logo

иҷтимоиёт

ЛАХШ. ВАҚТЕ ДИЛИ МАРДУМ БА МЕҲНАТ ҶӮШ МЕЗАНАД...

Ноҳияи Лахш яке аз мавзеъҳои зебоманзари ҷумҳурӣ буда, иқлими салқину форамаш барои парвариши меваю картошка ва талу теппаҳои он барои  чорводорӣ басо мусоид мебошанд. 
Ба иттилои  раиси ноҳия Файзулло Баротзода, дар Лахш ба рушди соҳаи картошкапарварӣ, ки яке аз манбаъҳои асосии даромаднокии аҳолӣ мебошад, диққати хосса зоҳир мешавад.  Аҳли заҳмат дастурҳои дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироагаштаро  бобати афзун намудани кишти картошка  амиқан дарк намуда, баҳри иҷрои он омодагӣ мегиранд. 
Тибқи дурнамои рушди соҳаи кишоварзии ноҳия, ки аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, дар соли 2020 дар 4374 гектар кишти картошка, 1352 гектар зироатҳои ғалладонагӣ ва дар 138 гектар кишти сабзавот пешбинӣ гардида буд. Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи бахшҳо дар майдони 1128 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ, дар 5680 гектар картошка ва дар 239 гектар сабзавот гузаронданд. 101741 тонна картошка ҷамъ оварданд, ки нисбат ба соли 2019-ум 1730 тонна зиёд мебошад.
Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзон ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо пешниҳоди Президенти мамлакат тамоми кишоварзон барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод шуданд. Деҳқонон аз ин дастгирии Пешвои миллат рӯҳбаланд гардида, тасмим гирифтанд, ки дар мавсими имсола кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ, махсусан картошкаро афзун намоянд. 
Дар самти иҷрои нақшаи имсолаи кишт якчанд мушкилиҳо ҷой доранд, ки баҳри ҳалли онҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Аз ҷумла,  куҳнаю фарсуда гаштан ва аз фаъолият боз мондани як қисми шабакаҳои обёрӣ, дастрас набудани техникаю мошинолотҳо  ҷиҳати  тоза  намудани  наҳру каналҳои обгузару обпарто аз зумраи чунин мушкилиҳоянд.  Солҳои охир зиёд шудани ҳашароти зараррасон, ба касалиҳои гуногун дучор шудани дарахтон ба назар мерасанд, ки ба миқдори зарурӣ маводи доруворӣ  ва заҳркимиёҳо бояд дастрас гарданд.
Аксари техникаҳои кишоварзӣ фарсуда гардида,  набудани  пойгоҳи  мукаммали моддӣ-техникӣ  ва  техникаи  ҳозиразамон деҳқонони ноҳияро ба мушкилӣ мувоҷеҳ сохтаанд. Аз тарафи дигар, болоравии нархҳои  сӯзишворӣ, нуриҳои  минералӣ  ва  заҳркимиёҳо, инчунин, сари вақт таъмин нагардидани техника ба пешравии соҳа монеа эҷод мекунанд.
Имсол, хушбахтона, бо супориши Пешвои миллат маҳдудияти гирифтани қарзҳои камфоиз ва дарозмуҳлати бонкӣ оид  ба  рушди  соҳаи  кишоварзӣ  бартараф гардид,  ки  ин  барои  хариди тухмӣ ва кишти саривақтӣ мусоидат менамояд.
Баҳри иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардиданд, баробари омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани тарғибу ташвиқи васеи моҳияти Истиқлол ва Озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, арзишҳои неки миллӣ, бунёд намудани 221 иншооти гуногуни таъйиноти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, муассисаҳои иҷтимоӣ, ободкории роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардондани маҳали зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва ба анҷом расондани корҳои дигари созандагӣ ба нақша гирифта шудаанд. 40 адади он дар соли 2018, 39 - то дар соли 2019 ва 71 адад дар соли 2020 ба анҷом расонда шуда, дигар бандҳои нақшаи мазкур то санаи фархунда амалӣ хоҳанд гашт.
 “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2018-2020», 136 лоиҳаро бо маблағи умумии 82,2 миллион сомонӣ дар бар мегирад. Аз лоиҳаҳои барномавӣ ба соҳаи иқтисодӣ 46 адад, иҷтимоӣ 48 ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода 6 инфрасохтор 35 ва ба бахши таъминоти захиравӣ 5 лоиҳа рост меоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 2020 дар доираи татбиқи барномаи рушди ноҳияи Лахш 87 лоиҳа ба маблағи умумии 32  миллиону 054,9 ҳазор сомонӣ (39 фоизи маблағи умумии барнома ба анҷом расонда шудааст. Нисбат ба 49 лоиҳа, ки арзиши умумиашон  50 миллиону 113,0  ҳазор сомонӣ буда, 61 фоизи маблағи умумии барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро дар бар мегирад, манбаи маблағгузориашон аз тарафи вазорату идораҳо ва шарикони рушд номуайян мондааст.
Мониторинги Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2018-2020 муайян намудааст, ки барои амалисозии барнома аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ  11 миллиону 159,7 ҳазор сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 1 миллиону 114,2 ҳазор сомонӣ, бахши хусусӣ 10 миллиону 038,2  ҳазор сомонӣ, сармояи хориҷӣ 4 миллиону 928,1  ҳазор сомонӣ, саҳми мардум 2 миллиону 618,7 ҳазор сомонӣ ва тариқи ҳашар 2 миллиону 196,0  ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 32 миллиону 054,9 ҳазор сомонӣ харҷ гардидааст.
Бо мақсади татбиқи амалии барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия, инчунин, бо назардошти шароиту имкониятҳои воқеӣ, сарчашмаи ташаккули буҷети маҳаллӣ намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳия намудани «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2021-2025» чораҷӯӣ доранд.  
Сокинони заҳматпешаи ноҳияи Лахш аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида, дар самтҳои муҳими хоҷагии халқ, бахусус картошкапарварӣ ва чорводорӣ, сайёҳӣ, бунёди иншооти гуногун ва анҷоми дигар корҳои бунёдкориву созандагӣ Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои меҳнатӣ, бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва  садоқатмандӣ ба Ватан пешвоз мегиранд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2021    №: 47    Мутолиа карданд: 627
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед