logo

иҷтимоиёт

БО ҚУДРАТИ СУХАН ДАР ХИЗМАТИ ВАТАН

Дафтари зиндагиро варақ мезанам, хотираҳо ба ҷилва меоянд, ҳеҷ бовар намекунам, ки умр зуд мегузарад. Соли 1978 хонандаи синфи якум будему дар майдончаи назди мактаб карнайи радио насб карданд. Барои мо - наврасон радио ҳама чиз буд: василаи ахбор,  дилхушӣ, тафреҳ, донишу маърифат ва ғайра. Дар баробари барномаҳо ба овозҳои наттоқон мутаваҷҷеҳ мешудем. Масалан, барномаи «Хоби ширин, хурдтаракон» бо садои Ҳалима Насибулина писанди мо буд. Барномаҳои «Ахбор» ва сиёсӣ бо садоҳои дорои савтиёти баланду қавӣ қироат мешуданд. Ин тақозои идеологияи давр буд. Аз байни ин овозҳо садои марғуладору нишонраси гӯяндае таваҷҷуҳи шунавандаро ба худ ҷалб мекард, ки дар охири барнома Абдурашид Хӯҷамқулов муаррифӣ мегардид.
Баъди солҳои 80-уми қарни ХХ аксари барномаҳои радио-хабарӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву адабӣ ва сарахбори радиои «Тоҷикистон» (6:00 то 6:05) ва анҷоми барномаҳои радиои «Тоҷикистон» (23:55-00:00) ҳамарӯза бо ин овоз садо медоданд. Мо ва насли мо бо ин овоз калон шуд, камол ёфт, ба воя расид. Ин овоз муҳаббатро дар дили мо барафрӯхт, зеро дар он ҳама чиз буд; хислатҳои неки инсонӣ, ҷавонмардӣ, фурӯтанӣ, садоқат ба падару модар, васфи диёри маҳбуб, ҷоннисорӣ баҳри ёру диёр… Дидани симои чунин гӯяндаи номдор баҳрамон орзуву омол буд. Соҳиби чунин овоз дар андешаи мо инсони бовиқори ҷиддии болоназар тасаввур мешуд.
Баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чанд нафарро барои кор ба радио ва телевизион сафарбар карданд. Аз рӯйи тақсимот маро ба радио фиристоданд. Моҳи августи соли 1994 дар даҳлези ошёнаи панҷуми Хонаи радио тасодуфан ин садои шинос ба гӯшам расид. Дар курта намеғунҷидам, чунки  шахсеро, ки дар орзуи дидораш будам, инак,  аз наздик медидам ва ин бароям шарафи бузург ба ҳисоб меомад. Дарҳол бо тамоми вуҷуд дари ҳуҷраи корро кушода, ба соҳиби овоз зеҳн мондам: шахси хароби хушсимои кушодачеҳраи гандумгуни миёнақади дорои мӯйҳои мошубиринҷ бо корманде муаддабона суҳбати гарме дошт. Баъди анҷоми суҳбат бо кормандони идораи мо, ки «Фурӯғи Ориёно» ном дошт, самимона ҳолпурсӣ намуд. Тасаввури ман дар бораи назарбаланду бовиқор будани номбурда, билкулл хато баромад. Пасон, дар ҷаласаву студияҳо ҳамдигарро зуд-зуд медидем ва аз файзи суҳбатҳои пурмуҳтавои Абдурашид судҳо ва баҳраҳо мебардоштем.
Соли 2000-ум Абдурашид Хӯҷамқуловро директори радиои «Тоҷикистон» таъйин намуданд. 
Маҳз дар давраи роҳбарии Абдурашид Хӯҷамқулов радио ва шабакаҳои он комилан ҷанбаи миллӣ пайдо намуданд, барномаҳои бунёдии «Афкор», «Набзи парлумон», «Ҳукумат», «Паёми рӯз», «Арзи дил» ва даҳҳо барномаву гуфторҳо муштариёни худро ёфтанд, шабакаҳои радиоӣ ҳампои ҷомеа шуданд. 
Имрӯз ҳам барандагии ҷашнҳои умумимиллӣ, чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки садои устод Абдурашид Хӯҷамқулов ба сифати садои дили сокинони Тоҷикистон эътироф шудааст. Бо ин овоз садҳо гузоришҳои мустақими радио ва телевизион, маросими ифтитоҳи чорабиниҳои бузурги сиёсиву фарҳангӣ, ҷашну гузаштҳои низомӣ, филмҳои телевизионӣ, намоишномаҳои радиоӣ тадвин шудаанд. Суханварони зиёдеро медонем, ки бо вуҷуди соҳибмақом ва соҳибтаҷриба будан натавонистанд, ки мактаби вижаи худро ташкил намоянд. Абдурашид Хӯҷамқулов (ҳоло Ализода) аз ҳисоби ҷавонони фаъолу худшинос ва ҷӯяндаву тозакор бо ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон насли нави наттоқон ва гӯяндагонро рӯйи кор овард, нозукиҳои санъати суханвариро ба онҳо ёд дод ва ба ин васила мактаби ҳунарии худро бунёд гузошт. Абдурашид Ализода ҳам дар муаррифии худ ва ҳам мактаби ҳунарии худ муваффақ гардидааст.
Тарғиби сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таблиғи дастовардҳои истиқлол, ташвиқи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, рушд ва ҳифзи забони миллӣ аз хатарҳои ҷаҳонишавӣ аз самтҳои мубрами кори Абдурашид Ализода аст. Ба андешаи ин ҷониб, ин бо ду роҳ амалӣ мегардад. Аввалан, тавассути қироати барномаву намоишҳои марбут ба ин мавзӯъҳо. Барномаҳои зиёди радиоӣ ва намоишҳои телевизиониро метавон мисол овард, ки бо овози Абдурашид Ализода таҳия гардида, барои дар рӯҳияи солим тарбия намудани насли нави ҷавони шоистаи даврони истиқлол ёрмандӣ мекунанд. Дувум, қироати асарҳои арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амсоли «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои истиқлол», «Забони миллат-ҳастии миллат». Бояд гуфт, ки қироати чунин асарҳо кори осон нест, буррову бехато қироат намудани матн, гузоштани задаҳои мантиқӣ, риояи таваққуф, нишонрасу ҳадафманд расондани мазмуни матн, барҷаста ифода намудани лаҳзаҳои характерноки воқеаву ҳодисаҳо, вобаста ба матн тағйири савтиёти овоз на ба ҳар гӯяндаи таҷрибадор даст медиҳад. Аммо Абдурашид Ализода, ки дар қироати публитсистикаи сиёсиву таърихӣ таҷриба андӯхтааст, ин корро бо камоли масъулият анҷом дода, тавфиқ ёфтааст. Масалан, зимни хондани қисмати дуюми китоби Пешвои миллат «Забони миллат - ҳастии миллат» (2016, 62 гуфтори 30 - дақиқагӣ) муроҷиати муаллифи китоб ба мухотабон бо оҳанги нарму ба шакли нутқ ифода ёфтааст, амсоли «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оини осори ниёконам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиямро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям» (саҳ.6). 
Дар ин нигошта ҳувияти миллӣ, ифтихор аз тоҷик будан, нақши тоҷикон ва осори онҳо дар ривоҷи адабиёт, илм ва ҳунару фарҳанг бо ифтихор бозгӯ мегардад ва ба фикри мо, маҳз донистани махсусияти жанрҳои радио ва телевизионӣ ба Абдурашид Ализода имкон додааст, ки зимни қироат садоро бо қолабҳои жанрӣ ҳамоҳанг сохта, тавассути таъкидҳои бамаврид, кашишҳои овозӣ ва возеҳу равшан талаффуз кардани мисолҳо нақши муаллифи китобро дар бораи забон барҷаста ифода, эҳсоси мухотабонро нисбат ба шоҳасари Пешвои миллат ва рағбати онҳоро барои ҳифзи забони миллӣ бедор намояд. 
Қироати «Хониши адабӣ» аз рӯйи шоҳасари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» бо садои Абдурашид Ализода 4 - уми июни  соли 2018 оғоз ва 21 - уми августи соли 2018 дар 58 гуфтори 30 - дақиқагӣ анҷом ёфтааст. Ин асари пурарзиш диловариву матонати бемисли 25 чеҳраи таърихӣ, бавижа, корномаи қаҳрамонони шуҷоъ, шахсиятҳои сиёсии ғаюр, чеҳраҳои адабу фарҳангиро, амсоли Куруши Кабир, Спитамен, Зардушт, Монӣ, Маздак, Муҳаммад (с), Имоми Аъзам, Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Туғрал, Айнӣ ва қаҳрамонони таърихи муосири Тоҷикистонро бо эҳсоси баланди тоҷикона бозгӯ менамояд. Забони асар равону шево буда, ҳар мақола бо мазмуни бикр ва фактҳои тозаи таърихӣ  асоснок шудааст. Дар хотимаи мақолаҳо гармтарину самимитарин суханҳо дар бораи ҳар як чеҳра баён мегардад. Хусусияти фарқкунандаи китоб ин аст, ки дар баробари ҷалби таваҷҷуҳи хонанда ба мутолиа, ҳамзамон, қироатгарро водор кардааст, ки онро самимона, ифтихоромез, бо эҳсосоту эҳтиросоти қалбӣ ва ҳиссиёти баланд хонад.
