ҳуқуқ
НАШОЯД БЕНОМУСУ БЕШАРАФРО ИНСОН ХОНДАН!
Таҳиягарони филми “Хиёнат” қаҳрамонони муборизаи иттилоотианду амалҳояшон баҳри бедору ҳушёр сохтани мардум, хусусан ҷавонони кишвар, равона гардидааст. Зеро, то ба ҳанӯз на ҳамаи ҷавонони Тоҷикистон аз хиёнату ватанфурӯшӣ, беномусию бешарафӣ ва дигар хислатҳои касифонаи наҳзатиёни ифротӣ бохабаранд.
Тамошои қисми 7-и филми “Хиёнат” пардаи ҳаромигариҳои ҳаромзодагон бардоштаасту симои воқеии манфури Муҳаммадиқболи Садриддин – мубаллиғи ҳангомаҳои террористию экстремистии Ҳизби мамнуи наҳзати исломро инъикос кардааст. Агарчи, оммаи васеи мардум аз қаллобиҳои М.Садриддин ҷиҳати бо роҳи фиреб аз шиносони худ гирифтани маблағҳои калон аз маълумоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ бошанд ҳам, аз ноҷавонмардиҳояш тариқи тамошои филм хабардор гаштанд.
Қазоват кунед, ки падари аблаҳи М. Садриддин бо пули дуздӣ фарзанд ба воя расондаасту писари 12-13 - солаашро ба мулло Шарифи афғон бовар карда супурдааст. Муҳаммадиқболи Садриддин ба доми қумондонҳои ифротии афғон афтод. Ҳамҷинсгаро шуд. Аз ваҷоҳати ин ноҷинси мубаллиғ дар сомонаҳои интернетӣ ҳувайдост, ки кирдори бади ҳамҷинсгароӣ ба ӯ часпидаасту алҳол дар Аврупо ба амалҳои ваҳшиёна даст мезанад, макони хубе барои касофатҳояш дарёфтааст. Ин нокасе, ки бобати ҳимояи аркони дини мубини ислом ҳарф мезанаду вазъгӯйӣ мекунад, аёну рӯшод гардид, ки ҳаромзодаи касиф асту нашояд ӯро мусалмон хонд.
Орзую омоли ин мусибатзада бо баромадҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ қасди гирифтани нокомиҳояш аз дигарон асту дағдағаи М. Садриддин на барои ислому ғояҳои инсонӣ, баръакс, танҳо барои зиёд кардани нафароне, ки мисли ӯ ҳамҷинсгаро бошанд. Худ беномусу бешараф асту мехоҳад сафи чунинҳо зиёд бошаду алами мусибатзадагиаш каме паст равад.
Ба таҳиягарону коршиносони филми “Хиёнат” барои пешниҳоди воқеияти мавҷуда ва огоҳ сохтани мардум аз гаравидан ба пайравони наҳзатӣ аҳсант мехонаму умед дорам, ки мардуми кишвар, хосса насли ҷавон, аз тамошои он хулосаи зарурӣ мебароранд.
М. СОБИРОВ,
дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати ДДХ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.03.2021 №: 54 Мутолиа карданд: 3289