ҳуқуқ
АЛИМЕНТ. САРКАШӢ 243 НАФАРРО БА ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ КАШИД
Таъминоти фарзанд ва тарбияи дурусти онҳо вазифаи ҷонии ҳар як фард маҳсуб ёфта, эҳсоси масъулият дар ин самт дар рушди минбаъдаи фарзанд замина хоҳад гузошт. Мутаассифона, дар ҷомеа афроде ҳастанд, ки ҳам боиси пароканда гардидани оила мегарданд ва ҳам аз додани алимент ба фарзанди хеш сарпечӣ менамоянд.
Мувофиқи моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Тибқи моддаҳои 80 ва 85 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худ ва фарзандони болиғи ғайриқобили меҳнати худро, ки ба кумак эҳтиёҷманданд, таъмин намоянд. Саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон шароити ҳаёти онҳоро бад намуда, ба вазъи саломатиашон таъсири манфӣ расонда, инкишофи муқаррарии ноболиғонро вайрон месозад.
Мутаассифона, таҳлили вазъи истеҳсолоти иҷро вобаста ба ситондани алимент нишон дод, ки воридшавии шумораи ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба ин намуди санади судӣ сол то сол тамоюли зиёдшавӣ дорад. Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 71 000 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситондани маблағи алимент мавҷуд мебошад, ки ба сарбории ҳар иҷрочӣ бо назардошти дигар санадҳои судӣ зиёда аз 800 то 1200 санади судӣ рост меояд. Танҳо дар зарфи як сол, яъне соли 2020 барои иҷрои маҷбурӣ 11 330 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситондани маблағи алимент ворид гардидааст, ки ситониши доимии давравиро пешбинӣ менамоянд.
Чунин ҳолатҳо боиси он мегардад, ки кӯдакон аз таъминоти моддӣ, тарбияи падару модар ва дар баъзе ҳолатҳо аз таълим дур монанд. Инчунин, ҳолатҳое ҷой доранд, ки падарон аз супурдани алимент барои таъминоти фарзандони ноболиғи худ бадқасдона саркашӣ менамоянд, ки ин ба таълиму тарбия ва таъминоти онҳо таъсири манфӣ расонда, ба содир намудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғон оварда мерасонад. Ҳамин раванд, боиси он гаштааст, ки шикояти занҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба бадқасдона саркашии падарон аз пардохти маблағи алимент рӯз то рӯз зиёд гарданд.
Соли 2020 бинобар бадқасдона саркашии қарздорон аз пардохти маблағи алимент бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбат ба 243 нафар тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз шудааст. Инчунин, дар баъзе мавридҳо новобаста аз татбиқи ҷазои ҷиноятӣ маблағи қарзи алимент пардохт нагардида, ҳангоми адои ҷазо қарзи алимент давра ба давра зам гардида, боиси мушкил ситондани он барои таъминоти фарзандони ноболиғ мегардад.
Ҳатто ҳолатҳое мешаванд, ки волидон аз пардохти алимент бадқасдона саркашӣ намуда, бар зами ин боз даст ба ҷиноят мезананд. Чунончи, дар асоси ҳалномаи суди шаҳри Турсунзода (3 августи соли 2020, №4-1410) оид ба рӯёндани алимент барои таъминоти фарзанди ноболиғ Сирожидин Эшманов муваззаф гардид, ки ҳар моҳ ба андозаи 150 сомонӣ ба тариқи устувор то ба синни балоғат расидани фарзандаш Ҳ. Эшманов ва рӯёндани алимент барои таъминоти ҳамсар то ба синни сесолагӣ расидани фарзандашон ҳар моҳ ба андозаи 30 сомонӣ аз 30 октябри соли 2018 сар карда, ба фоидаи собиқ завҷааш Дилноза Худойқулова супорад. Варақаи иҷрои мазкур 25 августи соли 2020 ба истеҳсолоти иҷрочии хадамоти иҷро дар шаҳри Турсунзода А. Шоймирзоев ворид гардида, истеҳсолоти иҷро оғоз шудааст.
Иҷрочӣ вобаста ба иҷроиши ҳуҷҷати иҷро, муайян кардааст, ки қарзи С. Эшманов дар назди ситонанда 1770 сомониро ташкил медиҳад. Дар иртибот ба ин, муайян шудааст, ки қарздор С. Эшманов автомошини сабукрави тамғаи «Дэу Тико» доштааст.
9 феврали соли 2021 шаҳрванд Қурбоналӣ Эшманов падари Сирожидин Эшманов дар ҳолати мастӣ тахминан соати 16:00 ба утоқи кории иҷрочиёни хадамоти иҷро дар шаҳри Турсунзода, ки дар бинои суди шаҳр воқеъ аст бо корд ворид гардида, ба келинаш Д. Худойқулова ва иҷрочӣ А. Шоймирзоев ҳамла кардааст. Ин ҳолатро иҷрочии дигари хадамоти иҷро Давлат Ҳайдаров дида, чолокиро аз даст надода, шаҳрванд Қ. Эшмановро дастгир менамояд, ки дар натиҷа, Қ. Эшманов бо корди дар дасташ буда ба қисми поёнии дасти рости А. Шоймирзоев зарба зада, либоси дартанашбударо пора менамояд. Баъд аз кордро аз дасти Қурбоналӣ Эшманов гирифтан ва безарар гардондан иҷрочиён фавран ба ШВКД-и шаҳри Турсунзода муроҷиат менамоянд. Кормандони милитсия нисбат ба Қ. Эшманов бо моддаи 328 Кодекси ҷиноятӣ (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ба мақомоти прокуратура пешниҳод намуданд, ки айни ҳол тафтишот идома дорад.
Ҳамзамон, автомошини тамғаи «Дэу Тико» аз тарафи ШБДА ШВКД дар шаҳри Турсунзода боздоштгардидаро иҷрочӣ А. Шоймирзоев баҳри таъмин ва барқарор намудани маблағи қарзии алимент 10 феврали соли 2021, таҳти ҳабс қарор додааст. Дар сурати напардохтани маблағи қарзи алимент ба фоидаи ситонанда рӯёниши маблағи қарзӣ аз ҳисоби моликияти таҳтиҳабсқарордошта ба роҳ монда мешавад.
Бо мақсади сари вақт ситондани алимент барои фарзандони ноболиғ, болиғи ғайриқобили меҳнат, ҳимояи ҳуқуқҳои модару кӯдак роҳбарияти хадамоти иҷро ва кормандони он тамоми чораҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меандешанд.
А. ШИРИНОВ,
мудири бахши робитаҳои байналмилалии
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.03.2021 №: 45 Мутолиа карданд: 3135