фарҳанг
НАВРӮЗ. ЭҲЁИ ҶАШНИ МИЛЛӢ БАЪД АЗ 7 ҲАЗОР СОЛ
Расму оини Наврӯз аз даврони дур маншаъ мегирад. Дар ҳар давру замон бар достони таҷлили Наврӯз гуфтори навин илова гардид, такмилу интишору шуҳрат ёфт ва аҳамияту тавсифи ин ёдгории муҳташами ниёгон густурдатар ва домони ҷуғрофии таҷлили он фарохтар гашт. Ин буд, ки Наврӯзи аҷамиён беш аз пеш марзҳоро убур кард ва ҷаҳонӣ гардид.
Ҳамагон огаҳанд, ки султон Маҳмуди Ғазнавӣ дар таърих чун чеҳраи ҷоҳил ва истилогар муаррифӣ шудааст, вале иқрор мебояд, ки бо талошҳои ӯ дар дарбораш 400 нафар шоиру фозил гирд омада буданд. Навиштаанд, ки ин ҳокими давр Наврӯзро гиромӣ медошт ва он барояш манзалати баланд доштааст ва муҳташаму густурда таҷлилаш мекардааст. Дарвоқеъ, бамаврид аст бигӯем, ки исломро дар мулки Ҳиндустон маҳз ӯ паҳну густариш дода буд. Манучеҳрии Домғонӣ, ки аз шуарои дарбораш буд андар ситоиши Наврӯз гуфтааст:
Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод.
Наврӯз гиромитарин ҷашни мардуми ориётабор аст, ки онро чун оғози соли нав, рӯзи аввали фарвардинмоҳ мутобиқ ба 21 моҳи марти мелодӣ истиқбол мекарданд. То оғозшавии иди Наврӯз бонувон дар зарфҳои махсус сабзаи наврустаи гандумро омода сохта, зимнан, манзилҳоро сафед карда, лавозимоти хонаҳоро офтоб медоданд. Рӯбучини ҳавлиҳо ва кӯчаю хиёбонҳо идомабахши тақозои Наврӯз буд.
Баробари наздик расидани Наврӯз ниёгони мо таомули хубе доштанд, ки оромгоҳи гузаштагони хешро тозаю озода намуда, сари қабрашон дуою фотиҳа мекарданд. Аёдати беморон, сила кардани сари ятимон, кумаки беғаразона ба дардмандону дармондагон, нодорону камбизоатон, туҳфаю армуғонҳои идона ба пайвандону ҳамсоягон, ҳамзамон, авфи гуноҳи ҳамдигар, кушодани бағали оштӣ сӯйи якдигар, дур кардани кинаҳо аз синаҳо, меҳрубонию илтифот аз фазилатҳои накуи Наврӯзи хуҷастапай буд.
Баъди ин ҳама омодагиҳо ва анҷоми амалҳои нек хурду бузург либосҳои тозаю озода ва хушрангу хушдӯхт ба бар карда, сӯйи идгоҳон, ки аксаран дар дашту даманҳои сабзпӯши талу теппаҳо доир мегардиданд, мешитобиданд. Чун анъана баъди интихоби наврӯзгоҳ ба оростани хони наврӯзӣ мепардохтанд, ки ба оро додани он беҳтарин кадбонуҳо, донандагони расму оинҳои ҷамшедӣ сафарбар мешуданд.
Боиси таассуф аст, ки бо гузашти айём дар давраҳои мухталифи таърих ба таҷлили доманадори ин ҷашн монеа эҷод карданд. Чунончи, як муддат наврӯзро таассуби дини оташпарастӣ пиндошта, баргузории онро мамнӯъ эълон карданд. Дар замони ҳокимияти шӯроҳо бошад, ба ин ҷашни мардумӣ оҳанги исломиро тамға задаю тантанаҳои зебои онро манъ карданд. Танҳо бо талошҳои як идда пешоҳангони илму адаби садаи гузашта тантанаҳои нисбатан маҳдуди аҷдодӣ дар солҳои 70-80-уми қарни бист бо номи пардапӯшонаи иди баҳор таҷлил гардиданд. Наврӯзи бостон соли 1980 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ва соли 1982 дар пояи муҷассамаи устод Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе хеле хоксорона ва бо эҳтиёти том гузаронда шуд.
Мояи ифтихору сарбаландист, ки Наврӯзи аҷамиён танҳо бо шарофати соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид ва ба ҷашни мардумии тоҷикон табдил ёфт. Ин ҷо месазад талошҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, билхоса саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсус қайд кард. Имрӯз Наврӯз дар сархати аввали иду ҷашнҳои миллӣ ҷой дорад.
Наврӯзи хуҷастапай имрӯз дар сатҳи давлатӣ ва хеле бошукӯҳ пас аз омодагиҳои зиёд ва бо риояи тамоми анъанаю расму оинҳои аҷдодӣ бо иштироки фаъолонаи намояндагони илму ирфон ва роҳбарияти сиёсии як қатор мамолики хориҷи дуру наздик доир мегардад.
Бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти сиёсии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз иду ҷашнҳои ориётаборон, хоса Наврӯзи оламафрӯз 2 декабри соли 2009 дар ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО сабти ном гардид ва 23 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64 -уми Созмони Милали Муттаҳид мақоми ҷаҳонӣ касб кард. Ифтихор аз он дорем, ки дар кулли мамолики олам ин ҷашнро бо номи тоҷиконаи Наврӯз зиёда аз 300 миллион одам ҷашн мегиранд.
Наврӯз - ҳалқаи заррини пайванди гузаштаву ҳозира ва ояндаи дурахшони мост. Марҳабо, эй Наврӯзи дилафрӯз, Наврӯзи қалбҳои пурҷӯш, Наврӯзи умеду умедвориҳо, Наврӯзи эҳёи тамоми мавҷудоти рӯйи олам! Умед бар он мебандем, ки қадамҳои муборакаш ба табиат гулгулшукуфӣ, ба деҳқон ҳосили пурбаракат ва ба мардум шодию сурур меорад.
Усмон МАҲМАДЁРЗОДА,
ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур,
Муҳаммадазим БОБОХОНОВ,
профессори кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи
аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.03.2021 №: 55 Мутолиа карданд: 1079