logo

фарҳанг

АЗ ПАСИ ҲАРИРИ АБР...

«Шабонгаҳ. Манзиле дар оғӯши кӯҳистон. Манзили дилдода. Дилдодае, ки дарди фироқ мекашад. Азоби танҳоии ӯ он қадар гарон, он қадар сахту сангин аст, ки ин шаби сиёҳу зулмонӣ гӯё поён надорад. Моҳ аз паси ҳарири абр берун меояд, домани хаёлоти ошиқ низ дар суроғи дилбари моҳрӯяш саргардон. Ахтаре аз само шарорапошон канда мешавад. Барқ аз бархӯрди якборагии абрҳо шуъла мезанад ва замин аз нури он лаҳзае равшан мешавад. Кандашавии ахтару сӯзиши барқ зикри ҳоли ин ошиқи зор аст, ки аз танҳоӣ чун кундаи тар дарун-дарун месӯзад. Борон меояд, қатра-қатра аз ду бари рӯ ҷорӣ мешавад ва ашки шашқатори ошиқ низ мисли ҳамин борон пушти дар заминро тар мекунад. Ҳамин тавр ба поён мерасад боз як шаби ҳасрат, боз як шаби ғамолуда. Аммо ин ранҷу ҳасратро ҳанӯз фарҷоме ва субҳи умедро нишоне нест… Беҳтар аз шоир манзараи номбурдаро тасвир кардан имкон надорад:
Боз шуд ғамолуда,
Як шаби дигар бе ту,
Ин сиёҳи тӯлонӣ
Кай шавад саҳар бе ту?
 
Аз паси ҳарири абр
Моҳ чеҳра равшан кард,
Пеши рӯ ҷамоли ту
Гашт ҷилвагар бе ту.
 
Бо шарораи сӯзон
Канда шуд яке ахтар,
Доштам ба ин манзар
Бо алам назар бе ту.
 
Абр чун ба ҳам печид,
Барқ оташак дардод,
Сӯхтам ба ҳасратҳо,
Мисли чӯби тар бе ту.
 
Қатра-қатра борон шуд,
Зад ба ҳарду рухсорам,
Ашки шашқатори ман
Рехт пушти дар бе ту…
 
Чи қадар зиндаву гӯёанд ин тасвирҳо! Ва чи пайванди ҷудонопазире миёни муҳит ва рӯҳияи ошиқ, табиат ва инсон. Ҳама чизе, ки ин дилдодаи муштоқ мебинад, бо ӯ ва рӯҳияи ӯ рабт мегирад. Ягон зебоии дунё барояш арзиш надорад, ба ҷуз муҳаббате, ки дар ниҳонхонаи қалбаш парваридааст, ба ҷуз садоқату вафое, ки писандидатарин дастмояи пӯяндагону шефтагони роҳи ишқи поку мубаррост…».
Ин пораест аз мақолаи таҳлилии Муроди Нуриён перомуни эҷодиёти  Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи  Абуадуллоҳи Рӯдакӣ шодравон Мирзо Файзалӣ. Вақте матлаби мазкурро то ба охир мехонӣ, гармиву нармӣ ва оростагиву перостагии ҳарф, таҳлили амиқу дақиқи муаллиф мафтунат мекунад. Бо маънифаҳмии бисёр нозуку баҳогузории оқилонаву одилонаи хеш  ҳадафи адибро пеши хонанда  рӯшан месозад. Муҳаққиқи асил бояд ҳамин хел бошад. Хонандаи закӣ аз оҳанги гуфтору нигоштаҳояш хуб мешиносад, ки дар паси ин сатрҳо кӣ истодааст. 
Аз чанд нигоштаи дигари Муроди Нуриён таҳлилгари бомаҳорат будани ӯ аён мегардад. Боз барои мисол пораеро аз як нигоштаи дигари эшон меорем: «Адабиёти бадеӣ яке аз қавитарин ва пуртаъсиртарин василаҳои тарбия ҳисобида мешавад. Мо аз ҳаёт медонем, ки одамон ба тимсолҳои адабӣ пайравӣ намуда, чи садоқату қаҳрамониҳое дар роҳи мақсад, барои Ватанашон ба зуҳур овардаанд. Махсусан, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, барои несту нобуд кардани фашизм. Адабиёт барои кӯдакон низ ҳамин рисолатро ба ҷо меоварад ва шояд муваффақонатар. Он як бахши муҳими адабиёти ҷаҳониро ташкил медиҳад. Магар мешавад шоҳкориҳои беназиреро дар ин ҷода, мисли қиссаҳои басо дилпазири Ҳанс Кристиан Андерсен, Марк Твен фаромӯш кард? Ин асарҳоро чи хурд ва чи бузург бо шавқ мутолиа мекунанд, аз онҳо ҳаловат мебаранд.
Замони шӯравӣ ин бахши эҷоди бадеӣ дар мо чун як шохаи мустақили адабиёт ташаккул ёфт.  Зумрае шоирону нависандагони номдор дар ин соҳа заҳмат кашида, осори пурарзишу фаромӯшношуданиеро дар ганҷдони адабиёти тоҷик боқӣ гузоштанд.  Чун Мирсаид Миршакар, Пӯлод Толис, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Наримон Бақозода, Убайд Раҷаб, Нуъмон Розиқ… Тарбияи маънавию ахлоқии созандагони коммунизм бахши умдае аз фаъолияти давлат буд ва нисбат ба равнақи адабиёт, аз ҷумла адабиёти кӯдакон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешуд. Теъдоди нашри чунин осор даҳҳо ҳазор нусхагиро ташкил медоду имкониятҳои дастрасии атфол ба китоб фаровон буд. Аҳли қалам ба эҷоди асарҳо барои кӯдакон ташвиқ мешуданд…».
Ҳарчанд перомуни адабиёт Муроди Нуриён мақолаҳои зиёде надорад, вале ин навиштаҳо бо амиқияти нигоҳ ва муносибати ҷиддӣ ба масъалаи мавриди назар дар хотирҳо боқӣ мемонанд. 
- Вақте ки бо нияти таҳқиқу таҳлил ба асари адиб назар мекунӣ, бояд дидат холисона бошад, - мегӯяд ӯ. - Агар дили муҳаққиқ заррае аз ғубори ғараз торикӣ дошта бошад, вай метавонад муваффақияти бо хуни дил бадастовардаи эҷодкорро сарфи назар кунад ва ин зарбаи сахте мешавад ба  пешравии адабиёти мо.
Муроди Нуриён рӯзноманигор аст. Рӯзноманигори собиқадору варзида. Баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Кумитаи давлатии радио ва телевизион фаъолияти худро оғоз намудааст. Қобилияти баланди касбӣ ва дониши ҳаматарафа боис шуд, ки то ба вазифаи сармуҳаррири идораи барномаҳо барои ҷавонону кӯдакони Радиои Тоҷикистон бирасад. Давоми фаъолият дар баробари дигар барномаҳо, ба таҳияи барномаҳои адабӣ диққати ҷиддӣ медод, чун   тарбияи инсон, махсусан ҷавонону наврасон бе адабиёт маънӣ надорад.
Муроди Нуриён дар эҷоди асарҳои публитсистӣ низ чирадаст аст.  Донандаи хуби забони русист. Дар тарҷума низ бадеӣ қувваозмоӣ дорад. Чанд ҳикояи нависандаи фаронсавӣ Ги де Мопассан ва нависандаи рус Василий Шукшинро ба тоҷикӣ гардондааст.
Соли 1989 Муроди Нуриёнро барои кор ба рӯзномаи «Коммуна» (ҳоло «Шаҳриёр») - и шаҳри Ваҳдат (он вақт Орҷоникидзеобод) ба кор даъват намуданд. То соли 1991 ин ҷо фаъолият намуда, баъд ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба кор мегузарад. Панҷ сол дар ин нашрияи бонуфузи кишвар қаламфарсоӣ намуда, аз соли 1995 то соли 2004 ба ҳайси мухбири ҳарбӣ, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳомии Ватан» - и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа ҳам кардааст. Солҳои 2004 – 2009 корманди шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи КИМ ҲХДТ буд. Солҳои 2009-2010 сармуҳарририи  рӯзномаи  «Мароми пойтахт»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанберо ба уҳда дошт. Аз соли 2010 вазифаи муовини сармуҳаррирро дар рӯзномаи «Шаҳриёр» ба ҷо меорад. Ба фаъолияти Муроди Нуриён вақте назар меандозем, хулоса менамоем, ки ӯ марди таҷрибаандӯхта мебошад.  Вай дар қаламрави зиндагӣ бо қалам хизмати халқу Ватан карда.  
 
Абдусаттори РАҲМОН,
барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2021    №: 51    Мутолиа карданд: 733
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед