иҷтимоиёт
ВАТАН. ВАҚТЕ ФАРЗАНДОНИ ШУҶОЪ СИНА СИПАР МЕКУНАНД...
Чанде пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» (2 феврали соли 2021) аз нав қабул гардида, матни пурраи он дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» интишор ёфт. Қонун муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Агар бо матни нави қонуни мазкур ошно шавем, маълум мешавад, ки он барои ҳавасмандии бештари шаҳрвандони ба синни хизмати ҳарбӣ расида ва раванди дурусти дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии миёнаву касбӣ ва мактабҳои олӣ нигарондашуда, ҳифзи ҳадаф ва арзишҳои олии давлатдориро мақсади худ қарор додааст.
Ба ҷуз аз қонун, аксари афсарону родмардон, ки дар хизмати ҳарбӣ замоне будаанд, изҳор медоранд, ки хизмати аскарӣ барои ҳар як ҷавон мактаби зиндагист. Чунки ин марҳила ба онҳо сабақи ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва обутоби ҷисмониву рӯҳиро меомӯзонад.
Ҳоло вазифаи ҷонии мо – омӯзгорон аст, ки бо падару модарон ҳамсуҳбат шуда, барои дар рӯҳияи садоқат, вафодорӣ ва ватандӯстӣ тарбия кардани фарзандон ба онҳо маслиҳатҳо диҳем, қонуни азнавқабулшударо шарҳу тафсир намуда, дар дарсҳои тарбиявӣ ба таври васеъ истифода барем.
Хабар дорем, ки шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии сарбозон сол ба сол беҳтар шуда истодааст. Барои таъмини сарбозон бо маҳсулоти ғизоӣ аксари қисмҳои низомӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ доранд.
Барои тарбияи маънавии сарбозон ҳам шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бахусус, ифтитоҳи китобхонаю осорхона аз бахшҳои муҳими тарбияи ватандӯстии ҷавонон мебошад. Осорхонаҳои қисмҳои ҳарбиро тасвирҳо аз воқеаҳои таърихӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони шуҷои Ватан оро медиҳанд.
Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе барои мутолиаи китоб вақт ҷудо карда мешавад. Толори хониш бо аксу тасвирҳои адибони классик ва муосир ва чанд намуна аз овезаҳои ашъори ҷовидонаи онҳо оро ёфтааст. Ҳуҷраи компютерӣ низ дари худро ба рӯи сарбозон боз кардааст. Истифода аз технологияи муосир ба сарбозон имкон медиҳад, ки аз ҳаводиси ҷаҳон огоҳ бошанд ва нозукиҳои ҳарбу зарбро ҳамаҷиҳата омӯзанд.
Лолабегим ИСОБОЕВА,
омӯзгори МТМУ № 89, ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.03.2021 №: 44 Мутолиа карданд: 563