фарҳанг
ДАВЛАТДОРӢ. ВАҚТЕ ҲУКУМАТ БА НЕРУИ ЗАН-МОДАР ТАКЯ МЕКУНАД...
Модар – Ватан, ин ду вожаи басо муқаддас ва қимату арзишманд ба ҳам тавъаманд. Зан-Модар чароғи фурӯзонеро мемонад, ки зиндагиро гармӣ ва нуру зиё мебахшад. Аз ин рӯ, бахту нишоти ҳар оила аз мавҷудияти Зан-Модар аст. Зан –Модар аст, ки шири сафедаш коми моро ширин месозаду ба рӯямон дари бахту саодатро мекушояд, дасти дуояш роҳи моро барои ба қуллаи мақсуд расидан равшану мунаввар мегардонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари соҳибистиқлол гаштани давлатамон, аз қадамҳои нахустини фаъолияташон ба ҳайси Роҳбари давлат, қатъи назар аз мушкилиҳои пурпечутоби сиёсию иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими давлатӣ, ҷиҳати таъмини мавқеи устувори Зан-Модар дар ҷомеаи навин барои фаъолияти васеи бонувони кишвар дар соҳаҳои мухталиф шароити мусоид фароҳам оварданд.
Имрӯз зани тоҷик чун узви комилҳуқуқи ҷомеа, баробари мардон дар ҳаёти сиёсии мамлакат иштироки фаъолона дорад. Баланд гардидани нақш ва мақоми зан дар оила ва ҷомеа имкон медиҳад, ки иҷтимоиёт ба манфиати миллат бо низом пеш равад.
Ҳамаи модарони тоҷик ба Сарвари адолатпешаву меҳрубони хеш он қадар муҳаббат доранд, ки ҳамеша дуогӯи ӯянд. «Дидани нафаре, ки ин қадар сағиру кабир, бекасу кӯйро нон медиҳад, ҳазорон гурезаву беватанро соҳибватан кард, албатта, кори савобест»,- мегӯяд холаи Зуҳро зани одии кӯҳистонӣ, ки дар деҳаи Зиддеҳи ноҳияи Варзоб зиндагӣ мекунаду борҳо Сарвари давлат ҳангоми сафар ба вилояти Суғд сари роҳ бо ӯ ҳамсуҳбат гаштаву аз дасташ нону намак хӯрдааст. Сари ҳар қадам модарон дасти дуо мебардоранд: «Худовандо, Сарвари моро, соябони сари моро, дар паноҳат нигаҳ дор, умри дарозу бобаракатро насибаш гардон».
Бовару эътимоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувони кишвар аст, ки бонувону духтарони лаёқатмандро ба вазифаҳои роҳбарӣ пешбарӣ менамоянд. Ба шарофати ин, имрӯз садҳо нафар занону ҷавондухтарони соҳибистеъдоду болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва пурмасъули хизмати давлатӣ, фаъолияти пурсамар доранд.
Бо фараҳмандӣ ва рӯҳбаландӣ метавон гуфт, ки саодат ва хушбахтии бузурге насиби бонувони кишвар гашта, ки онҳо имрӯз дар ҳама самтҳо фаъолият намуда, дар пешрафт, тараққиёт ва боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани маҳбубамон саҳми арзишманд мегузоранд, рисолати худро дар назди Ватану миллати хеш сарбаландона иҷро менамоянд.
Аз ҷониби Президенти кишвар эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) барои бонувони ҳунарманд боз як иқдоми нек ва хайрхоҳона гардид. Ин ташаббус барои бо ҷои кор таъмин намудани занони ҳунарманди деҳот мусоидат намуд. Дар деҳот корхонаҳои хусусии ҳунармандӣ, аз қабили сехҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ, тарроҳӣ, заргарӣ, қаннодӣ ва ғайра, таъсис ёфтанд, инчунин, ҷавондухтарон ба омӯхтану аз худ кардани касбу ҳунар ҷалб гардиданд.
Орзуи ягонаи бонувони тоҷик ин зиндагии шоиставу ҳаёти ширин, сулҳу субот, амнияту оромии кишвар мебошад, ки, хушбахтона, бо азму талоши Президенти азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид ва имрӯз бонувони мо ба мақсадҳои наҷиби хеш шарафёб гардиданд. Аз он ҳама тадбирҳо ва иқдомҳои неке, ки Президенти кишварамон нисбат ба бонувон роҳандозӣ намуданд, ҳадаф як аст: боз ҳам бештар ҷалб кардани бонувон ба фаъолияти ҳамешагӣ дар ҳамаи самту соҳаҳои давлатдорӣ.
Пешвои миллат зимни ироаи Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ масъулияти баланди онҳоро дар зинаҳои роҳбарӣ таъкид намуда, иброз доштанд: «Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад».
Аз ин рӯ, дар ҷавоб ба ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат мо – бонувон бояд соҳибмаърифату эҷодкор ва номбардору ифтихори Ватану миллати хеш бошем ва дар рушду равнақи мамлакат саҳми бештар гузорем.
Санавбар РАҶАБОВА,
рӯзноманигор,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.03.2021 №: 44 Мутолиа карданд: 682