иҷтимоиёт
ЧОРГУЛ БО АЙБИ КӢ ГУЛ НАМЕКУНАД? ШИРИН АМОНЗОДА АЗ ВАЗЪИ МУҲОҶИРОНИ ДОХИЛИИ ЛАХШ ДИДАН КАРД
Зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабарнигори “Ҷумҳурият” аз вазъи номукаммали инфрасохтори деҳаи навбунёди Чоргули ноҳияи Лахш пурсон шуд, ки он тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009, № 430 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол» то соли 2016 бояд бунёд меёфт.
Дар пайи ин савол таҳти роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода ва иштироки раиси ноҳия Файзулло Баротзода гурӯҳи корӣ ба деҳаи мазкур сафар намуда, бо сокинон мулоқот оростанд.
Тавре аз маркази матбуоти вазорат хабар доданд, тибқи қарори болозикр аз ноҳияҳои Рашт 80, Тоҷикобод 60 ва Лахш 265 оила дар ин мавзеъ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд. Айни замон 320 хонаи истиқоматӣ бунёд ва девори 45 манзил бардошта шуда, дар деҳа 296 оила ба сар мебарад.
Тибқи қарори Ҳукумати мамлакат бунёди инфрасохтори деҳа ба зиммаи вазорату идораҳои дахлдор вогузор гардидааст. Вазорати маориф ва илм сохтмони муассисаи таълимӣ барои 336 хонандаро моҳи августи соли 2014 ба анҷом расонд, ки синфхонаҳо бо мизу курсӣ ва лавозимоти дигари хониш муҷаҳҳаз буда, дар он 128 хонанда таҳсил менамояд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш барои 22 кӯдак боғча бунёд намуда, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бунгоҳи тиббиро ба истифода дод. Сокинон бо неруи барқ низ пурра дастрасанд.
Норасоии оби нӯшокӣ мушкили рақами яки чоргулиён ба ҳисоб мерафт. Барои ҳалли он Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ то саршавии деҳа ба масофаи 5,2 километр лӯлаи обгузар насб ва барои захираи об ду ҳавз бунёд кардааст. Кашидани хати оби дохилихоҷагиро бошад, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба зимма дорад. Мутаассифона, то имрӯз 2500 метр лӯлаи полиэтилении қутраш 110 мм ва дигар маводи сохтмонӣ дастрас шуда бошад ҳам, лӯлаҳо ҳамагӣ ба масофаи 1500 метр хобонда шудаанду халос.
Вазорати нақлиёт, ки тибқи қарор бояд роҳи деҳаро то шоҳроҳи Душанбе – Лахш – сарҳади Қирғизистон асфалтпӯшу чароғон мекард, ҳамагӣ 4 километри онро бо паҳноии 6 метр сангфарш намудааст. Аз роҳҳои дохилихоҷагӣ, ки бояд пурра мумфарш мешуданд, танҳо 3 километр тахту ҳамвор ва 1,5 километр сангфарш шудааст.
P.S.
Соли 2016 низ шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷиргатол (ҳоло Лахш) дар мавриди кашидани хати обу бунёди роҳ ба “Ҷумҳурият” ҳамин рақамҳоро пешниҳод карда буд. Яъне, то ин вақт аз ҷониби КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Вазорати нақлиёт коре анҷом дода нашудааст. Умедворем, зери таваҷҷуҳи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мушкили чоргулиён дар ояндаи наздик ҳалли худро меёбад. Бо назардошти муҳимият “Ҷумҳурият” мавзӯъро пайгирӣ хоҳад кард.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.03.2021 №: 44 Мутолиа карданд: 658