logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОН АФСОНАРО БА ҲАҚИҚАТ ТАБДИЛ ДОДАНД

Азхудкунии заминҳои бекорхобидаи Осиёи Марказӣ ҳанӯз аз солҳои аввали таъсисёбии СССР аз масъалаҳои мубрам маҳсуб меёфт. Зеро ин минтақа масоҳати зиёди замини киштбоб дошт ва онро ба маркази истеҳсолу коркарди ашёи хом табдил додан имконпазир буд.
18 июни соли 1929 КМ ВКП (б) дар қарори худ аз рӯи гузориши «Главхлопком» дарҷ кард, ки баробари пешравиҳо суръати афзоиши ҳаҷми майдонҳои пахта суст аст. Пешниҳод шуд, ки масъалаи обёрии водии Вахш бояд ҳарчи зудтар ҳал гардад.
Ниҳоят, соли 1931 дар доираи нақшаи панҷсолаи якуми тараққиёти хоҷагии халқи СССР сохтмони системаи обёрии Вахш иншооти зарбдори умумииттифоқӣ эълон шуд, ки ба он Қарори Шӯрои  Комиссарони Халқи СССР аз соли 1930 асос гузошт.
- Вазъи аввалҳои солҳои сиюм ноором буд. Моро лозим меомад, ки бисёр вақтҳо бо  силоҳ  гардем. Техника кофӣ набуд ва корҳои сохтмонӣ дастӣ иҷро мешуданд. Гармии тоқатфарсо дасту рӯйро месӯзонд. Гирдбоди ҳавлнок низ роҳи нафаскаширо мегирифт, - навиштааст Мария Сергеевна. Дар чунин шароити номусоид кор кардан нишонаи далерӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ин ҷо ҷабҳаи ҷангу меҳнат буд. Ҷанг бо табиати саркаш ва душманони сохти нав, ки аз хориҷа доимо таҳдид мекарданд. Аз ин рӯ, Мария Сергеевна ва ҳамкоронашро лозим меомад, ки худ ва иншооти сохтаашонро аз душман ҳимоя намоянд. 
Пешбинӣ гардид, ки бо истифода аз оби дарёи Вахш дар давраи аввал 71715 гектар, давраи дуюм 22750 ва дар маҷмӯъ, 94505 гектар замин обёрӣ ва истифода шавад. Барои сохтмони иншоот 123 миллион сӯм, 500 трактор, 28 экскаватор, 450 автомашина, ҳазорон механизму қувваи корӣ ҷудо ва сафарбар гардид. 
Баъд аз ду сол канали магистралии Вахш ба номи Сталин ба истифода дода шуд. Сардори сохтмони ирригатсионии «Вахшстрой» Толстопятов ба роҳбарони кишвар чунин гузориш додааст: «Имрӯз 12 сентябри соли 1933 соати 13 - у 15 дақиқа ба вақти Москва садди табиӣ миёни дарёи Вахш ва канали магистралӣ тарконда шуд. Ба ҳаво ду ҳазор метри мукааб хок, сангу шағал бардошта шуд. Оби дарёи Вахш мувофиқи меъёри лоиҳа ба канали магистралӣ ҷорӣ гашт».
Дар хусуси 12 сентябри соли 1933 кушода шудани канали магистралии Вахш роҳбарони ҳизбию советии Тоҷикистон – Ҳусейнов, Исмоилов, Ҳоҷибоев, Абдуллоев ба номи Сталин барқия фиристоданд.
Канали магистралӣ тамоми ҳудуди водиро фаро мегирифт. Дар ҷараёни сохтмони канал 2534 шабакаи гидротехникӣ ба истифода дода шуд.
Ин иншооти бузургро намояндагони тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сохтанд. 
Вахш майдони корнамоиҳои бузург буд. Маҳз дар раванди азхудкунии водии Вахш бисёр навгониҳои муҳандисӣ – ирригатсионӣ ба ҳаёт роҳхат гирифтанд. Ба аввалин системаи ирригатсионӣ дар ҷумҳурӣ асос гузошта шуд, ки хусусиятҳои ба худ хосро дорост. Ин иншоот шароит фароҳам овард, ки сохтмони силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш оғоз ёбанд.  Солҳои 1958 – 1963 Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» дар дарёи Вахш сохта шуд, ки дорои шаш агрегат мебошад. 
Мутахассиси амрикоӣ Людвел Гордон азхудкунии водии Вахшро кори берун аз ақл ҳисобида буд. Ҳаёт собит сохт, ки тавассути истифодаи неруи ақлонӣ одам қодир аст, ки муъҷиза офарад. 
 
Аъзам МӮСОЕВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2021    №: 45    Мутолиа карданд: 487
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед