иҷтимоиёт
"MADE IN LAKHSH". ДАР БОРАИ ТРАКТОРЧАҲОИ ИСТЕҲСОЛИ ХУДӢ
Албатта, ғайриинтизор, вале боиси ифтихор аст, ки дар пайравӣ аз дастурҳои Пешвои миллат як гурӯҳ ҷавонони соҳибмалакаи ноҳияи Лахш бо роҳнамоии Файзулло Баротзода, раиси ноҳия, ба офаридани тракторҳои каммасрафу хурдҳаҷми барои заминҳои ҳавлӣ мувофиқ ташаббус пеш гирифтанд.
Ба гуфтаи Шумқор Бердиев, яке аз муаллифони чунин тракторҳо, дар заминҳои ҳавлӣ дарахтони меваю сояафкан зиёд буда, техникаҳои калонҳаҷми кишткунанда дар онҳо дуруст ҳаракат карда наметавонанд ва сокинон маҷбур мешаванд, ки ин заминҳоро бо даст нарм ва барои кишт омода созанд.
- Ҳоло трактори офаридаам ҳамагӣ 500 килограмм вазн дорад ва дар сари қаторҳои кишт бо осонӣ гардиш хӯрда, ҷӯйҳоро зер намекунад. Он бо муҳаррики насоси обпарто ба ҳаракат медарояд. Қувваи 10 - 12 аспро дошта, корҳои ҷуфт, шинондан, култиватсия, хоккаш ва ҷамъоварии ҳосилро иҷро мекунад, - гуфт Шумқор Бердиев.
Аз суҳбат бо номбурда маълум гардид, ки ӯ лавозимоти барои бастубанди тракторча зарурро аз боқимондаи мошинҳои куҳна ва дигареро аз бозор харида, ин воситаи муҳими киштгузарониро барои заминҳои ҳавлӣ дар зарфи ду моҳ офаридааст. Кори анҷомдодаи ӯ гувоҳи майлу рағбаташ ба дигаргуниҳои техникист, ки бо як таҷрибаи андак ба чунин дастоварди назаррас ноил шуд. Номбурда омӯзишгоҳи сохтмонии ноҳияи Тоҷикободро хатм карда, таҷрибаи техникиро аз устоҳои маҳаллӣ гирифтааст. Барои мукаммалу босифаттар офаридани тракторчаҳои навбатӣ малакаашро такмил додан мехоҳад. Аммо дар ноҳия маркази техникие, ки ба пешрафти кори чунин ҷавонони лаёқатдор мусоидат намояд, вуҷуд надорад.
- Вақте Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи босамари ҳар ваҷаб майдони кишт, бахусус заминҳои ҳавлӣ, ба мардуми шарифи кишвар муроҷиат намуданд, андешаи бо роҳи каммасраф ва осону самарабахш кишт кардани ин навъи заминҳо ба сарам омад. Ба хулоса омадам, ки мувофиқи заминҳои ҳавлӣ техникаи хурди ҳамакора бояд созам. Ҳамаи қоидаҳои ҷобаҷогузории қисмҳои тракторчаро аз шабакаи интернет дарёфта, омӯхтам. Сипас, бо кумаки дӯстонам оҳанпора ва қисмҳои эҳтиётиро аз ҳар ҷо ҷамъоварӣ намуда, аз рӯи қоидаҳо васлу насб намудам. Дар аввал мушкили дар сари кишт гардиш хӯрдани тракторча пеш омад. Баъд роҳи ҳалли ин масъаларо ҳам аз интернет ҷустуҷӯ карда ёфтам. Ҳоло трактор барои кишт омодааст. Ман таҷрибаи аввалини худро беҳтар кардан мехоҳам. Барои ин кор, пеш аз ҳама, шароиту муҳити корӣ лозим аст. Агар дар оянда имкон даст диҳад, тракторчаро мукаммалтару зеботар месозам. Ҳамчунин, ин таҷрибаро боз ба дигарон хубтар омӯзондан зарур аст, то тракторчаҳои замонавӣ бисёртар сохта шаванд. - изҳор намуд номбурда.
Муъмин Холиқов, аз муаллифони дигари тракторчаҳои кишткунанда дар ноҳия аст, ки, аллакай, техникаи офаридааш мавриди истифода мебошад. Тайи як соли ба майдони кишт ворид шудани ин техникаи навсохт муштариёни он ба садҳо нафар расидааст. Барои кишти 20 сотих замин ба воситаи ин техника 6 литр солярка сарф мегардад, вале кори чандрӯзаи дастиро ҳамагӣ давоми ду соат иҷро менамояд.
- Агарчи замини ҳавлӣ нисбат ба майдонҳои кишти саҳро даҳҳо маротиба кам аст, киштукор дар он хеле мушкил буда, вақти зиёдро мегирад. Ҳамчунин, бо даст шудгор кардани ин заминҳо сабаби камҳосилӣ хоҳад буд. Ба ин хотир, офаридани як техникаи хурди кишткунандаро зарур дониста, тарзи сохтани онро аз интернет омӯхтам. Тайи ҳамагӣ 3 моҳ ба хубӣ аз уҳдаи ин кор баромадам. Ҳоло он корҳоеро, ки солҳои пеш бо машаққати зиёд тариқи аспу хар ё дастӣ анҷом медодам, акнун дар як муддати кӯтоҳ тавассути тракторчаам анҷом медиҳам ва ҳам босифат, – изҳор дошт ӯ.
Ба бахти мардуми тоҷик имрӯзҳо қариб кулли хонаводаҳо соҳиби қитъаи замини ҳосилхези ҳавлист. Вале на дар ҳамаи онҳо кишту парвариши зироатҳо сурат мегирад. Агар дар як қисми ками заминҳои ҳавлӣ бо сабаби норасоии оби полизӣ зироатҳо кишт нашаванд, қисми дигар мутаассифона, ба иллати канораҷӯии соҳибонашон аз кори дастӣ солҳо боз бекор хобидаанд. Аллакай, дар ноҳияи Лахш бо офаридани техникаҳои хурд барои шудгори заминҳои ҳавлӣ дигар бекор нахоҳад монд. Ба ҳар ҷое, ки об мерасад, тракторчаҳои ҳамакора онҳоро самаровар менамоянд. Умед аст, ки ҷиҳати мукаммалтар ва зиёд намудани теъдоди ин гуна техникаҳои барои истифодаи оқилонаи заминҳои ҳавлӣ зарур, Ҳукумати кишвар мусоидат менамояд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.03.2021 №: 45 Мутолиа карданд: 801