Самимияти матн ва ҳамҷӯрии қироати он бо оҳанги қавии публитсистиро зимни хониши асари дигари Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ба мушоҳида мегирем. Чунин усули хониш ба ҳар шунаванда, инсоне, ки дар вуҷудаш як қатра хуни тоҷикӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дорад, таъсири амиқи эмотсионалӣ мерасонад, моро ба гиромидошти арзишҳои миллӣ, парастиши дастовардҳои миллӣ водор менамояд. Ҳангоми қироати лаҳзаҳои мудҳиши таърихӣ, қатлу куштор, бераҳмона уқубат кардани қаҳрамонон ва шахсиятҳои миллӣ гоҳо овози наттоқ оҳанги ҳузномез мегирад, ларзиши овоз бо мақсади таъсирбахш баён кардани ҳодиса ба миён меояд, зеро гӯянда низ инсон аст, шояд аз баёни чунин тасвирҳо шабҳо бедорхобӣ ва азияти равонӣ кашад, бо худ печад, дарун-дарун сӯзад, зеро чунин лаҳзаҳои таъсирноку ҳузнангез ва саҳнаҳои риққатборро наметавонад хушку берӯҳ баён намояд. Аз ҷониби дигар, самимияти матни бо овоз ҷӯргардида ҳамвора моро ҳушдор медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ бадхоҳони миллати тоҷик, чи дар гузашта ва чи имрӯза дар андешаи рушду нумӯ ва мавқеи сазовор касб намудани дастовардҳои миллии мо нестанд. Моро зарур аст, ки ҳадафмандона, ҳушмандона, ҷавонмардона, шуҷоатмандона бар рағми онҳо пайкор намоем, соҳиби аслии фарҳанги оламшумули башарӣ, вориси фарзонафарзандони ориёӣ будани худро ҳамаҷониба нишон диҳем. Ин сабақи таърихӣ бояд дастури кори ҳамагон бошад. 
Абдурашид Ализода аз хониши асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вижагиҳои тарғиботии услуби публитсистиро мадди назар қарор медиҳад. Зеро хусусияти тарғиботии услуби публитсистӣ, аз ҷумла рӯзномаю маҷалла, радио ва телевизион, тақозо дорад, ки дар он воситаҳои муассири сухан - маҷоз, тавсиф, ташбеҳ, ташхис фаровон истифода шаванд. Аз ин рӯ, дар ин услуби нутқ воситаҳои ақлӣ (интеллектуалӣ) ва бадеӣ (эҳсосӣ) якҷоя воқеъ мегарданд. Нишонаҳои асосӣ ва муайянкунандаи маводи публитсистӣ муроҷиат ба ҷомеа, муҳимияти мавзӯъ,  дарки масъалаҳои мушаххас ва ҳодисаҳои гирду атроф  мебошанд.  
Дар бойгонии телевизиони «Тоҷикистон» намоиш ва филмҳои мустанади «Хазина» (дар бораи Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов), «Имоми Аъзам ва ҳувияти таърихӣ», «Ёдбуд» (ба ифтихори 90 - солагии Боқӣ Раҳимзода), «Умри барқ» (аз фаъолияти шодравон Ғоиб Сафарзода),  «Ахтари беғуруб» (оид ба фаъолияти эҷодии Абдуҷалил Ҳошимов), «Мақоми наво» (арҷгузорӣ  ба «Шашмақом»),  «Достони нур» (дар мавриди бунёди "Роғун") ва даҳҳо намоишу барномаҳое маҳфузанд, ки бо садои суханвари варзида Абдурашид Ализода тадвин гардидаанд.
