иҷтимоиёт
ҶОМЕА. МАОРИФ ОЯНДАСОЗ АСТ
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ чун ҳамеша ба соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи махсус намуда, таъкид карданд: “Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд”.
Таъкид шуд, ки аз соли 1991 то имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нави нишаст сохта, ба истифода дода шуд. Албатта, ин нисбат ба солҳои гузашта хеле зиёд буда, шароити созгори таълиму тарбия сол ба сол муҳайё мегардад.
Дар замони муосир баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҷойи аввал меистад. Бо ин мақсад, Пешвои миллат изҳор доштанд: “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем”.
Дуруст аст, ки кори таълиму тарбия, сифати таълим бе ғамхории ҳаматарафаи Ҳукумат, аҳли ҷомеа, омӯзгорон, волидон ба даст намеояд. Бо ин мақсад, ҳавасмандии хонандагон, омӯзгорон ва волидон хеле муҳим аст.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат супориш доданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худи онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардондани омӯзгорон ва падару модари онҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Ҳарчанд то имрӯз аксарият аз сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён ва аз китобхонӣ дур мондани онҳо изҳори нигаронӣ мекарданд, роҳандозии озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” дар ду соли охир ин гуфтаҳоро бепоя ва ҳақиқати ҳолро бозгӯ намуд. Тавре мушоҳида мешавад рӯз ба рӯз сафи китобхонҳо меафзояд. Сарвари давлат ҳамаи инро ба назар гирифта, дастур доданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола Озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Илм - фурӯғи маърифат” низ гузаронда шавад.
Аз ин ба баъд, тибқи дастури Пешвои миллат озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Илм - фурӯғи маърифат” ҳар сол баргузор мегарданд. Дар амалӣ гардидани ҳадафҳои ниҳоии ин озмунҳо нақши асосиро ҳавасмандии довталабон, омӯзгорон, падару модарон мебозанд ва бесабаб нест, ки ҳавасмандии ин қишр низ дар Паём садо дод.
Нуриддин БОЗОРЗОДА,
устоди ДМТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.03.2021 №: 44 Мутолиа карданд: 485