фарҳанг
ҶАШНИ ЗИНДАГИСОЗ
Ҷашни Наврӯз барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳама давру замон муқаддас буд. Аҷдоди мо, ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ, ки аҷнабиён Наврӯзи Аҷамро мамнӯъ эълон карда буданд, онро чун иди зиндагисоз ва ҷавобгӯи орзуву ормонҳои деринаашон бо ҳар роҳу восита ҳифз менамуданд ва гиромӣ медоштанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостони мардуми қораи Осиё ба шумор меравад. Баҳор ва Наврӯзи оламафрӯзро аз замони куҳан то имрӯз сухангӯёни бузург тараннум кардаанд.
Яке аз сарчашмаҳои пурарзиш «Наврӯзнома» - и Умари Хайём мебошад. Ӯ навиштааст: «Сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз як рубъ аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад - ин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддате кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард».
Баъд аз истилои араб, аҷнабиён кӯшидаанд, ки Иди Наврӯзро аз байн бибаранд, аммо халқ бар рағми фишору тазйиқ ҳар сол ин рӯзро ҷашн мегирифтанд. Чун арабҳо дидаанд, ки Наврӯзро аз байн бурдан амрест маҳол, роҳи муросоро пеш гирифта, ба он «Суннати Ҷамшед» ном ниҳода, ба мардум иҷозат доданд, ки ҷашнро таҷлил намоянд.
Рӯзи вуруди Наврӯз ба ҳисоби солшумории деҳқонӣ якуми моҳи ҳамал ва ба ҳисоби милодӣ 21 март, бо ҳисоби сосонии қадим якуми моҳи фарвардин мебошад.
Бо омадани баҳори нозанин кишвари зебоманзари моро як рӯҳияи баланди ифтихору сарфарозӣ аз истиқболи Иди бузурги аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз фаро мегирад ва аз ҳар хонадони соҳибиқбол садои зиндагисоз ба гӯш мерасад. Воқеан, Наврӯз ба ҳама шодиву хурсандиҳо шоиставу арзанда аст, зеро бузургони мо фармудаанд: «Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад».
Тавре аз сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ бармеояд, Ҷашни Наврӯз дар аҳди Куруши Кабир ва салтанати Дорои Бузург дар толорҳои пурҳашамати Тахти Ҷамшед, аз ҷумла қасри барҳавои Садсутун, бо иштироки табақаҳои гуногуни ҷомеа, дар сатҳи давлатӣ баргузор шуда, аҳли санъат ба он шукӯҳи хосса мебахшид. Маросими суннатҳои Наврӯз шаш рӯз идома ёфта, аз ду қисм: Наврӯзи кӯчак ва Наврӯзи бузург иборат буд.
Яке аз суннатҳои неки Наврӯз чунин будааст, ки бомдоди рӯзи аввали моҳи фарвардин мардум ба ҳамдигар об мепошидаанд ва шакар ҳадия мекардаанд. Суннати об пошидан бо нияти бахти сафед ва покизагиву оромии рӯҳу ҷисм ва ҳадияи шакар маънои ширин кардани даҳонро дорад, ки аз ин Наврӯз то Наврӯзи дигар қалбҳо аз кинаву кудурат пок ва комҳо ҳамеша ширин бошанд. Баъди адои ин суннатҳо ба таҳияи хони наврӯзӣ, яъне ҳафт шин мепардохтанд ва дар наврӯзгоҳҳо ҳамчун рамзи хуршеди оламафрӯз гулханҳои бузург меафрӯхтанд.
Суманакпазӣ яке аз суннатҳои бостонии мардуми тоҷик буда, одатан шабона оғоз ёфта, то субҳидам давом мекунад. Занону духтарон бо либосҳои идона, бо рақсу сурудҳои дилнишин машғули суманакпазӣ мешаванд.
Пагоҳӣ, баъди баромадани офтоб суманакро ба дастархони наврӯзӣ мегузоранду ба ҳамдигар мегӯянд: «Хон, соли дигар гузашт, зиндагии нав ба сар овар ва куҳнагиро ба соли куҳан вогузор».
Наврӯз ифшогари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии халқи тоҷик маҳсуб ёфта, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангии миллии моро дар худ ҳифз кардааст.
Ҷамил ВАЛИЕВ,
корманди Китобхонаи
миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.03.2021 №: 57 Мутолиа карданд: 994