сиёсат
ПАЁМ. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВСЕА МЕЁБАД
Паём ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамое дар баробари дигар соҳаҳо мавқеи занонро низ дар ҷомеа боло бурд, ки Пешвои миллат ба ин масъала аз нигоҳи таҳлил баҳо доданд. Бояд гуфт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ҷиҳати таҳияву татбиқи як силсила санадҳои муҳими марбут ба беҳбудии вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии занону бонувон заминаи воқеӣ гузошт.
Мо шоҳидем, ки тайи даҳсолаи гузашта чӣ қадар занон ба арсаи илму сиёсат ва роҳбарӣ омаданд ва аз ин рӯст, ки имрӯз пешрафти ҷомеаро бе занон тасаввур намудан ғайриимкон гаштааст. Ин гувоҳи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ медиҳад. Чуноне Президенти маҳбуби кишвар зимни ин Паём таъкид доштанд: «Занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф 73 %, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 24%-ро ташкил медиҳанд. Дар соҳаи кишоварзӣ низ саҳми занону духтарон бисёр арзишманд мебошад. Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем».
Мавриди зикр аст, ки дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии мардону занон кафолат дода шуда, ҳанӯз 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои баробарҳуқуқии занон ва мардон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо» (соли 2005) ба тавсиб расида буданд, ки бонувонро ба ҷомеа пайвастанд.
Ҳамчунин, ҷиҳати фароҳам овардани шароити таҳсиломӯзии духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ соли 1997 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ба тариқи Квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо дохилшавии духтаронро муайян кард. Ин тадбир духтарони минтақаҳои дурдастро ба пойтахт овардаву қадами устуворе дар фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа шуд. Ҳоло қисми зиёди духтарони деҳот дорои маълумоти олианду дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият доранд.
Агар дар муқоиса ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ назар афканем, имрӯз соҳае нест, ки занон дар он кор накунанд. Танҳо овардани як мисол кифоя аст, то ба асли мақсад бирасем. Ҳангоми баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар толори Қасри Арбоб ҳамагӣ чанд бону буду халос. Имрӯз бошад, толорҳои ҳамоишҳои бонуфузро аксаран занони хушсалиқа пур мекунанд. Ғайр аз ин, дар гузаштҳои низомӣ низ бонувон иштироки фаъол доранд, ки боиси ифтихори мост. Дар баробари ин, бонувони мо аз минбарҳои баланд, аз ҷумла дар ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳид, ҳарф мезананд, дар хориҷи кишвар касб меомӯзанд ва бо ифтихори миллӣ дар Ватани азизу маҳбубамон хидмат ба ҷо меоранд.
Мавриди зикр аст, ки бо эълон гардидани соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ занони кишвар аз як қатор имкониятҳо бархӯрдор гардиданд. Онҳо ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ рӯ оварданд, ки ба ин васила рӯзгори худро пеш мебаранд ва иқтисоди оилавиашонро ғанӣ мегардонанд. Ҳоло дар бисёр маҳаллаҳои аҳолинишин дуконҳои адрасбофию атласбофӣ ва маҳфилҳои ҳунарҳои мардумӣ таъсис ёфтаанд, ки занон дар онҳо ҳам ба тиҷорат машғуланду ҳам ба ҳунаромӯзӣ. Ҳамаи ин дар заминаи сиёсати одилона ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мо – бонувон амалӣ мешавад. Дар навбати худ мо, занону бонувони кишвар, мекӯшем, ки баҳри тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ талош намуда, дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат саҳми арзанда гузорем.
Мумтоз САФАРОВА,
корманди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили
ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.03.2021 №: 45 Мутолиа карданд: 999