logo

иқтисод

ҶОМЕА. ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  кори шоистае  ба ҳукми анъана даромадааст, яъне аз ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз, алалхусус ба бозорҳо ва марказҳои савдои шаҳри Хоруғ ва маркази  савдои «Сари кӯл»-и ноҳияи Мурғоб  маводи хӯрокворӣ  ворид  мегарданд. Аз ин минтақаи дурдасту баландкӯҳ маҳсулоти чорво, пеш аз ҳама, гӯшти парҳезии қутос меоранд. Тайи ду соли охир, ба гуфтаи соҳибкор ва тоҷири муваффақ  Мурод Боев, ба  ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим низ маҳсулоти  кишоварзони Дарвозу Ванҷ мерасанд ва ин иқдом  минбаъд низ бештар  равнақ меёбад.
Тибқи иттилои  сармутахассиси бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ Мирзошо Иматшоев, деҳқонони саҳроҳои пурфайзу баракати вилоят  соли 2020 дар баробари зироатҳои ғалладонагӣ, картошкаву сабзавот, инчунин, ба миқдори   зиёда аз 10,5  ҳазор тонна мева ҷамъ намуданд, ки ҳосили рекордӣ мебошад. Дар ин рӯзҳо ба бозорҳо ва марказҳои  савдои  шаҳрҳои Хоруғ, Душанбе,  Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд  ва ноҳияҳои Мурғобу Ишкошим аз ҳама зиёд меваро боғдорон дар ҳамдастӣ бо соҳибкорон ва тоҷирон  ворид  карда истодаанд, ки иқдоми хеле хубу шоиста ва фоиданок  мебошад.
Дар даврони шӯравӣ аз ноҳияҳои Дарвозу  Ванҷ ба ноҳияҳои  Мурғобу Ишкошим  ва чорводорони Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа  бурдани     маҳсулот зиёд набуд, чунки пайдо  кардани нақлиёт кори ниҳоят мушкил ба ҳисоб мерафт. Ҳоло бошад, пайдо кардани нақлиёт кори  саҳл  аст. Акнун аз боғу киштаҳои пурфайзу баракати  Ванҷу Дарвоз  дар фаслҳои тобистону тирамоҳ, себу нок,  зардолуву  гелос, олуболу, анору анҷир, ангур, асал, меваҳои  ситрусӣ ба баландкӯҳҳо бе мамоният ворид мегарданд. Дар фасли зимистон ба сокинони ноҳияҳои дурдаст меваи хушки зардолу, себ, анҷир,  тутмавиз ва чормағз пешкаш  мешаванд.
Тибқи иттилои  мудири бахши кишоварзии  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз Нурмуҳаммад Додов,   сокинони ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим ва Роштқалъа аз ҳама зиёд асал, лимӯ, анору анҷир ва чормағзро меписанданд, ки  дорои хусусиятҳои шифобахшӣ доранд.
Ҳамчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ  чунин анъанаи шоистае  ривоҷ ёфтааст,  ки ба дурии роҳ нигоҳ накарда, аз ноҳияҳои   Мурғоб, Роштқалъа ва Ишкошим   на танҳо ба бозорҳо ва марказҳои савдои   шаҳри Хоруғ ва  ноҳияи Шуғнону Рӯшон, балки ба бозору марказҳои савдои ноҳияҳои  Ванҷу Дарвоз  маҳсулоти чорвопарварони  тоҷику қирғиз бо нархи дастрас  ворид мегарданд. Дар ин  рӯзҳо дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдои ноҳияҳои қисми ғарбии Бадахшон  гӯшти қутос ва гӯсфанди чорводорони  водии Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъаро  низ пайдо кардан мумкин аст. 
       
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2021    №: 54    Мутолиа карданд: 1092
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед