logo

фарҳанг

«НАХЛИ МЕҲР» - И ГУРЕЗ САФАР

Нашриёти «Ношир» - и шаҳри Хуҷанд китоби нави шеърҳои шоири хушкалом Гурез Сафарро аз дасти чоп баровард, ки «Нахли меҳр» унвон дорад.
Китоб шеърҳои солҳои охир эҷодкардаи адибро фаро мегирад. Бавижа, шеърҳои ба Ватан – Модар ва ҷанбаҳои муҳими ватандорӣ бахшидаи шоир боиси истиқболи гарманд:
 
Ман ватандорам, Ватан дорам,
Минбари розу сухан дорам.
Бо забони хеш дар минбар
Гуфтугӯ дар анҷуман дорам.
Ё ин ки:
То ҳаст зи ҷон рамақ, Ватан 
мегӯям,
Андар сари ҳар варақ Ватан 
мегӯям.
Шукронаи обу хоку нуру бодаш,
Шукрона, ки сулҳ дар Ватан 
подор аст!
Ӯ тавассути чакомаҳои рӯҳбахш кӯшидааст, ки ба душманону нотавонбинони фардои дурахшони Меҳан посухҳои дандоншикан диҳад:
Ин олами зеборо,
Ин мулки дилороро,
Ин сулҳу мадороро,
Дирӯзи аламбору
Имрӯзи гувороро
Кӯрӣ, ки намебинӣ?!
 
Ин шеър бо номи «Ба носипос» хеле аз дарду доғҳоро ифшо мекунад. Воқеан, имрӯз касоне зиёд шудаанд, ки аз берун истода, ба Ватани худ, ки замоне нозпарварди обу хоки он буданд, санги маломат мезананд. Агар боре аз ободиву бори дигар аз камбудиҳо гӯянд, ба хайр, мутаассифона, пайваста аз нуқсу норасоиҳо ҳадс зада, аз паша фил месозанд, ки ҷои дареғ аст. Иттилооти ғаразноку иғвоангезро махсус паҳн мекунанд. Ҳатто як зумра ноогоҳон ба оташи чунин иғвоҳо равған мерезанд ва мо – ҳамватанонро шигифтзада мекунанд. Шоир ин раванди носолим ва мағзшӯро дуруст ташхис медиҳад ва мегӯяд:
Ғамҳост пароканда,
Лабҳост пур аз ханда,
Гардид зи нав имрӯз
Наврӯзи Аҷам зинда,
Ин базму тамошоро
Кӯрӣ, ки намебинӣ?!
 
Ба андешаи мо, имрӯз рисолати на танҳо шоир Гурез Сафар, балки ҳар як қаламкаш ҳамин аст, ки сиёҳро аз сафед фарқ кунад ва шеваи дурусти қазоватро тавассути маҳсули эҷоди хеш ба мардум омӯзонад.
Ба ҷуз ин, шеърҳои ба модар, ишқу муҳаббати пок ва муаммоҳои иҷтимоӣ ихтисосёфтаи китоби «Нахли меҳр» хонандаро ба олами рангину зебо мебаранду ҳамзамон, ба ҳушёриву зиракӣ ва дардошноӣ ҳидоят мекунанд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2021    №: 55    Мутолиа карданд: 819
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед