номаҳо
МАШЪАЛАФРӮЗИ ЗИНДАГӢ
Дилам майли суханҳоят, куҷоӣ?
Магар модар суроғи ман наоӣ?
На шаб хобам, на рӯз аз ҳиҷри рӯят,
Биё, то ин ки лолоӣ сароӣ.
Басо рамзист, ки ҳамасола бо омадани муждаи баҳор, бедоршавии табиат ва шукуфтани гулҳо «Рӯзи Модар» истиқбол карда мешавад. Зебоию назокат, муҳаббату самимият ва оғози зиндагӣ аз каломи модар ибтидо мегирад. Оре, дар васфи модар ҳар қадар сухан бигӯем, кам аст. Аз ҳазор яке ҳам ногуфта мемонад.
Модари ман – Хуморбӣ 29 марти соли 2019 аз олам чашм пӯшид. Соли дуюм аст, ки ӯ дар байни фарзандонаш нест. Мо – фарзандон доимо суханҳо, корҳо, меҳрубониҳои ӯро ба ёд меорем. Меҳнатдӯст буд, бекориро дӯст намедошт. Гоҳе дар сари мошинаи дарздӯзӣ ба духтани канзулу курта машғул мешуд, гоҳе барои мо - духтарҳояш гулдӯзӣ мекард. Кадбонуи хело хуб буд. Хӯрокҳои лазиз ва нонҳои зебо мепухт. Меҳмоннавоз буд. Доимо хонаамон аз меҳмон нур мегирифт. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ӯ фарзандҳоро хуб тарбия кард. Мо - фарзандон дар соҳаҳои гуногуни ҷамъият кор мекунем. Яке табиб, дигаре омӯзгор, сеюмин, иқтисодчӣ ва чорумин, сохтмончӣ. Модар нахустин мураббии мо - фарзандон буд. Таълиму тарбияи аввалинро аз ин шахсияти бузург омӯхтем. Албатта, тамоми шоирон, ситорашиносон, олимон, рассомони дунё муҳаббати зан – модарро ба риштаи тасвир кашидаанд ва ситоиш намудаанд. Модарро сарчашмаи зиндагӣ гуфтаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Зан - Модарро чун мураббии ғамхору меҳрубон, машъалафрӯзи зиндагӣ ва ҳидоятгари некиву накукорӣ ситоиш кардааст.
Фирӯза МИРЗОЕВА,
омӯзгори МТМУ № 50 ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.03.2021 №: 48 Мутолиа карданд: 8909