logo

фарҳанг

ЧАШМАИ САОДАТ

Зан ояндасозу бунёдгари миллату давлат аст. Чунки асоси тарбияи насли наврасро зан бар дӯши худ гирифтааст. Бидуни шубҳа, пойдевори ахлоқу адаб, озодагиву сарбаландии фарзандро дар хонавода модар мегузорад.
Хушбахтона, дар замони шӯравӣ бо зӯриву зорӣ ва гоҳо ба зар ҳукумати вақт кӯшид, ки духтарон босавод бошанд. Ин раванд тоза ҷон мегирифт, ки ИҶШС барҳам хӯрд ва аксари давлатҳои пасошӯравиро нооромиҳо фаро гирифт. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад. Дар чунин давраи ҳассосу пурмоҷаро аз байни мардум шахсияте, ҷавонмарди хуштолеъ, умеди охирини миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон зуҳур кард.  
Ҳангоми  ироаи  Паёми  навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи кор бо занон  ва оила супориш доданд, ки лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2030" ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 - 2025 таҳия ва пешниҳод намоянд. Аз ҷумла, гуфтанд: “Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад”.
Ёдовар мешавем, ки 23 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе 10 - солагии қабули Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон натиҷагирӣ ва таҳияи лоиҳаи нави Стратегияи мазкур барои солҳои 2020 - 2030 баррасӣ гардида буд. Ин санад яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳоест, ки ба ҳалли масъалаҳои дарки зарурияти таъмини баробарии гендерӣ  ва татбиқи сиёсати гендерӣ аз ҷониби ҷомеа, номукаммал будани заминаҳои қонунгузорӣ дар ин самт, ҷой доштани ақидаҳои мухталиф бобати нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, нокифоя будани ҳамкории тарафайни мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, ҷой додани мушкилот дар амалисозии ҳуқуқҳои занон дар соҳаҳои мухталифи сиёсату меҳнат, иқтисоду фарҳанг равона гардида, дар доираи 9 боби таҳияшуда масоили зикргардида бо ҳадафҳои расидан ба мақсадҳо инъикос мекунад. 
Мо - бонувони кишвар аз ғамхории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону бонувони мамлакат миннатдорем. Таваҷҷуҳ ба занону бонувон чун гурӯҳи муташаккили иҷтимоӣ дар Паём шаффоф ва мисли оина мушоҳида шуд. Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо кор таъмин шудани аҳолӣ, хусусан занону бонувон, мавқеи асосиро ишғол менамоянд. 
Чораандешиҳои мазкур далели он аст, ки роҳбари кишвар дар бунёди ҷомеаи демократӣ ба Зан – Модар такя мекунанд ва бовар доранд, ки ояндаи босаодатро занону мардон дар якҷоягӣ меофаранд. 
 
Латофат АБДУЛЛОЕВА,
устоди Донишкадаи сайёҳӣ, 
соҳибкорӣ ва хизмат
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.03.2021    №: 48    Мутолиа карданд: 602
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед