард омода мешуд. 
Ба ҳамин мазмун, ҳоло аҳдномаи никоҳ дар кишварҳои Шарқ ва Ғарб роиҷ аст. Аммо ба ҳар сурат, эътироф бояд кард, ки ба воситаи шартнома муайян кардани низоми ҳуқуқии молумулкӣ байни ҳамсарон ва онҳое, ки нияти издивоҷ кардан доранд, миёни тоҷикон таърихи беш аз 1200 - сола дорад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
5 СОЛ ҲАМТАБОРИ МАЙМУНҲО. ҚИССАИ ШУНИДАНӢ ДАР БОРАИ МАРИНА ЧАПМАН
Колумбия дар солҳои 50-уми асри ХХ «доғи сиёҳ»-и Амрикои Лотинӣ буд. Маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳо дар ин қисмати қора рушд мекард. Рабудан ва фурӯхтани кӯдакон тиҷорати фоидаовар ба ҳисоб мерафт. Дар синни чорсолагӣ Маринаро бо мақсади фурӯхтан медузданд, аммо вақте ҷинояткорон аз ҷангал мегузаштанд, ӯро дар ҷангал мепартоянд. Ҳамин тавр, Марина дар ҷангал 5 соли умрашро бо маймунҳо мегузаронад.
Дар ин муддат ӯ тавонист забони дӯстони навашро омӯзад, овозҳои онҳоро фаҳмад. Агар шикорчиён Маринаро намеёфтанд, шояд ӯ дар байни маймунҳо зиндагии худро давом медод. Вале шикорчиён ӯро ёфта, ба тоҷирони Какуту мефурӯшанд. Вале духтар, ки ба озодӣ одат карда буд, фурсати муносибро ёфта, фирор кард.
Баъдан тақдир Маринаро ба Британияи Кабир бурд. Ӯ ҳамон ҷо хонадор шуд ва дар заминаи ёддоштҳояш аз ҷангал китобе навишт, ки ба ӯ шуҳрат бахшид.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
МАЙДОНИ ФУТБОЛ. СИРРИ ХАТДОР НАМУДАНИ ОН ДАР ЧИСТ?
Дар ҳамаи варзишгоҳҳои миёна ва калони аврупоӣ 99 дарсад сабзаи он моҳирона ва хатдор даравида шудааст. Баландии стандартии сабза қариб 4 сантиметр мебошад. Дар назари аввал чунин менамояд, ки он бо ду ранг  ороиш ёфтааст. Ҳарчанд дар ҳамаи майдонҳо як намуди сабза бо як ранг кошта мешавад.
Агар ҳамаи майдонҳо як намуд бошанд, пас чаро мухлисон дар варзишгоҳ ё бинандагони телевизион онҳоро хатдор мебинанд? Ин ҷо сирри асосӣ дар мошинҳои махсуси даравандаи ғалтакдор аст, ки ҳангоми ҳаракат алафро тағйир медиҳанд.
Хатҳои гуногунранги визуалии майдони футбол моҳияти худро доранд:  ба доварони канорӣ, мухлисони дарварзишгоҳбуда барои муайян кардани офсайд ва зарбаҳои ҷаримавӣ ёрӣ мерасонанд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2021    №: 43    Мутолиа карданд: 782
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед