logo

сиёсат

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАИСИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

1 март  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо ҷашни гузаштаи Баҳор ва оғози соли нав – иди анъанавии мардуми Чин  самимона табрик намуда, ба ӯ саломатӣ, хушбахтӣ, сарбаландӣ, муваффақиятҳои нав дар кори роҳбарӣ ва ба мардуми дӯсти Чин сулҳу суботу шукуфоӣ орзу карданд.
Роҳбари давлати мо муваффақиятҳои азими Чинро дар бисёр соҳаҳои ҳаёт ва мустаҳкам сохтани эътибори он дар арсаи байналмилалӣ дар даҳсолаҳои ахир зикр намуданд. Ҳамзамон, Пешвои миллат ба дастовардҳои кишвари ҳамсоя дар самти рафъи камбизоатӣ диққати махсус дода, муҳтарам Си Ҷинпин ва мардуми Чинро бо муваффақиятҳои азимашон дар ин самт табрику таҳният гуфтанд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо самтҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии  Тоҷикистон ва Чин   мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар зимн,  масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла дар арсаҳои иқтисод ва тиҷорати рақамӣ, нақлиёт, соҳаи кишоварзӣ, инчунин, қадамҳои минбаъдаи муштарак дар ин самт ва бо мақсади коҳиш додани шиддати таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки дар натиҷаи пандемияи COVID – 19 ба вуҷуд омадааст, матраҳ шуданд.
Сарвари давлат муваффақиятҳои Чинро дар мубориза бо эпидемияи коронавирус зикр карда, ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин миннатдории ҷониби Тоҷикистонро барои кумак ва дастгирӣ дар рафъи оқибатҳои пандемия, аз ҷумла омодагии Ҳукумати Чин барои ба Тоҷикистон ройгон додани  ваксинаи зиддивирусии истеҳсоли Чин иброз доштанд.
Ҷонибҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи вазъи вобаста ба пандемияи коронавирус дар ду кишвар дар маҷрои муътадилгардонии устувори он изҳори умед намуданд.   
Сарварони  давлатҳо ҷонибдории худро аз рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Чин ва омодагии тарафҳоро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои   судманд дар соҳаи амният изҳор доштанд.
Дар заминаи баррасии равобити бисёрҷониба ба раёсати феълии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва саммити ҷашнии созмон, ки қарор аст, соли равон дар Душанбе баргузор шавад, таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Роҳбарони ду давлат бо изҳори қаноатмандӣ ҳамкории кишварҳои худро дар доираи дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, пеш аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), таъкид сохтанд.
Зимни  суҳбат оид  ба дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи пурсамари афкор сурат гирифт.
Бо истифода аз фурсат, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин табрикоти  самимии худро ба мардуми Тоҷикистон ба муносибати Ҷашни Наврӯзи байналмилалии дарпешистода изҳор намуд.
Дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо бори дигар тасмими худро оид ба пешбурди минбаъдаи муштараки рушди тамоми самтҳои муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимоди тарафайн таъйид карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2021    №: 45    Мутолиа карданд: 934
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед