фарҳанг
ҶИЛВАҲОИ МИНБАРИВУ АМАЛҲОИ БЕСАРӢ
Намоиши филми мустанади “Бешарафӣ” аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ парда аз рӯи шахсияти як нафари гумроҳ, ки дар асл ҳақиқати зотии худро фаромӯш намуда даст ба ҳамагуна амалҳои нангин задааст, фош намуд. Бо тамошои ин филми ҳуҷҷатӣ бешарафии яке аз чеҳраҳои марказии ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин ошкор гардид, ки пайваста мисли воизони мунофиқ аз минбар худро чун "мусичаи бегуноҳ" нишон дода, ҳамеша кораш туҳмат задан нисбат ба дигарон, ҳатто сангандозӣ ба сӯи давлату миллати тоҷик аст.
Воқеан, таҳиягарони филм тавонистаанд, ки дар натиҷаи ҷустуҷӯ, ковишҳо ва кашфи асрори зиндагонӣ ва амалҳои пасипардагии ин шахси гумроҳ чеҳра аз симои аслии ӯ бардоранд ва нишон диҳанд, ки дар асл ин воизи гӯё “покбоз” кист? Агарчи ӯ худ бо сохтакорӣ нисбат ба нафарони зиёде маводу матолиб пахш кардаву туҳматҳо мебофт, то бо ин роҳ бешарафиҳояшро пинҳон созад, аммо ҳақиқати зиндагиашро бори дигар ин филм дар чашми мардум кушод. Филми “Бешарафӣ” чеҳраи онеро ошкор намуд, ки худро гӯё инсони содиқ ба ормонҳои исломӣ гирифта, аз минбари шабакаҳои худ фарёд мезанад, дар асл кӣ будааст ва достони фурӯхташудагии ӯ аз куҷо оғоз меёбад. Тавассути намоиши ин филми мустанад ҷомеаи кишвари мо огоҳ гардид, ки дар баробари гумроҳ кардани нафарони зиёде, фиреб кардани онҳо М. Садриддин ҳамчун намояндаи ҳизби террористӣ - экстремистии наҳзати исломӣ даст ба амалҳои номатлубе мезанад, ки на танҳо ба номи инсон, балки мусалмонӣ иснод меоваранд. Дар филм нафарони мушаххас ва дақиқу аниқ вақте аз ин амалҳои бад ва рафтори хилофи меъёрҳои ахлоқи инсонии ӯ сухан мекунанд, кас дар ҳайрат меафтанд, ки чӣ тавр чунин инсон дидаву дониста ва бешармона дар баробари чунин амалҳои нопок бо забони дароз аз минбарҳои баланд сухан мегӯяд. Хоссатан, инсоне, ки ба гуфтаи коршиносони филм танҳо нафарони аз ҳадди инсонии хеш берун баромада ё дорои бемориҳои равонӣ чунин ҳарф мезананд.
Шарҳи муфассали кирдорҳои зишти ин гумроҳ ва бешарафиҳои ӯ бори дигар собит мекунанд, ки ҳамон воизони мавриди интиқоди Ҳофизи Шерозӣ дар ҳама давру замон будаанд:
Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Рафтори воизоне чун М. Садриддин шоири бузург Ҳофизи Шерозиро низ дар ҳайрат гузошта буд, ки пеши худ суол гузорад:
Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис боз пурс,
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.
Ҳадафи ин гурӯҳҳои бадхоҳ маълум аст ва инсоне, ки худ рафтору кирдори бад дорад, ҳеҷ гоҳ мақсади пок дошта наметавонад. Имрӯз ҳамаи ободиву пешрафтҳои назарраси кишвари азизи моро нодида гирифтан ё аниқтараш аз сари бемории равонии бадманишӣ ҳамеша бад гуфтан ба ин гурӯҳ чун як дарди бедаво шудааст. Зеро тамоми неруи чашму дили покбин дар вуҷудашон ба поён расидааст. Барои чашми некбин доштан, ниятҳои хайру покро соҳиб шудан лозим аст. Бухлу ҳасад ба дараҷае вуҷудашонро фаро гирифтааст, ки дигар барои андешаву рафтори нек дар он ҷойе намондааст.
Албатта, далелҳои қотеи ин филм бори дигар моро ба ин бовар мерасонад, ки М. Садриддин ва ҳаммаслакони ӯ барои ҷавоб додан дар назди хоҷагони хеш ба чунин корҳои пасту амалҳои номатлуб қодир ҳастанд. Муҳим он аст, ки намоиши филми мазкур, махсусан суханони нафарони гумроҳшуда аз дасти амалҳои ӯ ва муроҷиатҳояшон чашми мардумро бори дигар барои шинохти ҳақиқати чунин инсонҳои ватанфурӯш боз намуд. Баробари ин, ба ҷомеа ва мардум, хоса ҷавонон як бори дигар ин филм ҳушдоре дод, ки ба ҳарзаву гуфторҳои туҳматолуд, бадандешиву бадгӯиҳои ин гурӯҳҳо дода нашуда, ба дарки ҳақиқати ин нукта бирасанд, ки дар асл ин ватанбезорони бешараф кистанд? Онҳо бо чунин амалҳои нангинашон ҳеҷ гоҳ ҳуқуқи аз номи Ватани азизи мо сухан карданро надоранд.
Дар ҳошияи талқин ва маърифати ғояҳои ин филм имрӯз мардуми мо, хоса ҷавононро зарур аст, ки ба дарки зарурати таъкидҳои Пешвои муаззами миллат дар мавриди аз даст надодани зиракии сиёсӣ, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими ваҳдати миллӣ бирасанд ва барои муҳофизати арзишҳои бузурге чун истиқлол, ваҳдати миллӣ, оромиши Тоҷикистон ва таъмини амнияти ҷомеа тамоми талошу кӯшишҳои хешро харҷ намоянд. Хушбахтона, имрӯз мардуми тоҷик ба қадри ин неъматҳо, хоса ваҳдату муттаҳидӣ мерасанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунанд, чун ин гавҳари ноёб маҳсули ҷонбозиву талошҳои Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарҷамъии мардум дар атрофи меъмори кохи ваҳдати халқ мебошад.
Нуралӣ НУРЗОД, доктори илмҳои филология
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.03.2021 №: 54 Мутолиа карданд: 794