иҷтимоиёт
ДИЛМУРОД ДАВЛАТЗОДА: «ШУМОРАИ НАФАҚАГИРОН 18 163 НАФАР ЗИЁД ШУД»
Соли гузашта бо сабаби бемории COVID – 19 воридоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 71, 2 миллион сомонӣ кам гардида, 2 миллиарду 891 миллион сомониро ташкил дод. Талабот барои маблағгузории нафақа ва ёрипулиҳои иҷтимоӣ 2,09 дарсад афзуд.
Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» гуфт, ки бо мақсади риояи қатъии низоми таъмини моҳ ба моҳи нафақа, аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 707,4 миллион сомонӣ ёрии молиявӣ интиқол шуд. Ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2022, аз ҷумла ба самти ёрипулӣ барои бекорӣ, пардохти идрорпулӣ ба касбомӯзон, чорабиниҳои касбомӯзӣ, ташкили корҳои ҷамъиятии музднок ва чорабиниҳои сиёсати шуғл 14 миллиону 611 ҳазор сомонӣ гузаронда шуд.
Шумораи умумии нафақагирон то моҳи январи соли равон ба 729 385 кас расид, ки нисбат ба соли гузашта 18 163 нафар зиёд аст.
Дар доираи ислоҳот дар низоми таъмини нафақа, ҷиҳати такмили низом ва бартараф намудани омилу душвориҳое, ки дар таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон ба миён меоянд, тағйиру иловаҳо ба қонунгузории соҳавӣ таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Бо мақсади иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкили Феҳристи ягонаи давлатии нафақахӯрон, аз семоҳаи дуюми соли гузашта сохтори нави пойгоҳҳо дар бораи нафақахӯрон ва прототипи системаи иттилоотии ояндаи ҷумҳуриявӣ таҳия шудааст, ки пешбурди рӯйхати электронии ҳамаи гурӯҳҳои нафақахӯрон, аз ҷумла маъюбон ва аъзои маъюби оилаи саробони фавтидаро, дар бар мегирад.
Дилмурод Давлатзода илова кард, ки оид ба тадбирҳои амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID - 19, рӯйхати гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, маъюбон, иштирокчиёни ҶБВ, нафақагирони синну соли иҷтимоӣ, ятимони кулл ва кӯдакони аз саробон маҳрумгашта барои пардохти кумакпулии якдафъаина ба Вазорати молия пешниҳод гардида, дар асоси он ба 265 ҳазору 749 эҳтиёҷманд ба маблағи 400 сомонӣ, дар маҷмӯъ, 107,1 миллион сомонӣ ёрипулӣ пардохт шуд.
Дар асоси Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26 январи соли 2021) нафақаи маъюбони аз синни кӯдакӣ ва маъюбони то 18 – сола, дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъйин шудааст, инчунин, маъюбони гурӯҳи 1 – ум, ки ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” нафақа муқаррар гардидааст, аз 1 сентябри соли равон зиёд мегардад.
- Ин иқдом воҳидҳои сохтории агентиро водор месозад, ки дар заминаи сиёсати пешгирифтаи давлат оид ба беҳтар намудани таъминоти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ корҳои омодагиро ҷиҳати сари вақт ва пурра таъмин намудани супориши мазкур амалӣ карда, барои дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани уҳдадориҳои худ тадбирҳои ҳамаҷониба андешанд, - гуфт Дилмурод Давлатзода.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.02.2021 №: 43 Мутолиа карданд: 822