logo

фарҳанг

МУҲРАБОФӢ

Муҳрабофӣ як навъи ҳунари мардумӣ буда, ба сохтани маҳсулоти ороишӣ ва муҳрагӣ марбут аст. Маснуоти муҳрабофиро асосан, аз муҳраҳои гуногуни ранга ва риштаву торҳои пластикӣ ва симҳои махсус омода мекунанд. Равиши тайёр намудани маҳсулоти муҳрабофӣ чунин аст: ба миқдори даркорӣ муҳра гирифта тавассути сӯзан муҳраҳоро ба ришта мегузаронанд. 
Ҳангоми гузарондани муҳраҳо  ҳар як ҳунарманд мувофиқи завқи худ нақшу нигори гуногун меофарад. Тарзи пайванд кардани риштаҳо ва шакл додани маснуот низ мухталиф мебошад. Аз муҳра бештар гарданбанд, дастпона, гӯшвор, пешовез, ҳамели гардан ва ғайра омода мекунанд. Гарданбандро баъзан то миён мебофанд. Гарданбанди дарозро танҳо аз рӯи фармоиши мизоҷон таҳия менамоянд. Дар баъзе ноҳияҳои кишвар бо вуҷуди мушкил ва заҳматталаб будан гарданбандро кӯтоҳтар мебофанд ва харидорони ин навъи гарданбанд зиёдтар аст. Нақшҳои дар муҳрабофӣ инъикосшуда аз як тараф одӣ тобанд ҳам, аз тарафи дигар хело печидаву мураккаб мебошанд. Ҳар як нақши тасвиршуда мазмун ё рамзеро ифода карда, нозукии санъати муҳрабофиро дар худ таҷассум менамояд. Нақшҳои маъмулии муҳрабофӣ тасвирҳои гулу баргҳо, хатҳои мавҷнок, чоркунҷаву ромб, туморак ва чанде дигар мебошад. Ҳунари муҳрабофӣ бештар дар деҳоту навоҳии Бадахшон маъмул буда, духтарон анвои маснуоти муҳрагиро дар тӯйи арӯсиву ҷашнҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳо васеъ истифода мебаранд. Дар ин минтақа дар хонаводаҳо духтарону наврасон аз овони хурдсолӣ ба бофтани навъҳои гуногуни маҳсулоти муҳрагӣ шавқу рағбат доранд. Дар замони муосир талабот ба ин навъи ҳунар афзудааст. Аллакай шаклу намудҳои гуногуни он эҷод шуда истодааст. Аз ҷониби дигар маҳсулоти муҳрабофонро сайёҳону меҳмонон ҳамчун армуғон харид карда, ба хориҷ аз кишвар мебаранд, ки ин омил низ ба рушди ҳунари муҳрабофӣ мусоидат менамояд.   
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2021    №: 53    Мутолиа карданд: 829
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед