logo

иҷтимоиёт

ШИРИН АМОНЗОДА: “МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА БА ҲАДАФҲОИ ДАРПЕШГУЗОШТА МЕРАСЕМ“

Танзими бозори меҳнат, раванди муҳоҷират, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, таълими касбии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бахусус, дар шароити имрӯза, ки пандемияи COVID-19 таъсири амиқӣ худро ба самтҳои зикргардида расонд, барои бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, масъалаи мубрам ба ҳисоб меравад.  Оид ба тадбирҳои анҷомдодаи Ҳукумат дар ин самт суҳбати Моҳира Сангмамадова, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» - ро бо Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, манзури хонандагон мегардонем.
 
- Мусаллам аст, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ниҳоди бисёрҷанба буда, сиёсати давлатиро дар соҳаи шуғл, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷират, таълими касбии қишри гуногуни аҳолӣ татбиқ месозад. Биноан, мехостем суҳбатро атрофи шуғл, ки дар шароити имрӯза аз масъалаҳои асосӣ маҳсуб меёбад, оғоз намоем. Таври маълум, бар асари пандемияи COVID – 19 шуғл дар саросари ҷаҳон коҳиш ёфт. Вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар чӣ гуна арзёбӣ мешавад? 
Воқеан, паҳн гардидани бемории сироятии COVID – 19 ба иқтисоди кишварҳои дунё таъсири манфии худро гузошт ва ба низоми иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи давлатҳои дунё халал ворид намуд. Бинобар ин, давлатҳо ва созмонҳои мухталифи байналмилалӣ пайи пешгирӣ ва паст намудани шиддати он чораҷӯӣ менамоянд. 
Бо мақсади паст кардани таъсири пандемияи коронавирус ба вазъи бозори меҳнат аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи зиддибуҳронӣ барои паст намудани таъсири COVID - 19 ба бозори меҳнат ва муҳоҷират ба тасвиб расид ва мавриди татбиқ қарор дорад.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешида, имкон фароҳам омад, ки дар давраи авҷи пандемияи коронавирус фаъолияти муназзами ташкилоту муассиса ва корхонаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардад ва ба ин васила, вазъ дар бозори меҳнати кишвар муътадил нигоҳ дошта шавад.
Соли гузашта дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ, зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис ёфт. Шумораи қувваҳои корӣ соли 2020  нисбат ба соли 2019-ум 3,7 фоиз афзуд. Дар ин замина, теъдоди аҳолии машғули кор низ аз 2314,9 ҳазор нафари соли 2019 то ба 2402,8 ҳазор нафар расид.
Қатъи назар аз таъсири бемории сироятии COVID – 19 ба вазъи бозори меҳнат, сатҳи бекории расмӣ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 2 – 2,2 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки ин нишондиҳанда қабл аз хуруҷи бемории мазкур ҳам дар ҳамин сатҳ қарор дошт. 
 
- Баланд бардоштани мавқеи занон, бахусус сатҳи фаъолнокии иқтисодиашон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат мебошад. Вале масъалаи мазкур дар бозори меҳнат ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Вазорат барои тақвияти фаъолнокии иқтисодии занон кадом чораҳоро меандешад? 
- Дар масъалаи мусоидат ба шуғли занон бояд гуфт, ки аз ҷониби вазорат дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тадбирҳои зарурӣ анҷом дода мешаванд. Танҳо дар доираи барномаи мазкур давоми соли 2020 бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 34, 1 ҳазор зан бо ҷойи кор таъмин гардид. Ба 2 ҳазору 69 зани бекор барои машғул шудан ба соҳибкорӣ 6 миллиону 901,4 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пардохт шуд. Илова ба ин, барои ба шуғли муваққатӣ ҷалб намудани занон дар ин давра 2,3 ҳазор нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардид.
Дар робита ба ин, мехостам зикр намоям, ки барои таъмини кафолатҳои иҷтимоии занон ва фароҳам овардани шароит ва имкониятҳои баробар миёни мардон ва занон як қатор  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаву татбиқ гардидаанд, ки дар ин самт нақши калидӣ доранд. Ҳамин тавр, ба шарофати ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ, таҳия ва амалисозии барномаҳои дорои хусусияти иҷтимоию иқтисодӣ  феълан дар Тоҷикистон нақши занон дар ҳамаи соҳаҳо назаррас аст. Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти қувваи корӣ дар Тоҷикистон, соли 2016 аз шумораи умумии шахсони роҳбарикунанда 20 ҳазору 766 нафар (24,2 фоиз) – ро занон ташкил медиҳанд.
Бояд дарк намоем, ки Сарвари давлат дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ бо қабули тасмимҳои ҷиддӣ қолабҳои шахшудаи даҳсолаҳои собиқро шикаста, мавқеи занонро устувор гардонданд. Ҳоло муҳимтарин масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ ва ҳатто, ҳарбию низомии кишварамон бо ҳузури фарогири занону духтарон ҷараён мегиранд. Афзоиши теъдоди занон дар таркиби аҳолии кишвар ҳамрадифи саҳми арзандаи онҳо дар рушди давлатдории миллӣ мебошад.
 
