ҳуқуқ
«БА ТАНТАНАИ АДОЛАТ БОВАРӢ ДОРАМ»
Дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби шаҳрванд Шамсиддин Насриддинов, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 8 феврали соли 2021, № 28 (24135), таҳти унвони «Ба тантанаи адолат боварӣ дорам» нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Муайян карда шуд, ки бо ҳукми суди ноҳияи Данғара аз 18 январи соли 2021 Садриддинов Насриддин Шамсиддинович бо моддаи 212, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардидааст) гунаҳгор дониста, ба ӯ ба муҳлати се сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии сукунат бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати ду сол ҷазо таъйин гардидааст.
Шаҳрванд Шамсиддин Насриддинов дар матлабаш дарҷ намудааст, ки суди ноҳияи Данғара далелҳо оид ба бегуноҳии писараш Н. Ш. Садриддиновро ба инобат нагирифта, ӯро беасос маҳкум кардааст.
Бояд зикр намуд, ки айни замон ҳукми суд эътибори қонунӣ пайдо накардааст, зеро аз болои ҳукми суд маҳкумшуда ва ҳимоятгари ӯ шикояти кассатсионӣ пешниҳод намудаанд. Аз ин лиҳоз, парвандаи ҷиноятии мазкур дар суди вилояти Хатлон мавриди баррасии кассатсионӣ қарор дода мешавад.
Ҳангоми баррасии парванда дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон маҳкумшуда ва ҳимоятгари ӯ метавонанд ваҷҳҳо ва далелҳои дар матлабаш дарҷнамударо ба ҳайати суд пешниҳод намоянд. Суди марҳилаи кассатсионӣ аз рӯи шикоят қонунӣ, асоснок ва одилона будани ҳукми судро тафтиш намуда, қарори дахлдор қабул менамояд.
Ш. ЛУТФУЛЛОЗОДА, муовини якуми раис
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.03.2021 №: 53 Мутолиа карданд: 3217