иҷтимоиёт
ҲАР КӢ Н – ОМӮХТ АЗ ГУЗАШТИ РӮЗГОР…
Шукри беҳад, ки ба камолоти умр расида, бо зикри айёми мозӣ аз таҷрибаву андӯхтаҳои хеш насли ҷавонро огаҳ месозем. Ҳадаф аз ин нигошта танҳо ибрат гирифтану дубора такрор накардани хатоҳои гузашта мебошад. Ин ҷониб акнун дар гӯшаи узлат нишастаам, вале фикри ободиву сарсабзии Ватани азиз ва шодиву нишоти ҳамватанон ягон вақт маро тарк накардааст. Агар имрӯзҳо гоҳе қалам ба даст гирифтаву аз даврони сипаришуда чизеро бар сафҳаи рӯзгор менависам, танҳо бо ин мақсад аст, ки ҷавонони азизро аз уфтодан ба чоҳи гумроҳиву залолат боздорем ва рисолати одамиву қарзи шаҳрвандии хешро дар назди халқу Ватан, ки дар домани пурмеҳраш моро парваридааст, адо намоем.
Тобистони солҳои 90 - ум. Нисфи рӯз садои занги дарро шунидам. Ду нафар паси дар истода буданд. Вақте онҳоро ба хона даъват кардам, напазируфтанду изҳор доштанд, ки аз ноҳияи Восеъ омадаем. Аз нақли онҳо маълум шуд, ки сардори идораи сохтмони ба номи «Қурбонтекстил» дар Восеъ ҳафтае инҷониб бемор будааст. Хоҳиш карданд, ки бо мо ба ноҳия рафта бемореро муоина кунам. Азбаски хеле исрор доштанд, ҳамроҳи онҳо биравам, розӣ шудам.
Баъди нисфирӯзӣ ба «Қурбонтекстил» расидем. Ба ошёнаи дуюми бино баромада, дар хобгоҳ бо сардори сохтмон дидор дидем. Ӯ як марди қоматбаланди тануманд буд, вале бо чеҳраи ғамгину хотирпарешон рӯйи кат мехобид. Ҳамсараш болои сараш нишаста буд. Тақрибан 30 - 40 дақиқа беморро муоина карда, аз собиқаи ин беморӣ ва давову дармоне, ки қабул кардааст, пурсон шудам. Сипас, доруҳои дар назди беморбударо дида, чанде аз онро тавсия додам ва бо сӯзан ду доруро тазриқ (дору гузарондан) кардам. Каме оромӣ дар чеҳраи бемор падид омад ва бар лабонаш табассум ҳувайдо гашт.
Маълум шуд, ки бемор шаҳрванди Италия, аз ин кишвар ба Ашқобод омада (Туркманистон) бо як зани рус унс гирифта, издивоҷ кардааст. Бо амри сарнавишт барои анҷоми сохтмони «Қурбонтекстил» ба Тоҷикистон омадааст. Суҳбати мо бо марди итолиёӣ атрофи таъриху адабиёту ҳунар ва футболи Италия гарм шуд. Бинобар ноором будани вазъ ва ноамнии роҳҳо бемор хоҳиш кард, ки як шаб меҳмони ӯ бошаму фардо ба пойтахт баргардам.
Ҳамин тавр, бо ҳам дар як хонаи сеҳуҷрадор ғизои шом хӯрдем. Дар даромадгоҳи як ҳуҷра мутахассисони руминиягӣ хӯрок мехӯрданд. Дар хонаи дигар телевизор гирён буду, чанд нафар бозии ду даста аз серияи «А» - и Италияро тамошо мекарданд. Хоне густурда буданд, ки ба таъбири тоҷикон ба ҷуз шири мурғ ҳама чи дар он муҳайё буд. Вақте пурсидам, ки коргарони руминиягӣ, ки дар гузаштаи начандон дур ҷузъи кишварҳои сотсиалистӣ ва ҳампаймони Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, чӣ қадр маош мегиранд, ҷавоб доданд, ки 100 доллари ИМА. Ба суоли ман дар бораи миқдори музди коргарони маҳаллӣ посух доданд, ки маоши онҳо баробар бо 10 доллари ИМА аст. Тааҷҷуби ман аз заҳмати яксону тафриқаи калони дастмузди коргарони маҳаллӣ бо аврупоиҳоро дида, гуфт, ки дар ин ҷо агар 5 доллар ҳам музд диҳӣ кор мекунанд. Зеро вазъият нотинҷу мардум бекор аст. Афзуданд, ки ба коргарон ҳар рӯз се маротиба хӯроки гарм низ медодаанд.
Ҳамин тавр, он шаб дар қароргоҳи раиси сохтмон, ки хеле муҷаҳҳаз ва дорои тамоми имконот буд, шабро саҳар кардам. Чунин имконияти истироҳату шароити мусоид он вақт дар ягон гӯшаи Тоҷикистон дида намешуд. Қариб ҳама дар фикри нону ҷон шабро саҳар мекарданд.
Вақте аз коргоҳ берун шуда, бо онҳо хайрухуш мекардам, ба ин меандешидам, ки чӣ гуна дар чунин вазъ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар авзои вазнин тавонистааст, ки ин сохтмонро ҳусни оғоз бахшад.
Вақте ба шаҳри Душанбе омадам, дар манзили мо барқ набуд. Ҷумаки обро тоб дода дидам, ки оби гилолуд меояд, ба ёдам суханони мутахассиси итолиёвӣ омад. Сипас, ба кӯча баромада, дар назди мағоза барои нон гирифтан навбат истодам. Чанде пештар ҳамшираи шафқат – Наташа бо чашмони гирён ва либосҳои мотам ба бар даромада буд. Ӯ қисса кард, ки шабе бо хоҳару язнааш дар навбати нон истода буданд. Соати яки шаб вақте мошини нон меояд, ҳамин дам се марди мусаллаҳ ҳозир шуда, издиҳомро ба як тараф тела дода, бенавбат нон мегиранд. Шавҳари хоҳараш ба онҳо мегӯяд, ки тартиби навбатро риоя созанд. Нафаре аз шахсони мусаллаҳ ба сари ӯ бо хашм дод мезанад: «Ту кистӣ, ки ба мо гап ёд медиҳӣ» ва бо пошнаи автомат ӯро мезанад. Ӯ ба замин меафтад. Силоҳдорон болопӯшашонро аз танаш барварда, соати дасташро низ кашида мегиранд ва мардумро метарсонанд. Баъди чанде мефаҳманд, ки ҷон аз тани мард кайҳо баромадааст. Наташа бо чашми гирён мепурсид: «Оё мусулмонӣ ҳамин аст?» Вайро ором кардаму гуфтам, ки дар ҳамаи миллатҳо одамони хубу бад ҳастанд...
Боре худ низ шоҳиди чунин ҳодисаи ногувор гаштам. Шомгоҳе духтари 12 - соларо ба беморхона оварданд. Маълум шуд, ки ҳангоми дар навбати нон истодан тирпарронӣ мешавад ва тире ба ҷоғи ӯ исобат карда, аз сараш мебарояд. Ин тифли бегуноҳ баъди як шабонарӯз аз дунё гузашт.
Вақте чунин ҳодисаҳои нангинро мебинам, ки имрӯзҳо дар партовгоҳҳо халтаҳои пасмондаи нон ҷамъ шудаанд, панди устод Рӯдакӣ ба ёдам мерасад:
Ҳар кӣ н - омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н - омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Моҳи июни соли 1977 як гурӯҳ профессорон аз шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт - Петербург) барои баргузории бозомӯзии табибон ба Тоҷикистон омада буданд. Рӯзе бо онҳо ба тамошои сохтмони НБО «Роғун» рафтем. Директори онвақтаи сохтмон Ненахов – марди хеле донишманду хушмуомилаи рус моро пазироӣ намуд. Мо ба ҳуҷраи кории ӯ даромадем. Тугмачаеро пахш карду дар экран лоиҳаи сохтмони неругоҳ падид омад. Ӯ беш аз як соат дар бораи сохтмон ва аҳамияти он барои Тоҷикистон маълумот дод. Сипас, баён дошт, ки аввали соли 1990 чархаи якуми неругоҳ ба кор медарояд. Меҳмонон баъд аз тамошои корҳои сохтмонӣ бо эҳсосоти хуб ба пойтахт баргаштанд.
Аввалҳои солҳои 90 - ум дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад. Ҳамроҳи дигар офату бадбахтиҳо беш аз 17 намуд бемориҳои сироятӣ дар миёни мардум пайдо шуданд. Мутаассифона, ашёи зиёди сохтмони НБО “Роғун” ба яғмо рафт.
Танҳо бо гузашти беш аз 40 сол амалӣ шудани нақшаву андешаҳои асри қаблиро дидем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои зиёдеро пеш гирифта, сохтмони НБО “Роғун” - ро аз нав оғоз намуданд. Соли 2018 чархаи аввал ва соли 2019 чархаи дуюми неругоҳ ба кор даромад. Ин користони бузург бо сармояи зиёд ва ранҷу талоши ҳазорон ҳамватани мо ба даст омад. Шукронаи истиқлоли кишвар, ҳазорон шукри дигар барои амнияту осудагии ҳукмрон мегӯем.
Шералӣ РАҶАБАЛИЕВ, доктори илми тиб, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.03.2021 №: 46 Мутолиа карданд: 593