Наттоқи хушилҳон ва суханвари хушбаён Абдурашид Ализода бо дарки вазъи имрӯзаи замон нисбат ба худ ва касби хеш серталаб ва ҷиддист. Ин ҷиддият дар қудрати каломи вай зуҳур меёбад. Бале, умре бо қудрати сухан дар хизмати Ватан будан мояи ифтихор ва шодмонии ӯст. Аз он менозад, ки қудрати ин садои худододро барои ободии  ин марзу бум, пойдории сулҳу субот, ҳамбастагии миллат, таҳкими рукнҳои муҳимтарини ҳокимият ва тарғиби корномаи ашхоси номдори ҷамъият сафарбар намудааст. Агар хизматҳои ӯро хулоса намоем, ба таври фишурда бо итминон метавон натиҷа бардошт, ки ӯ бо сухан суннатҳои миллии фаромӯшшудаи моро аз нав эҳё кард, абармардони майдони сиёсиву фарҳангиро бори дигар бо мо ошно намуд, бо қудрати калом дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро тарғиб намуд, бо неруи садо барои пойдории сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи музаффариятҳои афроди сарсупурдаи миллат, ки ҷузъи ҷудонопазири сиёсати Пешвои миллат мебошанд, собитқадамона ҷадал намуд. Дар ин маврид ҳақ бар ҷониби узви вобастаи АМИТ С. Ятимов аст, ки чунин менигорад: «Дар замони истиқлол нақши Абдурашид Ализода ҳамчун давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳои мактаби суханварони классикии асри ХХ радио ва телевизиони тоҷик баръало намудор аст… Абдурашид Хӯҷамқулов дар қироати асари безаволи Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» санъати волои суханварӣ, дарки ботинии ҳақиқати таърихӣ ва тавассути калом неруи тавонои дар дили шунаванда бедор кардани ҳиссиёти хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро нишон додааст». Ба фикри мо, муҳимтарин нукта ин аст, ки ӯ бо овози хушу гуворо, марғубу маҳфилоро ва ҷолибу дилоро муҷассамаи сухан офарид, ки дар он ҳофизаи таърихии миллати мо таҷассум ёфтааст. Ҳофизаи таърихӣ бардошти ҷамъӣ ва куллии ҷомеа аз гузашта, ёдоварии корҳои муҳим дар таърихи миллатҳост, ки метавонад нақши умда дар суботи ҷомеаву ваҳдати миллӣ дошта бошад. Ҳофизаи таърихӣ боиси фахру ғурури як миллат аз гузаштаи пурифтихори худ мегардад. Муҳтавои аслии муаллифи мақолаи «Нақди сухан» низ ҳифзи забони миллӣ ва муҳофизони ин ҳофизаи таърихӣ аз хатарҳои фаромиллӣ ва раванду таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ дар замони муосир аст. «Дар ин ҷода, шеваи гуфтору баёни Абдурашид Хӯҷамқулов ҳамчун суханвар, аз намунаҳои беҳтарини тарзи истифодаи касбии қиматтарин ганҷинаи миллӣ - забони давлатӣ мебошад» (С. Ятимов. "Нақди сухан" //Ҷумҳурият, 13 ноябри соли 2020). Пас, месазад, ки барои чунин шахсиятҳои камназири таърихӣ ва муҳофизони ҳофизаи таърихии миллӣ  филмҳои мустанад офарем, асарҳо иншо кунем. 
Ба назари мо, бо ин мақсад, зарурияти таъсиси Маркази миллии нигоҳдошт, омӯзиш ва тарғиби ҳофизаи таърихӣ иқдоми саривақтӣ ва кори хайр аст. Маркази мазкур аз рӯи тобеият бояд дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал ва чеҳраҳои саршиноси тамоми соҳаҳоро  муттаҳид намояд. Гирдоварии дастхатҳо, китобҳо, расму мусаввараҳо ва ҳар чи ба мероси маънавии бузургонамон оид аст, аз як тараф, таҳияи филмҳои мустанад, гуфторҳову намоишҳои радиоӣ ва телевизионӣ, маводи чандрасонаӣ, феҳристи осори онҳо, аз ҷониби дигар, тарғиби ин осор дар шабакаҳои интернет, тарҷимаи осор, филму барномаҳо дар бораи фарзонафарзандони миллат, таблиғи сарватҳои табиӣ, маконҳои сайёҳӣ, иншооти бузурги энергетикии Тоҷикистон бо забонҳои хориҷӣ бояд аз самтҳои умдаи ин ниҳод бошад. Масалан, метавон дар бораи ҳар як қаҳрамони асари Пешвои миллат «Чеҳраҳои мондагор» як филми мустанад офарид, онҳоро бо забонҳои гуногун тарҷума намуда, тавассути ширкатҳои бузурги телевизионии фаромиллӣ ба намоиш гузошт ё ки аз рӯи мазмуни матни ин шоҳасар метавон намунаи пайкара ва чеҳраи таърихии қаҳрамонон ва бузургмардони миллатро офарид. Чаро натавонем дар мавриди корномаи ходимони сиёсӣ, ҷамъиятӣ, аҳли илму адаб ва суханвароне, ки дар қайди ҳаётанд, чунин иқдомро анҷом диҳем? Бо ин роҳ ҳам хотираи таърихии миллиро ҳифз ва ҳам онро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоем. Агар ин корро имрӯз накунем, фардо дер хоҳад шуд. 
Кулбори андешаҳоямро меғундорам: бастаи хотироти рӯзгорам лабрез аз лаҳзаҳои фараҳбахшанд. Шамоли умр мевазад, китоби зиндагӣ сафҳагардон мешавад, варақи тоза боз мегардад, ки ҳанӯз сиёҳ ё зард нашудааст, барои ман ва қаҳрамони нигоштаи ман ҳаёти нав оғоз мегардад. Ҳаёте, ки лабрези сапедиҳост…  
 
Саидмуроди ХОҶАЗОД,
доктори илми филология, профессор, академики Академияи 
илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2021    №: 44    Мутолиа карданд: 595
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед