фарҳанг
ҚАДИМТАР АЗ МАВЛУДИ ЗАРДУШТ
Наврӯз хеле қадимтар аз мавлуди Зардушт, китоби муқаддаси "Авесто" ва бидуни пайвастагӣ ба дину мазҳаб ба ҳукми анъана даромада. Дар ҳамин иртибот, муаррихи Юнони Қадим Страбон Ҷашни Наврӯзро аз шумули қадимтарин ҷашнҳои Замин ҳисобида, то замони зуҳури оини оташпарастӣ (асри VII то мелод) маъмул будан ва дар замони Ҳахоманишиён (асри VI–IV пеш аз мелод) мақоми иди асосии давлатӣ доштани онро хабар додааст.
Дар асоси маълумоти расмӣ, ҳоло 13 кишвар Иди Наврӯзро ҳамчун ҷашни расмии миллӣ таҷлил менамояд. Бо эътимод метавон тазаккур дод, ки Наврӯз дар рӯзгори муосир вобаста бо моҳият ва ҳикмати худ аз ҳудуди давлатҳои гуногун гузашта, тадриҷан, мардумони оламро фаро мегирад, ки боиси шодмонист. Бо далели ин мушоҳидаҳои воқеӣ метавон зикр намуд, ки дар замони муосир Наврӯз боз ҳам густариш ёфта, ба ҷаҳони тамаддунҳои нав ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллати тоҷик ворид мегардад.
Наврӯз дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳ ва мақоми хоси худро дубора соҳиб гардида, ҷашни умумимиллӣ ва давлатӣ эътироф шуд. Дар кишвар дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (аз 21.07.10, № 611) рӯзҳои 21 - 24 март Иди байналмилалии Наврӯз муқаррар гардида, рӯзҳои истироҳатӣ эълон шудаанд.
Наврӯз ҷашнест дорои махсусият ва бузургию шаҳомат, ки решаҳои амиқи бостонитарини фарҳангию таърихӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ дорад. Он бо паҳноии фарогирии ҷуғрофӣ ва моҳияти инсондӯстонаю табиатпарваронаи худ беназир аст. Ҳамчунин, ин ҷашн дар меҳвари фалсафаи гуфтугӯи тамаддунҳо чарх мезанад.
Тоҷиддин САНГОВ,
сармутахассиси дастгоҳи Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.03.2021 №: 57 Мутолиа карданд: 931