- Ба наздикӣ Шумо бо занони корҷӯ дар бораи “мардикорбозор”- и  шаҳри Бохтар суҳбати озод доир намудед. Бардошти Шумо аз ин вохӯрӣ чӣ гуна буд ва чӣ нақшаҳо пас аз он матраҳ шуданд?
- Вохӯрӣ берун аз нақшаи сафари корӣ ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Қубодиён ба миён омад ва ман ҳангоми суҳбат ба онҳо шахсияти худро маълум накардам, чунки хостам ба мушкилоти онҳо аз наздик ошно шавам. 
Баъд аз дидору суҳбатҳо, ба хулосае омадам, ки мушкили асосии онҳо дар надоштани донишу тахассуси муайян ва илова бар ин, талош накарданашон барои соҳибтахассус шудан аст. Аслан, пайдо кардани шуғл мушкил нест, балки душворӣ дар роҳҳои расидан ба он ҷой дорад, ки аз ҳар инсон донишҳои зеҳниро тақозо мекунад. Нафаре, ки наметавонад нависад, хонад ва ё намехоҳад кореро ба таври муназзам ва тахассусӣ омӯзад, мушкилоти асосии ӯ мебошад. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки, қабл аз ҳама, бо зеҳнияти ин нафарон кор гирем ва онҳоро соҳибихтисос гардонем. 
Баъди чанд рӯзи ин шиносоӣ, тавассути сохторҳои маҳаллии вазорат дар вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардида, 48 нафар бо кори доимӣ таъмин ва 280 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати тахассусӣ аз рӯйи талаботи бозори меҳнат ҷалб шуданд. Ба онҳо ихтиёран дар як ҳафта се рӯз барои кор ва се рӯз ба омӯзиши касбу ҳунар пешниҳод шуд. Ин тарзи барномарезӣ ҳам мушкилоти касбомӯзии онҳоро бартараф менамояд, ҳам даромади оилаашонро то андозае таъмин мекунад. Баъди муддати муайяни омӯзиш, онҳо соҳиби ҳуҷҷати расмӣ гашта, давра ба давра бо кор таъмин мегарданд. 
 
- Барои вусъатбахшии шуғл ва фаъолнокии иқтисодии мардум дар деҳот яке аз тадбирҳои Ҳукумат рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Бо ташаббуси Президенти кишвар дар ин самт имтиёзҳои давлатӣ роҳандозӣ шуданд. Татбиқи имтиёзҳо дар минтақаҳо чӣ гуна аст ва алъон амалишавии он дар кадом сатҳ қарор дорад? 
- Як нуктаи муҳимро бояд шарҳ диҳам. Рушди ҳунарҳои миллию мардумӣ дар баробари офаридани шуғл, ҷанбаи стратегӣ низ дорад. Яъне, мо асолат ва сарватҳои миллӣ, вижагиҳои фарҳангу тамаддуни мардуми худро дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳифз мекунем. 
Роҳбари давлат, дар доираи сиёсати дурбинонаи хеш, аз 1 январи соли 2018 – ум 108 намуди фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардумро аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карданд. Ин тасмими хирадмандона ба вусъати ҳунарҳои миллию мардумӣ дар ҷомеа такон бахшида, барои ҷалби сайёҳон ва муаррифии густурдаи ҳунарҳои миллӣ замина фароҳам овард. 
Аз 20 феврали соли 2020 бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ муайян гардид. Дар иртибот ба ин, дар назди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ва маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон, маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъсис ёфт. Ҳамзамон, барои пеш бурдани фаъолият дар самти ҳунармандӣ “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” қабул гардида, корҳои ҳамоҳангӣ ҷиҳати таъсиси ҷоизаи “Ҳунарманди беҳтарини сол” ҷараён дорад. 
Ҷиҳати дастгирии молиявии шаҳрвандон барои машғул шудан ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, соли 2020 ба 1006 нафар дар ҳаҷми 3 миллиону 294,7 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пардохт шуд. Ин иқдом имкон фароҳам овард, ки занону духтарони хонашин ба кор машғул шаванд ва сатҳи зиндагии онҳо боло равад.
 
- Бо мақсади дастрасии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба таълими касбӣ ва шуғл, бо дастгирии Ҳукумат дар назди сохторҳои вазорат дар ҳамаи минтақаҳо марказҳои таълимии касбӣ фаъолият доранд. Самаранокии ин давраҳои омӯзишию амалиро ҷиҳати дар оянда таъмин шудани иштирокдорони он бо шуғл чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
- Бо мақсади арзёбии сатҳ ва сифати раванди таҳсилоти касбии калонсолон дар 633 гурӯҳи касбомӯзӣ раванд ва сифати таълими касбӣ ва натиҷаи имтиҳонҳои хатми касбомӯзонро таҳлил намудем. Натиҷа нишон дод, ки раванди бокортаъминшавии хатмкардагони курсҳои тайёрии касбии кӯтоҳмуддат ва хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии системаи вазорат то 12 фоизи онҳо дар бозори меҳнати кишвар бо кор таъмин мегарданд ва боқӣ барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуҷҷат супурдаанд ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
 
- Вазъи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар шароити пандемияи COVID – 19 барои бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, масъалаи мубрам ба ҳисоб меравад. Дар Федератсияи Россия, ки дар раддаи аввали кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатии мо меистад, шумораи муайяни ҳамватанон дар шароити буҳронӣ шуғли худро аз даст доданд. Ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъмини онҳо бо шуғл вазорат дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ин давлат айни замон кадом тадбирҳоро андешидаву татбиқ мекунад?
- Бинобар қатъ гардидани фаъолияти корхонаву ташкилотҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва бозорҳо дар давраи карантин дар Федератсияи Россия, бисёр шаҳрвандони мо дар ин давлат бекор монданд. 
Дар ин давра аз ҷониби намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон пайваста ёрии пулию молӣ ва машваратҳои зарурӣ расонда шуданд.
Айни замон вазорат бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар доираи созишномаҳои амалкунанда ва муҳокимаи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ ва танзими раванди муҳоҷират дар давраи пандемияи COVID – 19 бо мақомоти дахлдори Федератсияи Россия, ки 95 дарсади муҳоҷирони мо ба ин давлат рост меоянд, пайваста тариқи онлайн мулоқот доир менамояд. Аз ҷумла, дар доираи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия, ки аз 22 январи соли 2020 эътибор пайдо кард, ҳамкориро бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия ва сохторҳои он ба роҳ мондаем. Ҳамчунин, дар доираи созишномаи мазкур вазорат дар асоси дархости корфармоёни Федератсияи Россия, ки ба қувваи корӣ ниёз доранд, барои гирифтани иҷозаи вуруд ба ин кишвар тавассути хатсайрҳои чартерӣ бо ҷониби Федератсияи Россия гуфтушунид дорем.
Зимни сафари расмӣ ва мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, муовини якуми Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков, муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук ва раиси шаҳри Москва Сергей Собянин масъалаҳои марбут ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, зарурати аз ҷониби сохторҳои соҳавӣ идома додани корҳо оид ба содагардонии ба қайд гузоштан ва гирифтани патент барои кор, баррасии авфи муҳоҷирати навбатӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни ду давлат, дар бораи бо нафақа таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо патент ва дигар санадҳои зарурӣ дар Федератсияи Россия кор мекунанд, матраҳ гардид.
Илова бар ин, бо сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов вохӯрда, масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, барасмиятдарории будубош ва иҷозати шаҳрвандони Тоҷикистон барои вуруд ва фаъолияти меҳнатӣ дар Россия, бақайдгирии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва фарзандони онҳо, таҳияи низоми ягонаи маълумоти оморӣ оид ба будубош ва фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россияро муҳокима ва баррасӣ намудем.
 
- Чанд соли охир сафарбар кардани муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишварҳои пешрафтаи Осиё дар назар аст. Амалишавии ин тадбир дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Солҳои охир бо мақсади диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ бо як қатор давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла, соли 2018 бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва соли 2019 бо Давлати Қатар Ёддошти тафоҳум оид ба танзими қувваи корӣ ба имзо расид.
Айни замон бо мақсади татбиқи Ёддошти тафоҳум бо Давлати Қатар гурӯҳи кории ҷонибҳо таъсис ёфта, 2 декабри соли 2020 ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ (тавассути муоширати визуалӣ) доир шуд, ки дар он масъалаи сафарбар намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Давлати Қатар баррасӣ гардид. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалисозии муқаррароти созишномаи мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ намоянд. 
Аз ҷониби Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и назди вазорат бо ширкати “Роял фелком секюрити”-и Амороти Муттаҳидаи Араб созишномаи ҳамкорӣ омода гардида, дар мувофиқаи тарафҳо қарор дорад. Бо Ҷумҳурии Корея низ корҳо дар ин самт ҷараён доранд. 
 
- Созмони байналмилалии меҳнат аз хавфи пайдоиши «насли карантин» изҳори нигаронӣ кардааст. Яъне, насли ҷавон, ки бо сабаби таваққуфи ҷараёни таҳсил, аз омӯзиш ва тайёрии касбӣ дурмонда, оянда дар бозори меҳнат рақобатпазир нахоҳад буд. Ин масъаларо чӣ гуна шарҳ медиҳед?
- Воқеан ҳам, чунин натиҷаи интизорӣ бар асари таъсири бемории сироятии COVID – 19 ҷой дорад. Вале бояд таъкид намуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар муассисаҳои таълимии касбии системаи вазорат таътил ҳамагӣ 45 рӯз аз 27 апрел то 10 май, аз 11 май то 1 июн ва аз 1 июн то 14 июни соли 2020 давом кард. Баъдан, дар ҳамаи муассисаҳои системаи таҳсилоти калонсолон раванди ба тайёрии касбӣ ҷалб намудани шаҳрвандон ба таври муназзам роҳандозӣ гардид, ки дар натиҷа мо тавонистем, маҷмӯан дар соли сипаригардида 98,2 ҳазор шаҳрвандро ба тайёрии касбӣ фаро гирем ва ба ин васила дар мусоидат ба шуғли онҳо саҳмгузор бошем.
 
- Дар замони таҳаввулоти бесобиқа дар бозори меҳнат баъзе касбу ҳунарҳо тадриҷан моҳияти худро аз даст медиҳанд. Дар чунин шароит барои рақобатпазир будан, зарурати омӯзишу такмили касбу ҳунарҳои нав вуҷуд дорад. Ба андешаи Шумо, то кадом андоза хизматрасонии соҳаи маориф дар кишвар ба бозори меҳнат мувофиқат мекунад? 
- Комилан дуруст гуфтед, ки равандҳои ҷаҳонӣ аз мо тақозо менамоянд, ки дар ҳамаи самтҳо омода бошем, махсусан дар самти тайёр кардани мутахассисони бозори меҳнат. Дар замони муосир бо ворид гардидани технологияи нав дар истеҳсолот масъалаи омодасозии мутахассисон бо назардошти талаботи воқеии бозори меҳнат ба мадди аввал мебарояд. Масалан, бист сол қабл барои таъмири як телевизор зарурати иваз намудану ташхиси ноқилҳову даҳҳо лампаҳо пеш меомад. Вале ҳозир бо як микросхема тамоми имконият муҳайё мегардад. Яъне, мутахассис бояд навҷӯву навовар бошад. 
Бо он таҷрибаҳое, ки аз хориҷи кишвар гирифтаам, бо иродатмандӣ гуфта метавонам, ки барномаҳои таълимии системаи маорифи кишвари мо барномаҳои такмилшуда ва муосир мебошанд. Сухан сари омӯзиш ва тарзи пешбарии дарсҳо ва машғулиятҳои амалӣ меравад.  Аз ин хотир, бо ташаббуси вазорат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат” тағйироту иловаҳо ворид гардида, аз 29 январи соли 2021, №1761, тасдиқ гардид. Тағйироти воридгардида имконият фароҳам меоранд, ки раванди хизматрасониҳои таълими касбӣ ба талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ гардад. Илова бар ин, аз ҷониби вазорат дар доираи татбиқи лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” соли 2020-ум 17 стандарти касбӣ таҳия шуд, ки дар заминаи онҳо барномаҳои муосири таълими касбӣ омода ва мавриди амал қарор мегиранд.
 
- Рушди технологияи рақамӣ дар бозори меҳнат тамоюлҳои навро ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, фаъолияти онлайнӣ ё фосилавӣ, роиҷ гардид. Пандемияи COVID – 19 зарурату аҳамияти ин намуди фаъолиятро собит кард. Бархе аз корхонаҳои кишвар низ дар ин шароит ба фаъолияти фосилавӣ гузаштанд. Ворид шудани ин тамоюл дар бозори дохилии меҳнат кадом тағйиротро ба вуҷуд меорад ва ба масъалаи шуғл чӣ гуна таъсир мегузорад?
- Қабл аз ҳама, бояд зикр намуд, ки заминаи ҳуқуқии роҳандозии шуғли фосилавӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Аз ҷумла, дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боби 23 “Хусусияти танзими меҳнати кормандони ба кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғулбуда”, моддаҳои 255, 256 ва 257, шарт ва ташкили шуғли фосилавӣ муайян шудаанд.
Бо мақсади роҳандозии васеи шуғли фосилавӣ зарурати омӯзиши корфармоён ва кормандон ба миён омадааст ва дар ин ҷода Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иқдомҳои заруриро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, соли сипаришуда аз ҷониби мутахассисони вазорат доир ба танзими ташкили шуғли фосилавӣ тавзеҳот омода ва пешниҳод гардид. 
Феълан, аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ бо намояндагии Хазинаи кӯдакон (ЮНИСЕФ)-и Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ва татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба рушди иқтидори инсонӣ, роҳҳои тавонмандсозии ҷавонон тавассути таъмини ҷойҳои нави кор дар асоси омӯзиши таҷрибаи намунавии глобалӣ «Модели шуғли фосилавӣ (дистансионӣ) барои ҷавонони осебпазир»-ро, амалӣ месозад.
Ин раванд шароит фароҳам меорад, ки бо назардошти таъсири хавфҳои эҳтимолӣ мутахассисони зарурӣ барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар омода шаванд ва, ба ин васила, фаъолияти муназзами корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои кишвар таъмин гардад.
- Соли 2020 муҳлати татбиқи “Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020” ба анҷом расид. Дар раванди татбиқи ин ҳуҷҷати муҳим то кадом андоза ба ҳадафи он – афзоиши сатҳи шуғли пурмаҳсул бо роҳи фаъолгардонии аҳолии қобили меҳнат, такмилдиҳии муҳити соҳибкорӣ ва таъсиси бозори меҳнати фасеҳ ноил гардидем?
Дар натиҷаи татбиқи стратегия давоми солҳои 2012 – 2020 дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 1,6 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуд, дар ин замина бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат 451,3 ҳазор шаҳрванд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ бо ҷойи кор таъмин гашт. Ҳамзамон бо ин, дар давраи мадди назар аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар доираи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба таври ройгон 156,9 ҳазор шаҳрванди бекор ба тайёрии касбӣ ҷалб шуда, ба 36,4 ҳазор нафар барои роҳандозии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми зиёда аз 12 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок пардохт гардид.
Дар ин давра теъдоди аҳолии машғули кор аз 2 миллиону 291,5 ҳазор нафар то ба 2 миллиону 463, 4 ҳазор боло рафт, ки афзоиш ба 137,8 ҳазор нафар ё 12,7 фоиз рост меояд.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 36,1 миллиард сомонӣ то ба 82,6 миллиард сомонӣ афзуд, ки ҳаҷми афзоиш ба 46,5 миллиард сомонӣ ё 2,3 маротиба баробар мешавад.
Дар давраи татбиқи стратегия, инчунин, музди меҳнати миёнаи номиналии кормандони ҳама соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз 555,2 сомонӣ ба 1393,7 сомонӣ расид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди пешбурди сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пеш аз ҳама, дар ташаккули шуғли пурмаҳсул ва афзоиши маҳсулнокии меҳнат, ташкили бозори меҳнати рақобатпазир эътибори ҷиддӣ медиҳад, чунки ин омилҳо дар болобарии сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим доранд. Дар дарозмуҳлат низ нуктаҳои зикршуда аз ҳадафҳои асосӣ дар соҳаи меҳнат хоҳанд буд. Аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки мо марҳила ба марҳила ба ҳадафҳои дар пеш гузошта мерасем.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2021    №: 43    Мутолиа карданд: 1471
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед