номаҳо
МАҚСАДИ МО ҶУЗ ОБОДӢ ЧИЗИ ДИГАРЕ НЕСТ!
Дар деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор маркази гармидиҳӣ барои муассисаҳои таълимӣ ва гармхона, заводи консервабарорӣ, муассисаи томактабӣ, ҳаммом, бинои алоқа ва хизматрасонӣ, идораи хоҷагӣ ва ПРУ паноҳгоҳи махсуси зиддирадиатсионӣ, 16 зеристгоҳи насосҳои обкашии чоҳии артезианӣ, ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ, қубурҳои интиқоли гази табиӣ ва газтақсимкунӣ, базаи сохтмони деҳот ва заводи машрубот (дар масоҳати 6 гектар) мавҷуд буд. Баъзеи онҳо ҳанӯз ҳам ҳастанд ва дар тобеияти шахсони алоҳидаанд, ки аз соли 1996 фаъолият надоранд. Боғчаи бачагон, ҳаммом, бинои алоқа ва хизматрасониро шахсони алоҳида чун манзили истиқоматӣ истифода мебаранд.
Ман аз соли 1979 сокини ин деҳаам ва то соли 1996 дар хоҷагии "50 - солагии Октябр" чун бинокор, назоратчии техникӣ ва фармоишгари сохтмон фаъолият доштам. Имрӯз ба валангории иншооту биноҳо назар карда, дилам реш - реш мешавад. Борҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва маҳал доир ба ин масъала муроҷиат намудам. Мутаассифона, муроҷиату аризаҳо ҷавоби худро наёфтанд.
Дар маҷлиси умумии маҳаллаи Ҳаёти Нав мардум гуфтанд, ки дар деҳаи мазкур зиёда аз 700 хоҷагӣ иқомат дорад. Мардуми деҳа ба бунгоҳи тиббӣ ва маркази солимгардонию баланд бардоштани масунияти бадан ниёз доранд. Аз ин лиҳоз, хоҳиш менамоянд, ки бинои фарсудашудаи назди литсейи ба номи Собири Шоҳониро барои истифодаи бунгоҳи тиббӣ ва эҳтиёҷоти мардум ба ихтиёри кумитаи маҳалла вобаста намоянд. Ҳамзамон, бинои мазкур дар тавозуни литсей боқӣ монад. Таъмиру тармими бунгоҳ ва варзишгоҳро кумитаи маҳалла ба уҳда мегирад. 5 декабри соли 2020 муроҷиати мо бо ариза сурат гирифт. 18 декабри соли 2020 ҷавоб гардонданд, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, № 705 «Дар бораи манъ намудани хусусигардонии иншоотҳои соҳаи маориф» МИҲД - и шаҳри Ҳисор ваколати аз ҳисоби муассисаҳои соҳаи маориф ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони маркази саломатиро надорад.
Дар таърихи 13 феврали соли ҷорӣ сеюмин аризаро бо протоколи маҷлиси умумии маҳалла ба раиси шаҳри Ҳисор пешниҳод намудем. Бо ин амал мо, мардуми деҳаи Ҳаёти Нав ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳем деҳаамонро ободу зебо гардонем ва онро мисли шаҳрак ороставу пероста бубинем.
Умед дорем ин дархости мо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дастгирӣ меёбад.
Мардон АШУРОВ,
сокини деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Ҳисори
шаҳри Ҳисор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.03.2021 №: 50 Мутолиа карданд: 9051