logo

фарҳанг

МОДАР

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз Офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра – қатраву зарра – зарра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.
* * *
Бувад афзун зи оташ сӯзи модар,
Халоиқ аст дастомӯзи модар,
На як рӯз аст аз соле ба номаш,
Бувад ҳар рӯзи дунё рӯзи модар.
 
* * *
Кӯдаке, ки омодаи таваллуд шудан буд, рӯ ба сӯи Худованд карду пурсид: «Эй Худои қодиру меҳрубонам, мегӯянд, фардо маро ба замин мефиристӣ, аммо ман бо ин хурдӣ ва бидуни кумаке чӣ гуна метавонам барои зиндагӣ ба онҷо биравам?» Ҳотифе аз ҷониби Худо ба ӯ садо дод: «Аз миёни теъдоди бисёре аз фариштагонам ман якеро барои ту дар назар гирифтаам, ки ӯ дар интизори туст ва аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард». Кӯдак ҳанӯз намедонист, ки мехоҳад биравад ё не, боз рӯ ба сӯи Худованд карду гуфт: «Худоё, ман дар ин ҷо коре намекунам, мушкиле надорам, коре ба ҷуз хандидан ва овоз хондан надорам ва инҳо барои шодии ман кофӣ ҳастанд». Ҳотифе аз ҷониби Худованд ба ӯ нидо кард: «Фариштаи ту бароят овоз хоҳад хонд ва ба рӯйи ту лабханд хоҳад зад, тавре ки ту ишқи ӯро эҳсос хоҳӣ кард ва шод  хоҳӣ шуд». Кӯдак бо нигаронӣ пурсид: «Эй Худованди меҳрубон, вақте ки ман забони онҳоро намедонам, чӣ тавр метавонам бифаҳмам, ки онҳо чӣ мегӯянд?» Дубора садои латифи ҳотифи ғайб гӯши ӯро навозиш кард: «Фариштаи ту зеботарин ва ширинтарин вожаҳоеро, ки мумкин аст бишнавӣ, дар гӯши ту замзама хоҳад кард ва бо сабру бурдборӣ ба ту ёд хоҳад дод, ки чӣ гуна суҳбат кунӣ». Кӯдак бо нороҳатӣ идома дод: «Вақте бихоҳам бо ту суҳбат кардан, чӣ бояд кунам? Аз он ҷо чӣ гуна бо ту  суҳбат кунам?» Посух омад, ки фариштаат дастҳоятро дар канори ҳам гузошта, ба ту ёд медиҳад, ки чӣ гуна дуо кунӣ ва бо ман сухан бигӯӣ». Кӯдак сарашро поин афканду пурсид: «Шунидам, ки дар Замин инсонҳои баде ҳам зиндагӣ мекунанд, аз онҳо маро кӣ муҳофизат мекунад?» Шунида шуд, ки «фариштаат аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард, ҳатто агар ба қимати ҷони худаш бошад». Кӯдак даст бардошт ва пурсид: «Худоё, агар қарор аст биравам, пас номи фариштаам чист?» Садо омад, ки номи фариштаат аҳамият надорад, ба содагӣ метавонӣ ӯро модар бигӯӣ». 
 
* * *
Шахсе назди ҳазрати Муҳаммад (с) рафта, аз ӯ пурсид: «Ё паёмбар! Ман чӣ касеро метавонам дӯст дошта бошам, ба ӯ эҳтиром гузорам? Оё чунин шахс вуҷуд дорад?». Паёмбар дар посух гуфтанд: «Модарро». Он шахс се бор суоли худро такрор намуд ва посухи паёмбар (с) як хел буд. Танҳо маротибаи чаҳорум расули акрам (с) гуфтанд: «Падарро ҳам».
* * *
Рӯзе бо ғурури ҷавонӣ бонг бар модар задам. Дилозурда ба кунҷе нишаст ва гирён ҳамегуфт:
«Чи хуш гуфт золе ба фарзанди хеш,
Чу дидаш палангафкану пилтан.
Гар аз аҳди хурдит ёд омадӣ,
Ки бечора будӣ дар оғӯши ман,
Накардӣ дар ин рӯз бар ман ҷафо,
Ки ту шермардию ман пирзан».
 
* * *
Абдуллоҳ ибни Масъуд (р)-ро шабе модараш об талаб кард. Абдуллоҳ рафт, то барои модари азизаш об биёварад. Ҳангоме ки баргашт, дид, ки модараш хоб аст. Ӯ об дар даст то субҳ дар сари болини модар интизор шуд ва ӯро ҳатто бедор накард. Зеро намехост модарро нороҳат кунад ва, инчунин, аз наздаш дур нарафт, то ки мабодо модар бедор шаваду об бихоҳад ва Абдуллоҳро пайдо накунад.
 
* * *
Рӯзе марде назди расул (с) омаду гуфт: «Ё расулаллоҳ (с), модари ман пир шудааст, бо дасти хеш нон дар даҳони вай мениҳам ва об медиҳам. Ӯро ба пушти худ мебардорам. Оё ҳаққи фарзандии худро адо кардаам?» Паёмбар гуфтанд: «Аз сад якеро ба ҷо наовардаӣ, аммо Худованд туро савоби бисёр медиҳад».
 
Аҳли эҷоди "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.03.2021    №: 48    Мутолиа карданд: 712
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед