иҷтимоиёт
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. КОР БЕ МУШКИЛӢ НАМЕШАВАД
Занбӯриасалпарварӣ яке аз бахшҳои сердаромади хоҷагии халқ ба ҳисоб рафта, иқлими Тоҷикистон барои рушди ин соҳа мутобиқ аст. Дар доманакӯҳҳо барои зимистонгузаронии занбӯри асал моҳҳои август - сентябр ва дар минтақаҳое, ки релйефаш ҳамвор аст, моҳҳои сентябр - октябр корҳои омодагӣ дида мешавад. Таҷрибаи кам ва технологияи нодурусти нигоҳубин ба талафи ҷиддии шумораи занбӯрони асал меорад, ки ин боиси дар фасли баҳор суст инкишоф ёфтани занбӯрон ва камшавии ҳосил мегардад. Барои нигоҳубини дуруст ва самарабахши занбӯри асал дар фасли зимистон бо Абдурашид Шарифов, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, суҳбат кардем.
Ба андешаи ӯ, агар бо технологияи дурусти нигоҳубин занбӯри асалро аз зимистон гузаронем, пас дар фасли баҳор фаъолияти хуб нишон дода метавонад. Бинобар ин, то омадани сардиҳо аз занбӯрпарварон талаб карда мешавад, ки барои беталаф гузарондани зимистон, оилаҳои занбӯри асали ҷавонро омода созанд. Ҳангоми зимистонгузаронӣ вазни занбӯрони солим зиёд мегардад. Дар организми онҳо моддаҳои зиёди нитрогенӣ, равған ва гликоген пайдо гардида, бофтаҳои пӯст дар хунукӣ пуртоқат мешаванд. Дар зимистон бинобар зиёд будани боришот ва баланд гардидани сатҳи намнокӣ ба қуттиҳои занбӯри асал таъсир расонда, хӯроки онҳоро вайрон месозад. Истеъмоли ин гуна ғизо барои занбӯр хавфи зиёд дошта, ба бемории дарунравӣ, яъне нозематоз гирифтор мекунад, ки дар натиҷа ба нобудшавии онҳо оварда мерасонад. Занбӯриасалпарварон ҳангоми омодагӣ ба зимистонгузаронӣ бояд эътибори ҷиддӣ дода, қуттиҳои занбӯрро хуб маҳкам кунанд. Қуттиҳо бояд аз таъсири намнокӣ ва зарари ҳайвонҳои хоянда эмин нигоҳ дошта шаванд.
Зимистон барои парвариши занбӯри асал мавсими муҳим ба ҳисоб рафта, фаъолияти ояндаи занбӯр ва ҳосили он ба ин мавсим вобастагӣ дорад. Абдурашид Шарифов ин нуктаро муҳим арзёбӣ намуда, чунин гуфт: «Кам гузоштани хӯроки занбӯри асал низ метавонад омили талафёбӣ гардад. Занбӯри асал бо истеъмоли ғизо ба воситаи соиши мушакҳои қафаси сина аз худ гармӣ ихроҷ менамояд, ки ҳароратро дар қуттӣ муътадил нигоҳ дорад. Ҳангоми дар қуттии занбӯр тамом шудани асал занбӯрпарвар метавонад, кандуи асалдор гузорад. Ин метавонад, то омадани баҳор занбӯронро бо хӯроку гармӣ таъмин кунад».
Дар кишвари мо фасли зимистон аз 3,5 то 4 моҳ тӯл мекашад. Барои хӯроки як оилаи занбӯри асал аз 8 то 12 килограмм асал кифоя аст. Занбӯрпарвароне ҳастанд, ки барои зимистонгузаронӣ дар қуттии онҳо ба миқдори кам асал мегузоранд ва ё ба ҷои асал қандоб мемонанд, ки ин хатои ҷиддӣ мебошад. Зеро истеъмоли зиёди қандоб фаъолияти ҷисмонии занбӯри асалро бедор карда, занбӯре, ки ба зимистонгузаронӣ омода аст, аз нав ба коркарди хӯрока маҷбур месозад. Ин ба пиршавии занбӯр меоварад, ки натиҷаи он дар фасли баҳор боиси тараққиёти сусти оилаи занбӯри асал мегардад.
Дар минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон барвақт омадани баҳор ва гармшавии ҳаво боиси гул кардани гулҳои баҳорӣ мегардад, ки аз миёнаҳои моҳи феврал занбӯри асал корро оғоз карда, ба ҷамъоварии гарди гул машғул мешавад. Истифода аз гардолудкунии боғоту рустаниҳои зироатӣ ба воситаи занбӯри асал метавонад, ҳосилнокии баландро кафолат диҳад. Ин амал ҳам ба боғдорон ва ҳам ба асалпарварон фоидаи хуб медиҳад. Самараи шифобахшии асали истеҳсолшудаи гарди гули гиёҳҳои гуногуни кӯҳии Тоҷикистон хеле зиёд буда, барои табобати беморон низ фоидаи калон дорад.
Бо гузашти вақт ва рушди иқтисо-диёти ҷаҳон, истеҳсоли маҳсулоти ғизоии аз ҷиҳати табиӣ тоза талаботи зиёд дошта, занбӯриасалпарваронро водор месозад, ки барои беҳтар намудани сифат ва зиёд кардани истеҳсоли ин ғизои бебаҳо кӯшиш намоянд. Таъмини бозорҳои дохиливу хориҷӣ бо асали тозаи шифобахш ба меҳнати софдилонаи занбӯриасалпаварони соҳибтаҷриба вобастагӣ дорад, ки тайи солҳои охир соҳаи занбӯриасалпарвариро рушд дода, ба натиҷаҳои хуб расида истодаанд.
Эҳсон МУРОД, коромӯз
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.03.2021 №: 44 Мутолиа карданд: 619