озмунҳо
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти
110-умин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон
Мирзо Турсунзода ОЗМУН эълон менамояд.
Дар озмун олимону адибон, публитсистону журналистони касбӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, иштирок карда метавонанд.
Асарҳои пешниҳодшаванда бояд дар қолаби жанрҳои журналистию публитсистӣ офарида шуда, фарогири хидматҳои мондагори фарзонафарзанди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар роҳи ба маҷрои худшиносӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ равона кардани қисмати халқи хеш дар марҳилаҳои ҳассоси таърихӣ бошанд.
Асарҳо дар ҳаҷми то 4 саҳифа, бо ҳуруфи Arial tj, андозаи 14, қабул карда мешаванд.
Озмун аз 15 март то 15 июни соли 2021 идома ёфта, дар арафаи таҷлили Ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷамъбаст мегардад.
МУКОФОТҲО:
Барои ҷойи аввал – 5000 сомонӣ
Барои ҷойи дуюм – 3000 сомонӣ
Барои ҷойи сеюм – 2000 сомонӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.03.2021 №: 53 Мутолиа карданд: 9524