logo

иқтисод

ЗАМИН ВА ЗЕБОӢ - ДУ ОМИЛИ ЗИНДАГИСОЗ

Итминони комил дорам, ки  ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва мо якҷо  бо халқи азизамон ва миллати фарҳангсолору тамаддунсозамон заҳмат кашида, Ватани маҳбуби аҷдодиямонро ободу зебо ва пешрафтаву неруманд гардонда, обруи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем. 
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҳар рӯз шоҳиди навигарӣ ва навсозӣ мегардем. Ба ҳусни диёрамон, бешак, ҳусни дигаре зам мешавад. Биноҳои боҳашамати баландошёна, корхонаҳои азим ва пулу роҳҳои ҳамвори нав ба нав пайдо мешаванд. Фаромӯш набояд кард, ки кишвари мо кӯҳистонисту заминҳои ҳамвор кам дорем ва дар замини ноҳамвор манзилу корхонаву роҳу пул сохтан кори осон нест. Вале миллати мо аз уҳдаи осон гардондани ҳар гуна душворӣ мебарояд, зеро азмаш дурусту саъ-яш комил ва шиораш “Тоҷикистон, ба пеш!” мебошад. 
Экология муносибати организмро ба муҳити атроф меомӯзад. Агар муҳити атрофамон тозаву озода бошад, саломатиамон хубу зиндагиамон хушу рӯзгорамон обод мешавад. Банда ҳавои тозаву ободиву зебоиро дар сабзиву хуррамӣ мебинам. Агар атрофамон сабзу хуррам бошад, ҳаётамон ҳатман пурсурур мегардад. Олимони ҷаҳон оид ба вайрон шудани экология бонги изтироб мезананд. Қариб ҳар рӯз хабарҳои зиёдро бо арқоми фузун эълон медоранд. Шарт нест, ки мо мисолҳои овардаи онҳоро бори дигар такрор созем. Беҳтараш, роҳи осони ҳалли мушкилотро дарёбем. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид фармудаанд: "Истифодаи иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон барои таъмин намудани кишварҳои минтақа бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза - яке аз асосҳои рушди "иқтисоди сабз" - метавонад ба кам гардидани партовҳои гази карбон ба атмосфера мусоидати ҷиддӣ намояд".  
Мо нағз медонем, ки кишвари мо аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135 – умро ишғол менамояд ва саҳми арзишманд дар ҳалли мушкилоти глобалӣ дорад. Боз медонем, ки саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудааст, яъне иқтисодиёти мамлакатамон ба шакли индустриалӣ – аграрӣ табдил дода мешавад. Табиист, ки корхонаҳои саноатии нав арзи вуҷуд мекунанд. Воқеан ҳам, бе корхонаҳои азим ба пешравӣ ноил шуда наметавонем, вале бояд дар баробари саноатикунонӣ ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ диққати ҷиддӣ диҳем. Масалан, сокини деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор соҳибкор Муҳаммадалӣ Норбеков дар як қитъа замини камҳосили домани адирҳои ташналаб, ки ҳатто ба лалмикорӣ мувофиқ нест, корхонаи хиштпазӣ бино кард. Дар ин корхона қариб 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъминанду рӯзгорашонро обод мекунанд. Соҳибкор дар замини ин ҷо, ки ниҳоле ҳам намесабзид боғи сарсабзе бунёд намуд. Суоле пайдо мешавад: “Обро аз куҷо гирифт?”. Дар қисми ғарбии деҳа ҷарии бисёр амиқе мавҷуд аст, ки ҳангоми боришот дарёи дамонро мемонад ва чуқурии баъзе ҷойҳояш қариб ба 15 метр мерасад. Аз умқи ин ҷарӣ доимо оби чашмае равон аст ва касе онро истифода бурда наметавонад. Соҳибкор ана ҳамин оби чашмаро ба манфиати мардум равона сохт. Агар шумо аз баландӣ ба ҷониби корхона нигаред, аввал боғу бӯстонро мебинед. Ҳама ҷо сабзу хуррам, ҳавояш беғашу тоза, атрофаш зебову дилрабост, яъне корхона дар байни боғистон ҷойгир аст. Дар боғ дарахтони шафтолу, олуболу, гелос, ангур, анор, себ, нок, ношпотӣ ва олучабандак қомат афрохтаанд. Байни радаи дарахтон сабзавоту полизӣ ва алафи беда кишта мешаванд. 
Дар чорводорию мурғпарварӣ низ мардуми мо таҷрибаи хуб доранд. Ҳатто дар фасли зимистон ҳам ин ҷо сабзу хуррам аст. Дар паҳлуи корхонаи хиштпазӣ гармхонаи калоне бунёд ёфтааст. Зимистону тобистон меваву сабзавоти тару тоза рӯҳи шуморо болидаву пурсурур мегардонанд. 
Бояд гуфт, ки хоки деҳаи Ғуриёт сафед аст. Кишоварзони асил ин гуна хокро “шира надорад” мегӯянд, вале каҷпаҳлу зада, вақтро аз даст намедиҳанд. “Одам аз ғизо қувват гирад, хок ҳам аз ғизо ҷон мегирад”,-  гӯён арақи ҷабин мерезанд ва ҳосили баланд мерӯёнанд.  Аҳолии деҳа торафт зиёд мешавад. Мардум дар талу теппаҳои ташналаб хона месозанд ва назди ҳавличаашонро сабзу хуррам мегардонанд. Бархе аз хонаҳо аз ҷӯй то ду километр дуранд, вале дар ҳавлиҳояшон дарахтони мевадиҳанда зиёданд. Бо пуштора, харакиву аспакӣ об мекашонанд. 
Занони деҳ низ баробари мардон заҳмат мекашанд. Фарзандони худро ҳам дар ҳамин рӯҳия тарбият менамоянд.  
Миллати тоҷик аз қадимулайём ҳам шаҳрсоз буду ҳам соҳиби деҳа, ки “деҳгон!”, яъне деҳқон ном мебурданд ва заминеро, ки деҳқон кор мекард, киштлох - ҷойи кишоварзӣ мегуфтанд ва бо мурури замон ин вожа “қишлоқ” шуд. Замин бо тамоми мавҷудоташ зебову пойдор аст ва кишоварз дар ин зебоӣ ҳиссаи бузург мегузорад. 
 
Ҳакималӣ НАЗАРАЛИЕВ, адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2021    №: 53    Мутолиа карданд: 1074
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед