logo

фарҳанг

ҲАЙДАР ҚОСИМОВ. ҚАҲРАМОНИ ЗИНДАЁДЕ, КИ ҚОТИЛОНИ НАҲЗАТ РИШТАИ УМРАШРО БАРКАНДАНД

Моҳи декабри соли 1941 дар қатори дигар ватандӯстони диёр Ҳайдар Қосимов ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафт. Сентябри соли 1943 фармондеҳии ротаи миномётии 229-и полки тирандозии фронти марказӣ ба Ҳайдар Қосимов вогузор карда шуд.  Ҷанговари шуҷои тоҷик дар яке аз муҳорибаҳои хунин, дар убур намудани дарёи Припят ғасби майдони миномётҳо, анбори захиравии яроқу аслиҳа ва несту нобуд кардани садҳо аскарони душман, қудратмандии худ ва аскарони шуҷояшро нишон дод. Барои ҷасорату мардонагӣ нишон додан бар зидди фашистон ва роҳ кушодан ба Артиши Шӯравӣ ҷиҳати озод намудани шаҳру рустоҳо аз дасти истилогарони фашистӣ бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС Ҳайдар Қосимов ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонда шуд.  
Аз рӯи маълумоти дастрас, Ҳайдар Қосимов дар бисёр муҳорибаҳои хунини ҶБВ дар солҳои 1941 – 1945 ширкат варзидааст. Баъд аз ғалаба ба рӯйхати афсарони эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шуд ва ба Ватан баргашт. 
Ҳайдар Қосимов дар корҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолона кор мекард. Дониши хубу маҳорати ташкилотчигиашро ба назар гирифта,  ӯро раиси Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»-и ноҳияи Вахш таъйин карданд. Баъдан дар вазифаи муовини директори хоҷагии чорвопарварии ноҳияи мазкур кор карда, як давра вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш буд. 
Солҳои 90-уми қарни гузашта баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ саркардаҳои ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ бо нишондоди хоҷагони бурунмарзиашон вазъ дар мамлакатро ноором сохта, шуълаи ҷангро барафрӯхтанд. Оғози алангаи оташи ҷанг аз совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш сарчашма гирифт. Мардуми заҳматкаши кишвар аз тарси ҷанг барои ҳимояи ҷони худ ва наздикон тарки ҷойи зист карда, ба дигар ноҳияҳои нисбатан ором гуреза шуданд. Оилаи қаҳрамон Ҳайдар Қосимов низ бо мардуми деҳа ба ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) омада, ба ҳалқаи хешу пайвандонашон пайвастанд. Охири моҳи январи соли 1993 рӯзона гурӯҳи яроқноки ношиноси ҷангҷуй ба хонаи муаллим Қаноатшо Абдуллоев, ки Ҳайдар Қосимов дар он ҷо буд, ғайриқонунӣ ворид шуда, бо тундгӯӣ Ҳайдар Қосимовро бо худ бурданд. 
Хешу ҳамдиёрон, ёру дӯстон ҳарчанд минтақаҳои ноҳияро ҷустуҷӯ карда бошанд ҳам, аз Ҳайдари қаҳрамон хабаре пайдо накарданд. Фасли зимистон гузашту баҳор омад ва овозае паҳн шуд, ки ҷасади марде дар паҳлуи пули назди ПМК-22  пайдо гаштааст. Ин аввали моҳи марти соли 1993 буд. Хешовандони марҳум дарҳол ба ин ҷо омада диданд, ки ҷасад, аллакай вайрон шуда буд. Танҳо аз либосҳои танаш, ки доимо низомипӯш буд ва аз рӯйи дигар нишонаҳояш хешовандонаш шинохтанд, ки ӯ Ҳайдар Қосимов - охирин қаҳрамони зиндаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶБВ аст ва аз дасти насли фашистии наҳзатӣ  ваҳшиёна ба қатл расонда шудааст. Оне, ки барои ғасби душман ҷонбозиҳои қаҳрамонона кард, оне, ки барои насли ояндаи худ заминаи сулҳ офарид, номи тоҷикро шарафмандона боло бардошт. 
Ҳайдар Қосимов замони қатли бераҳмона ба синни 71 расида буд. На даъвои вазифа дошт, на даъвои бойигарӣ, ӯ  танҳо қурбони бозиҳои сиёсӣ, қурбони муллоҳои чаласаводу мансабпараст, қурбони наҳзатиҳои хунхор гашт.  Баъдан маълум гашт, ки Ҳайдар Қосимов аз дасти  аъзои  ТЭТ ҲНИ, яке аз бераҳмтарин размандагони ин ниҳод Мустафо  (бо лақаби Мустафои наҳзатӣ), дар хати сарҳади давлатӣ ба қатл расонда шудааст.
Дар арафаи 75-умин солгарди Ғалабаи ҶБВ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун дар назди оромгоҳи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов лавҳаи ёдгории иштирокчии ҶБВ (солҳои 1941 – 1945) гузошта шуд.
 
А. ИБРОҲИМЗОДА, 
сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷайҳун»-и ноҳияи Ҷайҳун,
М. СИЯРЗОДА, 
муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷайҳун»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2021    №: 47    Мутолиа карданд: 538
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед