фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
Саволҳо:
1. Номи занона. 2. Худовандо, …амро нигаҳ дор. 3. Лақаби шоҳзодагони сайиднасаб.
4. Бо сару … . 5. Меросхӯр. 6. То ...дор аст, Ватандор аст ӯ. 7. Барно, наврас. 8. Фикр, мулоҳиза. 9. Санге, ки бо он кордҳоро тез мекунанд. 10. Бақия, боқӣ. 11. Фаришта дар Замин. 12. Номи занона.
Таҳияи Муинҷон ХОЛИҚОВ, хонандаи синфи 10-и МТМУ № 4, ноҳияи Айнӣ.
ҶАВОБ БА МУАММО БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, АЗ 26 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021:
1. Пенал. 2. Автомат. 3. Генерал. 4. Рутба. 5. Рада. 6. Посбон. 7. Тир. 8. Офитсер. 9. Саф. 10. Артиш. 11. Таппонча. 12. Полковник. 13. Қатор. 14. Раф. 15. Норинҷак. 16. Лейтенант. 17. Прапоршик. 18. Тирдон. 19. Сарбоз. 20. Ниқоб. 21. Ҷуздон. 22. Мил. 23. Калашников. 24. Корднайза. 25. Танк. 26. Аскар. 27. Парчам. 28. Радиф. 29. Мина. 30. Милсунба. 31. Қуланг. 32. Қӯшун. 33. Сипар. 34. Қундоқ. 35. Силоҳ. 36. Майор 37. Парашутчиён. 38. Айнак. 39. Камингоҳ. 40. Шералӣ Мирзо. 41. Мубориза. 42. Амният. 43. Сарҳадбон. 44. Душман. 45. Набард. 46. Хатар. 47. Ядро. 48. Гурезгоҳ. 49. Фосила. 50. Муҳосира. 51. Ҷиноят. 52. Десант. 53. Сулҳ.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Расо 260 сол пеш, аниқтараш соли 1760, Императритса Елизавета қонун дар бораи даст назадани хизматчиёни давлатӣ ба коррупсияро имзо карда буд. Афсӯс, то ҳол касе намедонад, ки қонуни мазкур аз кай ба ҳукми амал медарояд.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ЕКАТЕРИНАИ II
Барои Екатеринаи II одат шуда буд, ки минтақаҳои дуру наздики Россияро гашта, нафарони арзанда, бахусус ҳарбиёнро, шахсан худаш мукофот медод. Муҳаббати ӯро шоҳзодаи Белгия Шарл Жозеф де Лин мушоҳида карда, нимшӯхиву нимҷиддӣ луқма мепартояд:
- Улёҳазрат, табъи болидаи шумо гувоҳи он аст, ки аз тамоми хизматчиёнатон розиед!
- Шоҳзода, бовар кунед, ман на ҳар вақт чеҳраи кушода дорам, вале аз рӯи одат онҳоеро, ки дар кори худ содиқанд, дар ҳузури омма тавсиф мекунам, танбалон бошанд, «мукофот»-ашонро дар танҳоӣ ва рӯ ба рӯ мегиранд.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Падари ӯ Азиз Матин яке аз аз бонуфузтарин давлатмандони музофот буд. Бобову бобокалонаш низ одамони доро буданд. Аз рӯзе, ки ақлашро мешиносад, авлоди онҳо дар байни мардум иззату эътибор дошт. Ва ин мартабаву эътизоз ба зар такя мекарданд, ба пулу мол…
* * *
Фасли баҳор шуд, эй дури мо, биё,
Дар хандаи шафақ, эй нури мо, биё.
Кӯҳи ях об шуд, дарё пуроб шуд,
Бо чашмаҳо биҷӯш, дар зарраҳо биё…
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 26 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021:
Сорбон, Сайдалӣ Маъмур.
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
ДАСТИ МОДАР
Муаллим ба гурӯҳи толибилмон рӯ овард:
- Бачаҳо, модарони кадоме аз шумо бештар заҳмат мекашанд?
Ҳама баробар овоз баланд карданд, то бузургии модари хеш собит созанд.
Муаллим ба баҳс нуқта гузоштан хоста, гуфт:
-Дидед ба назар чунин менамояд, ки модарон бо сад даст кор мекунанд.
- Ин хел бошад, барои чӣ мо дар бораи ташаккули инсоният мегӯему модарон танҳо ду даст доранд? – кунҷковона пурсид яке.
- Зеро қудрати ин дастон аз муҳаббати модар сарчашма мегирад ва дар дунё аз он дида чизи қудратмандтаре нест, - хулоса баровард муаллим.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
КРИШТИАНУ РОНАЛДУ: “МОДАР ПАНОҲГОҲИ МАН АСТ”
Дар як мусоҳиба аз футболбози маъруфи сайёра Криштиану Роналду пурсон мешаванд, ки «Чаро шумо то ҳол ҳамроҳи модаратон зиндагӣ мекунед ва чаро ба модари худ хонаи алоҳида намехаред?»
Ҷавоби футболбоз хеле таъсирбахш буд:
- Мо зиндагии фақирона доштем, ҳатто маблағ барои харидани хӯрокаи серӣ пайдо карда наметавонистем. Модарҷонам рӯзу шаб ба ҳайси фаррош кор мекард, то як пояфзол бароям бихарад. Ҳамаи муваффақияти ман ба ӯ бахшида шудааст. То рӯзе, ки ӯ зинда аст, бо ман хоҳад буд ва ҳама чизеро, ки ман дар зиндагиям дорам, самараи корашон аст. Бояд ҳаминро гӯям, ки модар чароғи умри ман дар зиндагиям ҳаст. Маҳз меҳри бепоён ва навозишҳои гарми он кас маро ба оламу одам ошно сохтаву дар майдони сабз муваффақ гардонд. Пас, ман бояд ба қадри ғамхориҳои модарам бирасам ва ҳамеша дар канораш бошам. Модар паноҳгоҳ ва бузургтарин ҳадияи Худованд барои ман аст.”
Таҳияи З. РАҶАБ
ФАТТОҲИ АТЛАНТИКА
Бонуи 21- солаи бритонӣ танҳо бо заврақи муқаррарӣ уқёнуси Атлантикаро шино кард. Муаллимаи шиноварӣ Жасмин Харрисон аз ҳама ҷавонтарин зане гардид, ки ин гуна сафарро анҷом дод.
Ӯ моҳи декабри соли гузашта аз ҷазираҳои Канар шиноро шурӯъ намуд. Ба вай 76 рӯзу се соату 48 дақиқа лозим омад то ба ҷазираи Антигуа дар баҳри Кариб бирасад.
Сайёҳи шуҷоъ ҳамагӣ 4 ҳазору 828 километрро убур намуд. Дар зимн, заврақ ду маротиба чаппа шуд, вале бону тавонист, ки тӯфони баҳриро фатҳ намуда, ба ҳадафаш бирасад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
АВВАЛИН ЗАН - СИТОРАШИНОС
Каролина Гершел (1750 - 1848) дар таърих чун аввалин зан - ситорашинос эътироф шудааст. Ӯ хоҳари хурдии астрономи машҳури англис Уилям Гершел буд. Ӯ вазифаи ходими илмии бародарашро ба ҷо меовард ва барои ин маош ҳам мегирифт. Каролина дар Британияи Кабир аввалин зане ба шумор меравад, ки барои кори илмӣ музди кор гирифтааст. Давоми солҳои 1786-1797 - ум 8 ситораи думдор кашф намуда, бо ин восита ба феҳристи ҷирмҳои осмонӣ ситораи нав ворид кард.
Барои корҳои назарраси ситорашиносӣ бо медали тиллои Ҷамъияти астрономони шоҳон қадраш намудаанд. Соли 1846, яъне дар синни 96 - солагӣ бо медали тиллои Академияи илмҳои Пруссия қадр шудааст. Ба шарофати Королина Гершел дар само ду саёраро номгузорӣ намудаанд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
ИХТИРООТИ ЗАНОН ДАР ХИЗМАТИ МАРДОН
Сӯхторнишонӣ касби мардона бошад ҳам, нардбони онро зан ихтироъ кардааст.
Соли 1887 Анна Коннели, сокини Амрико, ба идораи патентӣ муроҷиат намуда, пешниҳод кард, ки биноҳоро бо пулҳои оҳанӣ пайваст созанд, то тавассути онҳо оташнишонон зуд ба маҳали воқеа расида, сӯхторро осон хомӯш кунанд. Баъдтар, ҷои пулҳои оҳанинро бо зинапоя иваз карданд. То ҳол ин ихтироъ мавриди истифода қарор дорад.
