logo

сиёсат

СОЗАНДАИ ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКОН. БАРДОШТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ОЯНДАСОЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар саҳифаҳои таърих номи сиёсатмадоре сабт шуда, мондагор мегардад, ки миллат ва давлати худро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, барои истиқрору таҳкими сулҳу озодӣ, истиқлоли сиёсӣ, таъмини рушду нумӯи устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, рифоҳи мардум ва обрӯву эътибори байналмилалии кишвари хеш пайваста талош карда, ба мақсад низ расидааст. 
Ба ин маънӣ, муддати сӣ сол аст, ки ҷаҳони имрӯз номи шахсиятеро дар расонаҳои худ инъикос ва вирди забонҳо намудааст, ки алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш карда, ба як кишвари ҷангзада сулҳи комил овардааст, бозгашти беш аз як миллион гурезаи иҷбориро ба Ватани азиз – Тоҷикистон таъмин ва зиндагии осудаи ҳар як хонадонро аз маркази шаҳру ноҳияҳо то ба дурдасттарин деҳаҳои мамлакат муҳайё намудааст.
Воқеан, дар рӯзҳои мо сулҳу оромӣ аз мавзӯъҳои муҳимтарини сайёра ба шумор мераванд. Ба ҳамин хотир аст, ки ин неъмати бебаҳо бо гузашти айём аҳамияти хосса касб карда, шахсияти сулҳофарро барои ҳамеша дар ҳофизаи таърихии халқ азизу гиромӣ медорад.
Вақте ки ба гузаштаи начандон дури таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон чашм меандозем, нахуст суханони ба дурнамои дурахшони кишвар нигарондашудаи Сарвари дар он рӯзҳо тозаинтихобшудаи кишварамон, ки абадан дар хотираи наслҳои имрӯзу фардо нақш хоҳад дошт, ба ёд меоянд: «Ман барои шумо сулҳ меорам!». Холисона ва одилона эътироф бояд кард, ки дар фазои сиёсии ҷаҳони пурталотуму пурҳаводиси охири садаи ХХ ва оғози асри ХХI низ болотар аз ин мафҳуми фарогир ва аҳди қавитар вуҷуд надорад. 
Дар робита ба ин, суханони қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ба хотир мерасанд, ки гуфта буд: «Ман имрӯз Роҳбари давлати Шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо – афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштем».
Мо ифтихор менамоем, ки дар замони кору фаъолияти бемислу монанди чунин як шахсияти таърихӣ сабақи шогирдона омӯхтаем ва гоҳе бо ҳукми тақдир ҳамроҳ будаем, бо чашми сар он аъмоли ибратомӯзу беназирро мушоҳида кардаем ва, аз ҳама муҳим, дастуру ҳидоятҳои хирадмандона ва ғамхоронаи Пешвои миллатро шунидаем, ки ҳамаи онҳо саршори муҳаббат ва самимияти беандоза ба ҳар як сокини кишвар, ба ҳар як хонадон ва, дар маҷмӯъ, барои ободии ин марзу буми муқаддас мебошад, ки номи он Тоҷикистон аст. 
Дар ҳамин замина, ба худ ҷуръат додем, ки баъзе андешаҳои хешро доир ба хидматҳои бузургу нотакрори Пешвои миллат рӯи коғаз оварем. 
Бо он ки ҳамзамони ҳодисаҳои оғози солҳои 90-уми асри гузаштаам, мехос-там дар ибтидо ба замони бебандуборӣ, носозгориҳо ва фоҷиаҳои рухдода руҷӯъ намоям, ки бе дарки амиқи онҳо ва рӯзгори талхи он давра дурахши имрӯзаи тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва байналмилалии мамлакат ба андозаи воқеии он баён ва инъикос нахоҳад гардид. 
Маҳз ба шарофати ба саҳнаи таърихи навини Тоҷикистон ворид гардидани чунин шахсияти таърихӣ ба ҷомеаи парокандаи нав баистиқлолрасидаи кишвар муяссар шуд, ки пойдевори ваҳдати миллиро гузошта, навсозӣ ва эҳёи ҳаёти осоиштаро шурӯъ намояд.
Ҷанги таҳмилии дохилӣ боиси фалаҷ шудани тамоми шохаҳои ҳокимият ва беқонунӣ гардида, давлатро ба вартаи нобудшавӣ аз харитаи сиёсии ҷаҳон кашида буд. 
Дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандии хонумонсӯз беш аз 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, зиёда аз 50 ҳазор кӯдак бе саробон, яъне бе падару модар, монд. Танҳо зарари ба иқтисод расондашуда, зиёда аз 10 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Вале, чунонки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштаанд, хисороти ҷуброннопазири кишвари мо дар он айёми даҳшат талафоти ҷонӣ ба ҳисоб меравад. Ва дастандаркорони ин фоҷиа дар назди миллат ва таърихи он барои чунин аъмоли ғайриинсонӣ масъулият доранд.  
Дар шароити пуртазодди онвақта Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, роҳбарияти нави кишварро интихоб кард, ки ба дарки амиқи зарурати бартараф сохтани сабабҳои аслии низоъ, истиқрори сулҳу ризоият дар ҷомеа, ба ҳалли масъалаи қатъи ҳарчи зудтари оташи ҷанг ва ба Ватан баргардондани гурезаҳо шурӯъ кард.
Ҳамзамон, Ҳукумати мамлакат бо раҳбарии Сарвари давлат тамоми саъю талоши худро ба эҷоди шароити мусоид барои оштии миллӣ, барқарорсозии иқтисоди харобу муфлисшудаи кишвар ва фароҳам овардани замина ҷиҳати эҳё ва рушди минбаъдаи он равона карда буд.
Бо ибтикороти созандаи ин шахсияти таърихӣ Тоҷикистон тавонист ба ҷаҳониён аз нодиртарин дастоварди худ – сулҳи саросарӣ мужда расонад ва ҷомеи башарӣ бовар ҳосил намуд, ки Тоҷикистон дигар майдони муборизаҳои мусаллаҳона нест ва метавон бо эътимоди комил бо ин давлат равобиту ҳамкориро ба роҳ монд. Ба ибораи дигар, ташаббусҳои бемисли Сарвари давлати Тоҷикистон дар ҷараёни музокироти пур аз ихтилоф ва мушкилоти сулҳи байни тоҷикон муваффақона ба итмом расиданд. Мо чунин меҳисобем, ки ин, пеш аз ҳама, ба дилу нияти пок ва иқболи баланди Роҳбари давлат вобастагӣ дошт. Он ки уфуқҳои ин ташаббусҳо то кадом ҳадду ҳудуд натиҷаи азхудгузаштанҳои ин шахсияти таърихӣ буд ва намунаашро таърихи навини мо ёд надорад, мавзӯи суҳбати дигар ва дар мақолаи дигар оварда хоҳад шуд.
Чаҳор соли музокироти тӯлонӣ бо санаде вориди хотираи ҷомеаи байналмилалӣ шуд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон унвон дорад ва онро собиқ Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Анан намунаи нодиртарини таҷрибаи расидан ба сулҳ номидааст.
Ин дарси таърих заминаи боэътимоде шуд, ки миллати тамаддунофари тоҷик хидматҳои Сарвари худро бо унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат қадр намояд. Ин амал, яъне овардани сулҳ, мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт, ки дар он шабу рӯзҳо назир надошт. 
Инак, аз он рӯзҳо даҳсолаҳо гузаштанд, вале дар кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни сайёра нооромиҳо ҳанӯз идома доранд. Ва табиист, ки дар чунин шароит арзиши сулҳу субот аз пештара дида бештар афзун мегардад. Ба ҳамин хотир, дар ҷараёни сафарҳое, ки ба кишварҳои гуногун доштем, гоҳе мешунидем, ки мардуми одии баъзе мамлакатҳо бо шунидани номи Тоҷикистон ва Пешвои муаззами он орзуи доштани чунин сарвари хирадманду инсонпарварро баён мекарданд.
Эътироф бояд кард, ки ифода кардани ҳамаи паҳлуҳои назариёти хирадмандонаву омӯзандаи Пешвои муаззами миллат дар доираи як мақола ғайриимкон аст. Бинобар ин, чанд мушоҳида ва бардошти худро мехостам баён намоям.
Пешвои муаззами миллат дар симати сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ тавонистанд мушкилоти тамоми рукнҳои фалаҷгардидаи ҷомеаи Тоҷикистонро дар муддати кӯтоҳ эҳё намоянд ва, дар баробари ин, таҳдоби қавии ҷаҳони маънавии наслҳои имрӯзу фардои Тоҷикистонро гузоранд.    
Муроҷиати Сарвари давлат ба ҳар як фарди тоҷик дар мавриди он ки, ин сарзамини муқаддас ба мо аз аҷдоди заҳматкашидаамон ба ёдгор мондаанд ва маҳз мову шумо бояд онро гиромӣ дорем, ба мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем, дар рушду тараққии он саҳм гузорем ва он марзу бумро ба наслҳои оянда ба гунаи шоиста ба ёдгор монем, то ворисони мо ба таърихи худ бо назари эҳтиром бингаранд, аз ҷумлаи раҳнамоиҳои ин абармарди дунёи сиёсат дар оғози давраи роҳбариашон буд.  
Пешвои миллат тавонистанд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми мушкилоти рӯзгори мардуми тоҷикро, ки дар натиҷаи ҷанги бародаркуши таҳмилӣ ба вуҷуд омада буданд, шарҳ диҳанд, ҷонибҳоро муътақид созанд, ки Тоҷикистон ва сокинони он авлоди сулолаҳои бузурги тамаддунофари ҷаҳонианд ва ин тасодуфи таърих дар солҳои 90-уми асри ХХ барои онҳо мактаби таҷрибаи ғайриинтизор ва бисёр талх буд. Онҳо қодиранд минбаъд таҳти раҳбарии Сарвари худ ба ҳама гуна таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ муқовимат намоянд. 
Мушоҳидаҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар натиҷаи кӯшишу талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат на танҳо авзои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, балки фарҳанги шаҳрсозӣ, шаҳрдорӣ, шаҳрнишин будан, муносибат ба муҳити зист ва ҳифзи он, тағйир ёфтани муносибати шаҳрвандон ба рисолати инсонии худ ва, дар маҷмӯъ, ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат ба куллӣ тағйир ёфтааст. 
Чунон ки аз назарсанҷиҳои афкори ҷомеа бармеояд, мардуми Тоҷикистон имрӯз ба дурнамои неки худ ва давлату давлатдории мардумии хеш  таҳти роҳбарии Пешвои миллат эътимоди қавӣ доранд. Бахусус, ибтикори Пешвои миллат дар мавриди вусъати корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, албатта, боз як иқдом ва ташаббуси таърихӣ мебошад.  
Вобаста ба ин санаи муҳим, мехостам хотирнишон созам, ки бар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар мамлакат иншооти иҷтимоиву фарҳангии замонавӣ, бо шумули кӯдакистон, муассисаи томактабӣ, муассисаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, ҳаммом, роҳҳои асфалтпӯш ва хати оби нӯшокӣ, сохта шуда истодаанд. То ба имрӯз аксари иншооти мазкур ба истифода дода шуданд ва боқимонда дар арафаи ин ҷашни бузург мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Ин ташаббус ва ибтикороти Сарвари давлат барои ҷомеаи Тоҷикистон як инқилоби иҷтимоиву фарҳангӣ ба шумор меравад. 
Тибқи маълумоте, ки коршиносони сатҳи байналмилалӣ интишор намудаанд, Тоҷикистон чандин сол аст, ки ба даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари ҷаҳон дохил шудааст.
Равшан аст, ки тӯли даҳсолаҳои пешин дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ҳаракати нақлиёт аз қисмати марказ ва ҷанубу шарқи кишвар ба шимоли мамлакат мушкилот дошт ва муддати қариб шаш моҳ робитаҳо қатъ мешуданд. Бар илова, хатҳои неруи барқ байни ҷанубу  шимол пайваст набуданд ва, бахусус дар даврони истиқлол, бинобар аз байн рафтани шабакаи ягонаи энергетикии минтақа, ҳолатҳои ногувори иқтисодиву иҷтимоӣ ба вуҷуд омаданд. 
Нахуст, Сарвари давлат барои пайвастани роҳҳои марказ ва шимоли кишвар тасмим гирифтанд ва, бо назардошти аҳамияти он, созмонҳои молиявии байналмилалӣ дар ин росто бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намуданд. 
Натиҷаҳои он сохтмон ва ба итмом расондани нақбҳои “Истиқлол” ва “Шаҳристон” буд, ки шоҳрагҳои минтақавиро бо ҷануби Тоҷикистон пайваст намуданд. Ҳамзамон, нақбҳои “Дӯстӣ” ва “Хатлон” роҳи марказро бо ҷануби мамлакат пайвастанд. 
Дар ин раванд, раҳо намудани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ масъалаи ниҳоят муҳим ба шумор мерафт. Ватани азизи мо тӯли солҳои мавҷудияташ дар ҳайати ИҶШС роҳи убур ба мамлакатҳои дигарро на аз тариқи сарҳадоти ҷанубӣ ва на аз сӯи сарҳадоти шарқӣ надошт.
Чунин барномаи фарогир, ки тавонад тариқи пулҳо аз болои дарёи Панҷ аз қисмати кишвари Афғонистон роҳҳои мамлакатро бо шоҳроҳҳои байналмилалӣ пайванд сохта, ба бандарҳои уқёнуси Ҳинд расонад, орзуи чандин даҳсолаҳо буд.
Нақшаҳои созандаи Сарвари давлати Тоҷикистон дар амал татбиқ гашта, тобистони соли 2007 пули “Дӯстӣ” дар болои дарёи Панҷ ба истифода дода шуд ва кишвари мо дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ қадами устувор гузошт.  Дар баробари ин, Пешвои миллат мавзӯи роҳи иртиботии марказро бо қисми шарқии кишвар, ки бо кишвари Хитой сарҳади муштарак дорад, ҳамеша  дар мадди назар доштанд ва дар натиҷаи амалӣ гардондани чандин лоиҳаи бузург ин масир дар сатҳ ва сифати байналмилалӣ сохта шуд ва роҳи автомобилгарди Тоҷикистон бо роҳҳои мамлакати ҳамсоя пайваст гардид. Ин иқдомҳо аз ҷумлаи шоҳкориҳое мебошанд, ки аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дошта, эътибори Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир боло бурданд. Зеро сохтмони роҳҳо, нақбҳо, кӯдакистонҳо, муассисаҳои таълимӣ, китобхонаҳо, донишгоҳҳо, шифохонаҳо ва истироҳатгоҳҳо дар баробари эҳёи зиндагии баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ кори одӣ набуда, ҷасорат, матонат, аз худ гузаштан, ҷоннисорӣ ва муҳаббати беканор ба халқу кишвари худро тақозо менамояд.   Маҳз чунин иқдомҳои созанда ва беназири роҳбарони сатҳи аввал бори дигар ба ҷомеаи башарӣ комилан собит месозад, ки нақши шахс дар таърих муҳим ва калидӣ арзёбӣ мегардад.
Чеҳраи мардумии Пешвои миллат ҳамеша баёнгари он аст, ки ӯ бо зиндагии халқ, рӯҳияву ниёзҳои он ҳанӯз аз айёми ҷавонӣ аз наздик шинос буда, бо самимият ва қалби саршор аз муҳаббаташон ба дардҳои ин миллат дармон мегарданд.
 Воқеият чунин аст, ки дар ҷараёни мулоқотҳо бо ҳамаи табақаҳои ҷомеа муносибати мутлақан хоксорона ва башардӯстонаву хайрхоҳонаашон бармало ба мушоҳида мерасад.
 Борҳо сурат гирифтааст, ки дар чунин мулоқотҳо самимияташон ба андозае эҳсос мешавад, ки мухотабашон бо эътимоди комил тасаввур менамояд, ки беҳтарин шунавандааш ҳамин шахс аст. Ин гуна муносибат ва бархӯрд имкон медиҳад, ки набзи ҷомеа эҳсос гардад, мушкилоту ниёзҳои он ошкор гашта, ҷиҳати бартараф кардани онҳо камари ҳиммат баста шавад.
Ҷиҳати дигари бисёр арзишманди суҳбатҳои Пешвои миллат дар он ифода меёбад, ки онҳо ҳеҷ вақт дар доираи як ё ду мавзӯъ маҳдуд намешаванд. Пешвои миллат бо дониши фарох ва таҷрибаи зиндагии худ, ки дунёи илму хирадро мемонад, ҳамеша дар баробари нишон додани роҳи ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ба шунавандаи худ аз саҳифаҳои таъриху фарҳанги дурахшони миллати тоҷик далелҳои муътамад меоранд.
Яке аз намунаҳои омӯзанда эҳё ва таҷдиди суннатҳои халқи тоҷик, танзими анъана ва расму оинҳо, дурӣ ҷустан аз афкори номатлубу бегона ва хатари зуҳуроти бегонапарастӣ ба шумор меравад. Набояд фаромӯш кард, ки солҳои охир кӯшишҳои ворид кардани баъзе анъана ва расму русуми бегона, ҳамчун “неруи нарм”, мушоҳида мегардад. Бо ҳамин роҳ, гурӯҳҳо ва доираҳои муайян мехоҳанд ҳадафҳои геостратегӣ ва геосиёсии худро дар нуқоти гунонгуни олам, аз ҷумла кишвари мо, паҳн намоянд. Ва ин раванд аз ҳар як шаҳрванди худогоҳ зиракии сиёсии ба таври доимӣ таъкидшаванда аз забони Пешвои миллатро талаб мекунад. 
Сафарҳои пайвастаи Роҳбари давлат ба минтақаҳои гуногуни кишвар шаҳодати он аст, ки Пешвои миллат вобаста ба зарурат ва мушкилоти ҳар як шаҳр, ноҳия ва шаҳраку деҳот маълумоти дақиқ ва саҳеҳ доранд ва дар суҳбатҳояшон ин масъалаҳоро ба таври одӣ шарҳ дода, назари падарона ва ғамхоронаашонро ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта баён менамоянд. Ба ҳамин асос, хурду калони мамлакат аз мулоқот бо Сарвари давлати худ ҳамеша хушнуданд ва ифтихор аз чунин Роҳбар ва Пешво доранд. Чунин бархӯрди падарона ва ғамхории фарогир эътимоди мардумро ба ояндаи дурахшони онҳо бештар месозад. 
 Нақле ҳаст, ки Офаридгор дар ҳар як давру замон ва дар сахттарин рӯзгори миллат нобиғаеро ато менамояд, ки ӯ бо донишу хиради азалӣ байни мардуми худ ва оламиён машҳур гардида, миллату давлатро аз вартаи ҳалокат наҷот медиҳад. Мо бояд ба Худованд шукри беандоза намоем, ки дар мушкилтарин айёми зиндагии мардум чунин абармарди таърихӣ ва тақдирсозро ба миллати тоҷик насиб гардондааст ва ӯ бо ҳастии нотакрор ва созандааш тавонист дар қалби ҳар як фарди Ватан нақши беназир ва абадӣ гузорад.
Хизмати бузурги Пешвои миллат ҳамчун шахсияти нотакрор дар масири таърихи навини халқи тоҷик дар он зоҳир мегардад, ки бо гиромидошти хотираи намояндагони барҷастаи фарҳанг, илму адабу мазҳаб ва бо зинда гардондани осори гаронбаҳои онҳо, таҷлилу нишастҳои илмиву фарҳангии сатҳи байналмилалӣ на танҳо дар кишвари мо, балки дар ҷаҳони имрӯз, аз ҷумла миёни мусулмонони олам, ҷой ва макони шоиста касб намоянд.
Дар ин росто, фақат як нукта бояд зикр гардад: бо назардошти ин ки, беш аз 95 дарсади ҷомеаи Тоҷикистон мардуми мусалмонанд, бо ташаббуси Пешвои миллат китоби муқаддаси Қуръон ба забони тоҷикӣ тарҷума шуд ва аксари мутлақи пайравони он, ки забони арабиро намедонанд, имкон пайдо карданд, ки ба маънои Каломи илоҳӣ бо забони модарии худ – тоҷикӣ шинос шаванд. 
Ёдовар шудани баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2009 бахшида ба бузургдошти бунёдгузори мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам аз ҷумлаи чунин чорабиниҳоест, ки аввалин бор доир шуда, эътимоди ҷаҳони исломро ба Пешвои миллат афзуд ва шахсияти ӯро ба сафи барҷастатарин ашхоси ҷаҳон ворид намуд. Дар ин чорабинӣ мо шоҳиди гуфтори олимону сиёсатшиносони Шарқу Ғарб шудем, ки аз минбари чорабинии байналмилалии  бузургдошти Имоми Аъзам гуфта буданд: «Араб ва Аҷам аз Эмомалӣ Раҳмон дарс биомӯзад!». 
Намунаи таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат ба мавзӯи китоб, китобхонӣ ва китобдорӣ, ки ҳамчун ҷузъи фарҳанги волои гузаштагони мо аз умқи қарнҳо дарак медиҳад, дар замони ҷаҳони пурталотуми ҷаҳонишавӣ тобиши комилан дигар гирифт.
Тайи ду соли охир баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» собит сохт, ки дар ин маврид ҳадаф аз ташаббус ва иқдомҳои Сарвари давлат “...баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ” буда, ба ин васила, эҳёи ҷаҳони маънавии халқи худро дар назар дорад, то ворисони Рӯдакиву Камоли Хуҷандӣ, Шамсиддин Шоҳину Аҳмади Дониш, устод Садриддин Айнӣ ва садҳо нафари дигар ба ин инқилоби фарҳангӣ ҷалб гарданд ва барои шукуфоии Ватани азиз – Тоҷикистон беш аз пеш содиқона хизмат намоянд.
Ҷои зикр аст, ки чунин озмунҳо дар соҳаҳои дигар низ ба мисли “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва «Илм – фурӯғи маърифат» ба роҳ монда шудаанд, то ки сатҳи маърифати имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон боло бурда шавад ва фарзандони ин кишвар аз дониш ва касбу ҳунарҳои муосир баҳравар гашта, неруи қавии пешбарандаи мамлакат бошанд. То ба ҳол дар ҳеҷ мамлакати сайёра барои хондани китоб ва аз ёд кардани осори адибонаш ба чунин шакле, ки дар Тоҷикистон оғоз ёфтааст, ҷоизаи молиявӣ дар назар гирифта нашудааст. 
Ин амали неки маърифатпарварона, ки аз сӯи Сарвари давлат сурат гирифтааст, ҷуброни замони хеле мушкил ва дер сипаришавандаест, ки дар ибтидои солҳои 90 асри гузашта халқҳои ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ бо дастёбӣ ба истиқлоли давлатӣ ба рушду тавсеаи равобити ҳасанаи иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ пардохтанд ва аз дастовардҳои якдигар баҳравар мегаштанд. Тоҷикистони азизи мо дар ин марҳала ба доми бозиҳои хеле хатарнок ва фоҷиаовари геополитикӣ ва геостратегии гурӯҳҳо ва доираҳои муайян афтид ва фарзандони он роҳи раҳоӣ ёфтан аз ин даҳшатро меҷустанд, сулҳро интизор буданду орзу мекарданд, ки дар китобхонаву донишгоҳҳо илм омӯзанд, дар хиёбону гулгаштҳо бо дӯстон  озодона қадам зананд, аз табиати гуворову ҳавои форами кишвар ва фазои сулҳу суботи устувори он нафаси тоза кашанд.
Дар он рӯзгори талх ҳар кадоми онҳо, пеш аз ҳама, ташнаи сулҳу оромӣ буданд ва интизори рӯзе буданд, ки боз ба сӯи китобхонаҳо рӯ биёранд ва расми қадимии тоҷикӣ, ба ҳамдигар туҳфа кардани китобро аз нав зинда созанд.
Дар айёми сафарҳои зиёде, ки дар ҳайати ҳамсафарони Пешвои миллат будем, бо назораи саҳнаи китобхонии сокинони кишварҳои дигар дар истгоҳҳои нақлиёт, тайёра ва толори интизорӣ ашк аз чашмон ҷорӣ мегардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон кай ба чунин рӯз мерасад. Куҷост он рӯз, ки мо барои тифлони хурди худ ҳар шом афсонаҳо қироат намоем, то ба роҳат хоб раванд.
Баъд аз овардани сулҳи сартосарӣ, Пешвои миллат дар он замон дар баробари устувор сохтани пояҳои иқтисодии кишвар ба мавзӯи илму дониш таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, аввалин вохӯриҳоро бо масъулини соҳаи маорифи мамлакат, хоссатан бо олимону  омӯзгорон, баргузор карда, онро барои рушду ояндаи миллату давлат самти афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи худ эълон намуданд.
 Ин ҳама орзую омоли мардум бар асари кӯшиш ва талошҳои Сарвари давлат ҷомаи амал пӯшид. Ҳазорҳо нафар фарзандони лоиқи мамлакат ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар фиристода шуданд, то аз пешрафтатарин дастовардҳои илму фан бохабар шаванд, ҷаҳонро омӯзанд ва самараи заҳмати ақлонии худро ба Тоҷикистон бибахшанд, ки он ободтар гардад.
Ба шарофати озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” имрӯз сафи онҳое, ки ҳазорҳо мисраъ шеър аз ёд кардаанд, осори адибони оламшумулро аз худ намуда, худ ба таълифи шеър машғуланд, дар ҳоли афзоиш аст.
Мехостам хонандаи муҳтарам эҳсос накунад, ки руҷӯи мо танҳо ба соҳаҳо ва илмҳои башарӣ (гуманитарӣ), аз қабили шеъру адаб асту бас. Вобаста ба ин, танҳо ишора мекунем, ки то имрӯз барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф ба тасвиб расидаанд, ки дар миёни онҳо баҳри ҷалби ҷомеаи кишвар ба омӯзиши илмҳои табиию риёзӣ аз ҷониби Пешвои миллат эълон шудани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ (солҳои 2020-2040) мебошад. 
Дар ин асос, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро қабул намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии он омода кардани заминаи устувор барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар маҳсуб меёбад.
Зикр бояд кард, ки мавзӯи рушду нумӯи муназзами тамоми соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон дар меҳвари таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дошта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳамаи бахшҳо бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ ҷавобгӯи замон бошанд. Чунон ки зикр гардид, дар натиҷаи татбиқи барномаҳои рушди мамлакат дар соли 2020, бо вуҷуди таъсири омилҳои манфии берунӣ, ба Тоҷикистон муяссар гардид, ки суръати рушди иқтисодро дар сатҳи 4,5 дарсад нигоҳ дошта, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 82,5 миллиард сомонӣ расад. Иқтисоди мамлакат бо маром рушд ёфта, тайи даҳ соли охир ММД бо нархҳои воқеӣ наздик ба 3,2 баробар афзоиш ёфтааст.
Барои самаранок амалӣ гардидани барномаҳои қабулшуда саҳми на танҳо ниҳодҳои марбутаи кишвар, балки талошу заҳмати дастаҷамъонаи сокинони кишвар низ нақши бузург мебозад. Дар ин раванд, чорабиниҳои вобаста ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ки боиси дастгирии тамоми қишрҳои ҷомеа гардид, аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ободонии мамлакат, таҳкими зербинои иқтисоди миллӣ ва густариши сиёсати дохиливу хориҷии он халқи Тоҷикистон бо Пешвои муаззами худ ҳамнавою ҳамнафасанд ва бо тамоми ҳастии худ ҷиҳати дар амал татбиқ шудани онҳо ҳисса мегузоранд.   
Солҳои охир дар пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар мамлакат ба хотири ҷалби сокинон ба тарзи ҳаёти солим ҳазорҳо майдончаҳои варзиш, гӯшаҳои тафреҳӣ барои ҳар як ҳавлӣ, майдони бозӣ барои атфол сохта шудаанд. Дар ин кор дастгирии бахши соҳибкорӣ хеле калон буда, ҳамраъйии ҳамватанонро бо Сарвари хеш таҷассум мекунад.  
Нуктаи дигари муҳиме, ки мо дар муҳтавои суханрониҳои Пешвои миллат мушоҳида мекунем, дақиқ будани дидгоҳи Сарвари давлат, яъне ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои муассири расидан ба сатҳи инкишофи соҳаҳои гуногун мебошад. Дар робита ба ин, метавон аз донишу малакаи суханварии Пешвои миллат ёдовар шуд. Зеро бо зик-ри камбудиҳо ин шахсияти таърихӣ мисли Суқроти бузург ҳамчун устод ба шунавандааш мушкилро шарҳ медиҳад ва усулҳои ҳаллу фасли онро муайян менамояд. Аксар ба ин ақидаанд, ки арзишмандтарин хислатҳои Пешвои миллат хоксорӣ, санъати суханронӣ, нутқи бурро ва оммафаҳм будани суҳбатҳои ӯ мебошад. Пешвои миллат бо чеҳраи зебои тоҷиконаи хеш таваҷҷуҳи сокинонро ба таври хос ба худ ҷалб мекунад. 
 Забони ноби тоҷикӣ, ки дар рушду тавсеаи он Пешвои миллат саҳми барҷаста доранд, намунаи дигари бузургиашон мебошад. Дар иртибот ба ин, наметавон аз осори гаронмояашон, масалан, аз ҷилди дуюми китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” вобаста ба забони модариамон иқтибос наёвард: “Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мегирам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям. Ба ин хотир, доир ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ мақолаву асарҳо таълиф менамоям, дар ҳар суханрониам бузургиву тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош мекунам”.
Тавре ки эҳсос кардед, мазмуну муҳтавои суханрониҳои Пешвои миллат ганҷинае ба шумор мераванд, ки дар таҳлилу баррасӣ ва арзёбии вазъи воқеӣ ва дурнамои соҳаи иқтисодиёти мамлакат мавқеи калидӣ доранд. Аз сӯи дигар, ин ганҷинаи миллӣ метавонад сарчашмаи боэътимоди таҳқиқоти бунёдӣ гардад. Бинобар ин, омӯзиши ин хазинаи бебаҳо– осори Пешвои миллат дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, миёнаи умумӣ, олии касбӣ ва зинаҳои дигари илм дорои аҳамияти хос хоҳад буд. Ин ганҷина аз нигоҳи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муҳим арзёбӣ мешавад ва, бахусус дар тарбияи насли наврас ва ҷавони мо нақши бунёдиро иҷро хоҳад намуд. 
Вобаста ба ин, пешниҳоди шогирдонаи мо доир ба омӯхтани ин сарвати ақлониву фикрӣ чунин аст, ки ин хазинаи бойи ифодакунандаи таърихи гузашта ва имрӯзаи мардуми тоҷик ба фонди тиллоии забони тоҷикӣ ворид шуда, истифодаи он тавассути сомонаи алоҳидаи интернетӣ ба роҳ монда шавад. Зеро муҳтавои суханрониҳои Пешвои миллат дар даҳсолаи охир ба баланд бардоштани маънавиёти мардум, аз ҷумла танзими расму оини мардумӣ, нақши оила, падару модар ва мактабу ҷомеа дар таълиму тарбияи насли наврас, мавқеи илму маориф ва олимону зиёиён, сиҳатии омма, пешгирии ҷинояткориву шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, фарогирии духтарони деҳот ба таҳсил, бо кадрҳои омӯзгорӣ ва василаҳои хониш таъмин шудани муассисаҳои таълимии минтақаҳои дурдаст, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, дастгирии ятимону бепарасторон ва масъалаҳои дигари зарурии ҷомеа бахшида шудаанд.
 Шояд саволе ба миён ояд, ки чаро маҳз ба 10 соли охир таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудаем?
Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ин неъмати бебаҳоро бар ивази ҷонбозиҳои бемисли Пешвои муаззами миллат ва мардуми сулҳдӯсти кишвар ба даст овард, то наздиктарин солҳо бештар ба масъалаи таҳкими сулҳу суботи пойдор дар мамлакат, мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва экстремизм, ки на ҳама доираву гурӯҳҳо ин зуҳуроти хатарнокро то ҳаводиси 11 сентябри соли 2001  ҷиддӣ мегирифтанд, машғул буданд ва мехост ҷомеаи ҷаҳонӣ низ дар мубориза бо ин хатару таҳдидҳои аср ҳамраъй бошанд. Рӯйдодҳои соли 2001 ва бесуботии кишвари дӯсту ҳамсоя – Афғонистон   ба оламиён моҳият ва ҳадафи муроҷиату ташаббусҳо ва иқдомҳои Пешвои миллатро бори дигар равшан гардонданд. Баъди соли 2001 тамоми захираву имкониятҳои мамлакати мо барои ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷанбаҳои дигари ҳаёти кишвар равона шуданд ва Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат дар андак фурсат бо дастовардҳояш вирди забони ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.
Илова ба масъалаҳои дохили кишвар, ибтикороти Пешвои миллат дар самти муборизаи дастаҷамъона бо душмани башарият – терроризми байналмилалӣ мақоми ин шахсияти таърихиро боз ҳам боло бурд. 
Баъзан, чунин меандешам, ки мо дар ҷавоб ба хизматҳои Пешвои миллат, аз рӯи шарафу оини ҷавонмардӣ ва имону инсоф чӣ корҳоеро анҷом додаем? Дар заминаи кадом хизматҳо мо метавонем худро пайравони Пешвои миллат ҳисобем? Дар чунин ҳолат ман ба онҳое, ки дур аз Тоҷикистон, бо такя ба хоҷагони ҷудоиандозу шумнияташон, ки онҳоро ба халалдор кардани зиндагии орому осудаи мардуми тоҷик таҳрик мекунанд ва чунин ашхоси ноҳаққу туҳматпеша ба ҳамватанони худ таънаву санги маломат мезананд, савол дорам: шумо ба миллати ранҷкашидаи тоҷик чӣ хизмат кардаед, ки хонадони нав ба эътидоломадаи ӯро боз ноором кардан мехоҳед? Оё шумо ҳаққи маънавии чунин бархӯрди ноодилона ва номардонаро нисбат ба мардум ва кишвари худ доред? Ҳоло ҳам огаҳ нашудаед, ки мардуми тоҷикро дигарбора фиреб додан ғайриимкон аст. Пас чаро шумо тасмим намегиред, ки шоҳкориҳои Пешвои миллатро идома диҳед, мактабу кӯдакистон, боғу гулгашт, ақаллан, роҳ ё ягон иншооти хурди иҷтимоии деҳаеро, ки гузаштагону имрӯзиёни шумо дар он ҷо зиндагӣ кардаанд ва мекунанд, обод кунед. Ақаллан, ниҳолеро парвариш карда, онро дарахте кунед, ки аз сояи он раҳгузаре бархӯрдор гардад. Танқид кардану камбудӣ ҷустан кори осон аст, аммо кори хайреро барои ободии Ватан анҷом додан танҳо аз дасти ҷавонмарди ватандӯст ва ободкору созанда меояд. 
Дар ҳоле ки шумо аз расонаҳои ҷаҳонӣ огоҳ ҳастед, ҳар лаҳзаи умри Пешвои муаззами миллат барои ҳифзу ҳимояи ин марзу бум, дастархони фаровони сокинон, зиндагии шоистаи хонадони тоҷик, таҳкими обрӯю эътибори байналмилалии кишвар сарф мешавад. 
Имрӯз меҳвари ғамхориҳои Сарвари давлатро бештар тарбияи насли ояндасоз ва ба ояндагон мерос гузоштани як мулки обод фаро мегирад.  Пешвои миллат борҳо таъкид менамоянд, ки доимо дар фикри тарбияи ҷавонон бошед. Борҳо аз забони бузургони миллат таъкид кардаанд, ки фарзандонатон назди шумо амонати Парвардигор аст ва онҳоро бо меҳру муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ тарбия кунед, то ки мову шумо ба ояндагон як мулки ободу пешрафта ва сазоворро мерос гузорем. Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар ин ҷода дастгиру мададгор мебошанд. 
Бо ин мақсад, муассисаҳои таълимии нав, муосиртарин таҷҳизоти компютерӣ, лавозимоти хониш, аз ҷумла китобҳои дарсӣ, дастрас шуда, Тоҷикистон дар ҷодаи ислоҳоти соҳаи маориф ҳоло дар қатори яке аз давлатҳои пешқадами дунё шинохта шудааст. 
Ҷаноби Олӣ ҳамеша ба раванди донишандӯзии наврасону ҷавонон, бахусус духтарони минтақаҳои дурдасти кишвар, таваҷҷуҳи хосса доранд, то нақш ва манзалати Зан-Модар дар ҷомеаи мо боз ҳам баланд гардад. Зеро зани бомаърифат ба ҷомеа рӯҳу равони қавию созанда мебахшад. Дар ин маврид, андешаҳои Пешвои миллат нисбат ба масъалаҳои рушду пешрафти занону ҷавонон аз ҷанбаҳои пураҳамияти тарбиявӣ ва ахлоқӣ бархӯрдор аст. Бузургии афкору назари Пешвои миллат дар ин масъала ба андешаҳои  шахсиятҳои барҷастаи замони эҳё ва таҷаддуд баробар аст. Онҳо ҳамеша таъкид мекарданд, ки агар мо ба тарбия ва таълими шоистаи ҷавонон машғул нашавем, пас дар ҷаҳони муосир доира ва неруҳо бо омодагии том онҳоро ба доми ҳадафҳои нопоки худ ҷиҳати амалӣ намудани таҳдиду хатарҳои ин айём истифода мебаранд.
Барои роҳ надодан ба чунин вазъ бояд 24 соат дар ҷараён бошем, аз фурсати муносиби замони рушди давлатдории миллӣ истифода барем. Яъне, моро азхудгузаштанҳо ва ҷасорату ҷавонмардӣ мебояд!
Ба ибораи дигар бояд ҳар яки мо пайрави воқеии  Пешвои муаззам бошем, муносибат ба кору пайкори худро аз ин фарзонафарзанди миллат омӯзем, аз шахсияте, ки ҳамчун Роҳбар тайи солҳои фаъолияти худ боре ҳам на танҳо рухсатии меҳнатӣ, балки рӯзи истироҳат низ надоштанд. Яъне, ба маънии томаш худ сӯхтаву барои миллат сохтанд. 
Ин аст, ки вақте шахс дар бораи талошу фидокориҳои Пешвои миллат сатре менависад, воқеан, дар андешае қарор мегирад: аз чи сар кунаду бо чи анҷом бахшад. Дар ҳақиқат хизматҳои Пешвои миллат дар даҳҳо асари назмиву насрӣ ва илмиву назариявӣ ифода шудаанд, вале кас ба андеша меравад, ки ин ҳама ҳоло дар васфи заҳматҳои шабонарӯзии Ҷаноби Олӣ ҳеҷ аст. Набояд ҳар як соҳибқалам қаҳрамониҳои бемислу монанди Пешвои миллат ва хизматҳои содиқонаашонро нодида гирад.  Зеро то ҳол нависанда, рӯзноманигор, олим ва муҳаққиқе натавонистааст, ки шоҳкориҳои Пешвои миллатро дарк намуда, шахсият ва тавоноии иқтидори фикрию маънавӣ ва ватанпарастиву азхудгузаштанҳои Эмомалӣ Раҳмонро бо он ҳашамати фарогир ба риштаи эъҷод кашад.
Махсусан, шоҳкории Сарвари давлат дар самти ба эътидол овардани вазъи ноороми солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар аз коршиносони ватанӣ таҳлили амиқу фарогирро талаб мекунад.   Ҳоло ҳам таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки дар ҷаҳон назир надорад, мавриди омӯзиши садҳо коршиносони марказҳои таҳқиқотии ҷаҳон мебошад. То ҳол онҳо ба худ савол медиҳанду посухашро ҷустуҷӯ мекунанд, ки чӣ гуна ба як фард ҳалли чунин масъалаи мушкили миёншикан насиб гаштааст. Чӣ гуна ӯ роҳи сулҳро на танҳо барои сокинони кишвари худ – Тоҷикистон ҳамвор кардааст, балки кӯшишу талош дорад, ки барои дигарон, аз ҷумла давлатҳои ҳамҷавор низ, дар ин ҷода хизмате анҷом диҳад. 
Дар остонаи Ҷашни Рӯзи Модар мехоҳам садҳо аҳсант ба гунаи модаре фиристам, ки чунин фарзанди фидоиро баъди ҳазорсолаҳои аз даст додани давлатдории миллӣ барои эҳё намудани давлату миллати тамаддунофари тоҷик ба дунё овардааст.
Дар фарҷом фақат ҳамин қадар мегӯям: «Ба ин марди Худо, эй ҳамватан, шукрона бояд кард!». Зеро мо дар асри XXI бо Эмомалӣ Раҳмон ва бо ҳидояту раҳнамоии ояндабинонаву ояндасозашон қадамҳои устувор мегузорем. 
 
Иброҳим ПИРНАЗАРЗОДА, номзади илмҳои сиёсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.03.2021    №: 46    Мутолиа карданд: 1195
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед