маориф
БОҒЧАҲОИ ПОЙТАХТ як гӯшаи Ватани азизи моянд!
Се соли охир дар пойтахт қариб 200 майдончаи варзишу бозии кӯдакон бунёд гардид, ки бесобиқа аст. Аммо, мутаассифона, имрӯз дар баъзе аз маҳаллаҳои пойтахт майдончаҳои варзиш ва бозии кӯдакон хароб гардидаанд, ки ин боиси нигаронист.
Ҳангоми ба истифода додани майдончаҳои варзишу бозии кӯдакон дар назди биноҳои баландошёнаи кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт, ҳазорон кӯдакону наврасон бо хушҳоливу шӯру шавқ дар онҳо машғули бозиву дилхушӣ гардиданд. Сокинони пойтахт аз ин иқдоми шаҳрдорӣ хушҳолу мамнунанд. Баъди ба истифода додани ин маконҳои варзишиву фароғатӣ баъзеи онҳо аз хунукназарии сокинон ва гоҳо масъулон дар муддати кӯтоҳ вайрон гардиданд.
Муассисаи давлатии нигаҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишу бозии кӯдакони ноҳияҳои пойтахт дар тавозуни худ боғу гулгашт ва майдончаи варзишу бозии кӯдаконро доранд. Тибқи муқаррарот, то се сол таъмиру тармими майдончаҳо ба дӯши ташкилотҳое, ки онҳоро сохтаанд, вогузор шудааст. Алҳол дар чандин майдончаҳои варзишу бозии кӯдакони ноҳияҳои пойтахт якнафарӣ масъул барои нигоҳубини онҳо таъйин шудаанд. Аммо бештари боғчаҳо бесаробонанд, ки ҷои нигаронист.
Баъзан кӯдакон дар майдончаи хароб, ки дар чор тарафи он алвончакҳои шикаста, сатилҳои партов дар замин хобидаанд, бозӣ мекунанд. Болои турнику дастгоҳҳои тамрин сокинони маҳалла кӯрпаву кӯрпача ва палосу либос овехта, ҳусни шаҳрро коста гардондаанд.
Вақте ба падару модарон ва сокинони гирду атрофи боғча муроҷиат мекунед, ҳама «моҳи беайб» мебароянд. Гӯё, ки фарзандони онҳо дар ин ҷо бозӣ намекунанду майдончаҳои замоне ободу хуррам худ аз худ хароб гаштаанд.
Ҳамшаҳриҳои азиз, биёед шаҳрамонро тозаву озода нигаҳ дорем, ватандорӣ аз ободии хонаву маҳаллаи мо оғоз меёбад.
Савринисо СОЛЕҲОВА,
омӯзгор – мураббии муассисаи давлатии томактабии № 157, ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.02.2021 №: 43 Мутолиа карданд: 5809