фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон
озод намудани Сафарзода Носирхон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафарзода Носирхон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 марти соли 2021, № 143
ПЕШНИҲОД
дар бораи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Л. И.
19 март мутобиқи банди 8-уми моддаи 69 Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Лутфулло Иззатулло бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.03.2021 №: 58 - 59 Мутолиа карданд: 4079