Соли 1917 автомобили оташнишонро низ Эл Долорес Ҷонс сохтааст, ки он ҳам зан аст.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
ДАР СИТОИШИ МОДАР
Модар – маънои бахшидан ва худро қурбонӣ карданро дорад.
Эрих Мария Ремарк
Мо модарони худро тақрибан бидуни андеша дӯст медорем ва амиқии ин муҳаббатро то он замоне, ки абадан ҷудо шудем, дарк менамоем.
Ги де Мопассан
Калимаи аввали шахс модар аст, сухани охирин модар аст. Дунё ба навозиши модарон такя мекунад.
Михаил Лезинский
Муҳаббати модар чунон қудратманд аст, ки аз чизе ва касе вобаста нест.
Теодор Драйзер
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБИ 8-УМИ МАРТ
8 март дар кишвари мо расман Рӯзи Модар эълон шудааст. Дар дигар кишварҳо он ҳамчун Иди занон ҷашн гирифта мешавад. Вале дар Сурия 8 март - Рӯзи Инқилоб, дар Замбия - Рӯзи Ҷавонон ва дар Малайзия - Рӯзи Султон таҷлил мегардад.
***
Дар Мадагаскар 8 март рӯзи истироҳат танҳо барои ҷинси латиф эълон шудааст. Барои чиниҳо ҳарчанд ин сана ҷашнӣ бошад ҳам, онҳо ба ҷойи кор мераванд. Аммо барои кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ имкон гардид, ки дар рӯзи байналмилалии занон танҳо аз соли 1966 ба кор нараванд.
***
Ҳамин рӯзи соли 1910 халабони фаронсавӣ Элиз де Лароше соҳиби унвони аввалин лётчики зан дар ҷаҳон гардид, ки барои парвоз дар ҳавопаймо иҷозатнома гирифт. Таъ-йиноти рамзии ин мақом як тасодуфи одӣ буд, вале маҳз аз ҳамин сол дар Фаронса Рӯзи занон ҷашн гирифта мешавад.
***
44 дарсади занон туҳфаи аз ҳама арзишмандро дар ин рӯз гул меҳисобанд, ки тақрибан 55 дарсади мардон ҳар сол тақдим мекунанд. 15-16 дарсади занон мехоҳанд, ки ба онҳо ҷавоҳирот туҳфа намоянд.
***
Хонумҳои англисӣ рӯзи 8 март аз таваҷҷуҳ маҳруманд. Ид расман ҷашн гирифта намешавад: касе ба касе гул намедиҳад ва худи бритониёиҳо маънои иззату эҳтироми занонро ба сабаби зан буданашон комилан намефаҳманд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СИТОИШИ ЗАН – МОДАР
Агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад.
***
Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад.
Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад.
***
Модар ба истилоҳ вожае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре, ки муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст ва ӯ ситораи дурахшонест, ки бо нерумандии атокардаи Худои мутаол роҳи фарзандро дар тӯли зиндагӣ равшан месозад.
Таҳияи Лашкар ШАРИФЗОДА
Аз ҳаёти бонувон
ПАРШИКАСТА
Дар Майн-Шпессарте бонуи 24 – сола дар роҳи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба садама дучор шуд. Мошинаш дар наздикии бинои суди шаҳри Лор ба чуқурие уфтод. Вай худро гум накард, даступохӯрда нашуд. Зуд ба шавҳараш занг зад, ки ба ёрӣ шитобад. Сипас, ба шавҳари ояндааш низ хабар фиристод. Гуфт, ки мехост аз шавҳари якумаш хати талоқ бигираду бо ӯ издивоҷ намояд ва дар ҳамин фикру хаёл буду надонист, ки чӣ тавр ба ғор афтод. Ҳар ду мард баробар ба мушкили зан расид. Шавҳар бонуашро аз мошини маҷақшуда бароварду шавҳари оянда дар атрофи сабукрав гашта ангушти надомат мегазид. Зеро мошин мошини ӯ буд.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
ШАБЗИНДАДОРӢ ДАР БОНК
Дар Калкутта (Ҳиндустон) бонуи 52-сола рӯзи шанбе ният кард, ки то баста шудани дари бонк қуттии муштарии худро, ки дар сейф меистод, бинаду дилаш ором ва чашмонаш аз ҷилои ҷавоҳирот нур гиранд. Кормандони бонк ӯро фаромӯш карданд, чароғҳо хомӯш гаштанд, сейф ба таври худкор пӯшида шуд. Зан 58 соат маҳбус монд, зеро барои кормандони бонк рӯзи душанбе ҳам рӯзи истироҳат буд. Субҳи рӯзи сешанбе хизматчиёни бонк бонуи гуруснаву ташнаву бадбахти беҳолро дарёфтанд, аҷиб, ки ба озодӣ набароварданд. Чунки «бонкро ба суд мекашам», - гуфта таҳдид мекард. Танҳо, вақте забонхат дод, ки ба ҷое шикоят намебарад, бонкдорон дари озодиро ба рӯяш боз намуданд.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
КИШВАРҲОЕ, КИ ДАР ОНҲО РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН РАСМАН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
1. Тоҷикистон
2. Федератсияи Россия
3. Ҷумҳурии Мардумии Чин
4. Ӯзбекистон
5. Қазоқистон
6. Беларус
7. Афғонистон
8. Ангола
9. Арманистон
10. Озарбойҷон
11. Буркина-Фасо
12. Камбоҷа
13. Куба
14. Гурҷистон
15. Гвинея-Бисау
16. Эритрея
17. Қирғизистон
18. Лаос
19. Мадагаскар
20. Молдова
21. Муғулистон
22. Непал
23. Туркманистон
24. Уганда
25. Украина
26. Вйетнам
27. Замбия
Таҳияи Умар АЛӢ
МОДАРИ ЧАШМБАРОҲ
Модар бо шавҳар ва якаписараш зиндагии осуда доштанд. Вақте ки шавҳари зан аз дунё гузашт, писари нохалаф модарашро ба хонаи пиронсолон бурд, то ки дар танҳоӣ аз лаззати ҷавонӣ баҳра гирад. Писари беинсоф баъд аз муддати тӯлоние ба аёдати модар рафт.
Модар гуфт: «Мехоҳам, ки барои хонаи пиронсолон кумак намоӣ. Ин ҷо бисёр гарм аст, яхдон нест, ки хӯрокро нигоҳ дорӣ, шароити таомпазӣ нест, бештар вақт гурусна мондам». Писар бо як лаҳни тунд гуфт: «Ту дар сақароти марг ҳастию аз ман чунин талаб мекунӣ?».
Модар бисёр ғамгин шуд ва гуфт: «Писарам, ман дар ин ҷо аз гармӣ ва гуруснагӣ бисёр азоб кашидам, вале метарсам, фардо, ки фарзандонат туро ба ин ҷо оварданд, ту аз гармӣ ва гуруснагӣ азоб накашӣ. Аз ин рӯ, чунин талаб кардам».
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ВАЛЕНТИНАИ ҲАВОНАВАРД
Валентина Гризодубова 27 апрели соли 1919 дар шаҳри Харков (Украина) ба дунё омадааст.
Аввали солҳои 1930 Валентина дар аэроклуби шаҳри Тула ва мактаби ҳавопаймоии Тушино (Россия) ҳамчун инструктор кор кардааст.
24 сентябри соли 1938 ҳамчун командири экипаж бо Полина Осипенко ва Марина Раскова парвози рекордии бидуни фурудоӣ аз Москва то Шарқи Дурро ба масофаи 6450 километр дар 26 соату 29 дақиқа анҷом додааст.
Бо ин парвози рекордӣ иштирокдорони он то Ҷанги Бузурги Ватанӣ аввалин бонуҳое буданд, ки бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадр гардиданд.
Дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ подполковник Валентина Гризодубова Комитети зиддифашистии занҳои шӯравиро сарварӣ менамуд. Сипас, бо хоҳиши худ ба ҷанг рафт ва солҳои 1942-1943 фармондеҳи полки ҳавоии 101-уми Авиатсияи дурпарвоз буд. Бо орденҳои Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат, Ситораи Сурх, медали «Ба Партизани ҷанги ватанӣ» қадр шудааст.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.03.2021 №: 48 Мутолиа карданд: 1005