logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК
САВОЛҲО:
1. Дафтари қайдҳо ба забони русӣ. 2. Адибе, ки соли 1930 дар идораи рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») ва маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» (ҳоло «Садои Шарқ») фаъолият кардааст. 
3. Таҳиягари мақолаву хабарҳо. 4. Ҷашни баҳорӣ. 5. Нависандаи машҳуре, ки соли 1827 таваллуд шудааст. 6. Яке аз рӯзномаҳои машҳури Фаронса. 7. … Зулқарнайн. 8. Нависанда, Қаҳрамони Тоҷикистон. 9. Номи рӯзнома. 10. Шабакаи иҷтимоӣ. 11. Шаҳраке, ки дар он аввалин нашрияи Тоҷикистон ба табъ расидааст. 12. Ҳашамат.
 
Таҳияи Муинҷон ХОЛИҚОВ, хонандаи синфи 10-и МТМУ № 4, деҳаи Дар - Дар, ноҳияи Айнӣ
 
 
ҶАВОБ БА МУАММОИ «РӮЗИ МОДАР», АЗ 5 МАРТИ СОЛИ 2021:
1. Озода, 2. Нигин, 3. Мирзо, 4. Сомон, 5. Ворис, 6. Забон,  7. Ҷавон, 8. Назар, 9. Фасон, 10. Монда, 11. Модар, 12. Азиза.
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
 
ЧОЙХОНАИ ТОҶИКОНИ АМРИКО МАКОНИ ТАЪРИХӢ ЭЪТИРОФ ШУД
Пештар огоҳ будем, ки чойхонаи тоҷикии ба ном “Боулдер - Душанбе” дар иёлати Колорадои Амрико фароғатгоҳи писандидаи амрикоиҳо шудааст. Инак, ёдгории таърихӣ эътироф шудани он фараҳмандии моро фузуд.
Шӯрои шаҳри Боулдери иёлати мазкур чойхонаи тоҷиконро ба рӯйхати ёдгориҳои таърихии худ ворид карда, ба ҳифзи қисматҳои дохилӣ ва берунии он муваззаф гардид.
Шаҳрдори Боулдер Сем Вивер (Sam Weaver) чойхонаро «Ганҷинаи Боулдер» хонда, гуфт: «Мо ифтихор мекунем, ки шаҳри мо дорои чунин бинои аз назари меъморӣ зебо ва саршори нафосати шарқиёна аст».
Ёдовар мешавем, ки соли 1987 Боулдер бародаршаҳри Душанбе шуд ва пас аз ин то соли 1990 чил устои кандакори тоҷик онро сохтанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
 
- Ҳоҷимаҳмуд,- рӯбарӯи ӯ меистод Носирхитой. Дастҳои кӯтоҳ-кӯтоҳаш паси пушт мағрурона давом менамуд: - Гуфта будам, ки мебиёям, вомехӯрем,-  боз таъкид намуд: - Ана дидӣ, ҷӯра, омадам.  Ба берун кашед, занед! – ба йигитҳояш фармон дод: – Чӣ хомӯшед? Нашунидед чӣ гуфтам, занед!!
* * *
Касе, ки ошиқ аст, аз ҷон натарсад,
Зи банду кундаву зиндон натарсад.
Дили ошиқ мисоли гурги гушна,
Ки гурги гушна аз чӯпон натарсад.
 
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 5 МАРТИ СОЛИ 2021:
Саттор Турсун, Гулрухсор.
 
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
 
Телефон: 238-53-40
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Соли  1937 Городовиков, ки баъд аз Будёний савораи 2-юми армияи рус маҳсуб мешуд, аз ӯ мепурсад:
- Семён, рост аст, ки ҳамаро якҷоя дар сафи пеш мепартоянд?
- Не, танҳо боақлонро номнавис карданд, ману худат дар ин рӯйхат нестем,- нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯяд Будёний. 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
ЛАС-ВЕГАС – ШАҲРИ ШАБ
Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико дар рӯйхати кишварҳои тамошобоби олам ҷойи сеюмро ишғол намояд ҳам, аз ҷиҳати воридоти маблағ аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ пешсаф аст. 
Хусусан, ҷазираҳои Гавайа ва бешазору ҷойҳои касногузари Аляска, инчунин, марказҳои дилхушии шаҳри Лас – Вегас, ки чун «Шаҳри шаб» машҳур гардидааст, барои ҷалб ва истироҳати бофароғати сайёҳон аз тамоми гӯшаю канори олам заминаи мусоид фароҳам овардаанд.  
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
ДАР МАЙДОНИ САБЗ
ЯК СУХАНИ ДАРДНОКИ РОНАЛДИНЙО
Роналдинйо Гаушои (Роналду ди Асис Морейра) бразилиягӣ, яке аз ситораҳои дурахшони футболи сайёра, чемпиони ҷаҳон (2002, Ҷумҳурии Корея/Ҷопон), барандаи «Тӯби тиллоӣ» (2005) саргузашт ва лаҳзаи ҳаяҷонбахши худро дар майдони сабз чунин ба хотир овардааст: «Падарам ба ман ёд медод, ки чӣ тавр бо пойи луч тӯбро идора кунам, то пойҳоям обутоб ёбанд. Ман бошам, ба ӯ ваъда додам, ки бо ин ҳол тӯбро баробари дигарон дар ихтиёр мегирам. Аммо воқеият ин буд, ки падарам барои харидани кроссовка ба ман пул надошт. Вақте ки соҳиби «Тӯби тиллоӣ» шудам, на аз шодӣ мегиристам, балки гиря мекардам, ки ман дигар падар надорам».
Таҳияи ФАРОМАРЗ
 
 
Зиндагӣ танҳо умр ба сар бурдан нест, балки рушд кардан аст. Умр ба сар бурдан корест, ки аз ҳамаи ҳайвонот бармеояд.  Аммо рушд кардан, ҳадафи волои инсон аст, ки гурӯҳи маҳдуде метавонанд иддаояшро дошта бошанд. 
Бернард Шоу 
Аз русӣ тарҷумаи Нигина РАҲМОН
 
 
МАЪБАДИ «НИЛУФАР» 
Ҳиндустон бо иншооти зебою нодири худ машҳури оламиён аст. Аз ҷумла, яке аз биноҳои шинохтаву маъруф – ибодатгоҳи «Нилуфар» бо шукӯҳу шаҳоматаш дили ҳар бинандаро тасхир менамояд.
Меъмори маъбад шаҳрванди иронитабори Канада Фарибурз Саҳбо буда, ҳангоми таҳияи тарҳи он аз намуди зоҳирии Театри операи Сиднейи Австралия  илҳом гирифтааст.
Сохтмони ибодатгоҳи «Нилуфар» соли 1978 дар деҳаи Баҳопур, наздикии шаҳри Деҳлии Нав, оғоз ёфта, 22 декабри 1986 ба итмом мерасад. 
Чуноне иттилоъ дода мешавад, аз соли ба истифода додан то соли 2002, аллакай, беш аз  70 миллион сайёҳ аз он дидан намуд. Рӯзҳои ид ба ин ҷо то 150 ҳазор нафар меояд. 
Аз русӣ тарҷумаи Ш. ШОКИР
 
 
ММД: БА ҲАР САРИ АҲОЛӢ 115 839 ДОЛЛАР
Люксембург аз ҷиҳати иқтисодӣ аз ҷумлаи мамлакатҳои пешрафтатарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумотҳои охирин, маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар ба ҳар сари аҳолӣ 115 839 доллари ИМА мебошад ва аз ин ҳисоб дар олам мақоми аввалро касб менамояд.
Асоси иқтисодиёти Люксембург-ро соҳаи бонкдорӣ ташкил медиҳад, ки он беш аз 30 дарсади ММД-ро таъмин месозад. Ба шарофати минтақаи офшорӣ будан, дар мамлакат наздики 1000 фонди сармоягузорӣ ва беш аз 200 бонк ҷойгиранд.
Аз русӣ тарҷумаи Наргис РОЗИҚОВА
 
 
 
ТӮЛОНИТАРИН БОЗИИ ҲОККЕЙ.  ОН 252 СОАТ ДАВОМ КАРД!
Моҳи феврали соли равон дар музофоти Албертаи Канада байни дастаҳои Team Hope ва Team Cure  тӯлонитарин бозии ҳоккей баргузор гардид, ки 252 соат давом кард ва бо ҳисоби 2649 : 2528 ба фоидаи дастаи  Team Hope анҷом ёфт. Рақобат 4 феврал оғоз шуда, субҳи 15 феврал ба охир расид. Гуфта мешавад, ки бозӣ ҳатто шабона дар ҳарорати  -55  °C ҷараён дошт. 
Боиси тазаккур аст, ки бозии дарозмуддати ҳоккей пешниҳоди табиби дастаи «Эдмонтон Ойлерз» Брент Сайк буда, хайриявист ва аз соли  2003 роҳандозӣ шудааст. 
Имсол аз ҳисоби ин бозӣ 1,8 миллион доллар ҷамъ оварда шуд, ки ба таҳқиқоти бемориҳои онкологӣ дар Донишгоҳи Алберта равона мешавад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
Аксе, ки ба бонуи тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ овард
Ба шарофати нашри акс дар муқоваи маҷаллаи «Огонёк» бонуи тоҷик Лола Исмоилова аввалин зебосанами олам эътироф гашта буд. Ӯ соли 1932 дар ноҳияи хушманзараи Ишкошим чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. 
Соли 1949 намояндагони матбуоти марказии Иттиҳоди Шӯравӣ ба муносибати 20-солагии таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварданд ва дар доираи он бо мусоидати ректори вақти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) бо донишҷӯи факултети биология Лола Исмоилова вохӯрданд. Баъд аз ин, акси Лола бо либоси рубобнавозон дар маҷалла нашр шуд, ки ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ овард. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА 
 
 
ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ШАҲРИ ХАТТИИ БИДУНИ МОШИН БУНЁД МЕГАРДАД
Шоҳзодаи Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон нақшаи бунёди шаҳри хаттиро, ки дарозиаш 161 километр мебошад ва дар як масири мустақим ҷой мегирад, расонаӣ намуд. Сохтмони он семоҳаи аввали соли равон дар назар аст.
Шаҳр бо номи The Line (Хат) дар қисмати шимолу ғарбии шоҳигарӣ, дар наздикии соҳили баҳри Сурх бунёд мегардад. Тамоми инфрасохтор зери замин пинҳон мемонад ва  аз нақлиёти баландсуръат, ки тариқи зеҳнияти сунъӣ идора мешавад, истифода мегардад. Дар инфрасохтор тамоми хадамоти зарурии шаҳриро ҷой медиҳанд. Аз як гӯша ба гӯшаи 165 - километра метавон дар 25 дақиқа расид.
The Line  тақрибан 1 миллион одамро дар худ ҷой хоҳад дод.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
МАНИЖА БА «ЕВРОВИДЕНИЕ – 2021» МЕРАВАД
Овозхони тоҷик Манижаи Сангин дар Озмуни байналмилалии мусиқии «Евровидение – 2021», ки дар шаҳри Роттердам (Нидерландия) баргузор мегардад, Россияро намояндагӣ мекунад. Дар он ӯ суруди Russian Woman («Зани рус»)-ро ба забони русӣ иҷро менамояд. Сарояндаро бинандагони шабакаи аввали телевизиони Россия тавассути раъйдиҳии телефонӣ интихоб намуданд. 
Манижа Сангин зодаи шаҳри Душанбест ва дар хонаводаи зиёиён:  падараш – табиб ва модараш – равоншинос ба дунё омадааст.
Манижаи 29-сола соҳиби ду албом – «Manuscript» (соли 2017) ва «ЯIAM» (соли 2018), инчунин, мини-пластинкаи «Womanizha» (соли 2019) мебошад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
87 РӮЗ ТӮЛОНИТАРИН ДАВРАИ ТАВАЛЛУДИ ДУГОНИКҲО
Ин рекорд ба сокини Ирландия Мария Джонс – Эллита тааллуқ дорад.
1 июни соли 2012 ӯ духтари нахустинашро, ки ҳамагӣ 500 грамм вазн дошт, ба дунё овард. Тифли  дуюм бошад, дар батни модар монд ва, билохира, 27 августи ҳамон сол, баъд аз 3 моҳ, ба олам омад.
Фосилаи таваллуди дугоникҳо  87 рӯзро ташкил медиҳад, ки ин муҳлат дар таърих  бесобиқа ба ҳисоб меравад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
Дар авҷи муҳориба ба Искандари Мақдунӣ хабар расонданд, ки яке аз сарбозонаш бо номи Искандар  аз шасти душман тарсида, тавони пештозӣ надорад. 
Сарлашкари бағазабомада Искандари ҳамномашро даъват карда мегӯяд:
- Пешат ду шарт мегузорам: ё боғайрату ҷасур шав ё номатро иваз кун. 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
ТАЪРИХИ РЕКЛАМА
Бояд гуфт, ки чопи  маводҳои ташвиқотӣ аз замонҳои қадим ба назар мерасанд. Онҳо дар шакли хаттӣ, визуалӣ ва шифоҳӣ ифода ёфтаанд. Бино ба маълумоти муаррихон, аввалин матлаби таблиғотии ҷаҳон дар Мисри Қадим интишор ёфта, дар он роҷеъ ба фурӯши ғулом хабар дода шудааст. Инчунин, баъзе мисршиносон мешуморанд, ки паёмҳои таблиғотӣ рӯи сангҳо дарҷ мегардиданд. Зеро яке аз чунин сангҳо дар шаҳри Мемфис ёфт шуд, ки аввалин пойтахти Мисри Қадим буд.
Таҳияи Зебо НАЗАРОВА
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2021    №: 52    Мутолиа карданд: 898
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед