иҷтимоиёт
МАРДИ ҲУНАР
Саҳми профессор Амирбек Мӯсоев дар рушди соҳаи мусиқии эстрадӣ назаррас аст. Оҳангҳои дилошӯби ӯро сарояндаҳои оркестри эстрадии “Гулшан” Махфират Ҳамроқулова, Кароматулло Қурбонов, Субҳон Саидов, Исматулло Холов, Сангалӣ Мирзоев, Кимиё Ҷӯраева ва Усмоналӣ Раҳматов иҷро намудаанд.
Мавсуф солҳои 1986 - 1993 ба ҳайси навозанда ва дирижёри оркестри созҳои халқии назди Кумитаи телевизион ва радио, 1993 - 1999 дар вазифаи сармуҳаррири барномаҳои мусиқии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ кор кард. Аз моҳи апрели соли 1990 аъзо ва солҳои 1998 - 2003 котиби масъули Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб мегардад. Солҳои 2003 - 2010 дотсенти факултаи мусиқии тоҷикии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов (як муддат декани факулта) 2009 - 2012 роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд.
Сифати волои ҳунарии оҳангсози маҳбуб Амирбек Мӯсоев навоофарии ӯст. Оҳангсозони тоҷик Фозил Солиев, Зиёдулло Шаҳидӣ, Шарофиддин Сайфиддинов, Фаттоҳ Одина, Миратулло Атоев, Саид Ҳамроев, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Хайрулло Абдуллоев, Қудратулло Яҳёзода, Талабхӯҷа Сатторов аз ин сифат, ки ҷавҳари пешаи оҳангсозист, баҳраманд буданд ва асарҳояшон маҳз аз шарофати он ба дили мардум ин қадар қарин гардидаанд. Амирбек Мӯсоев низ бо ҳамин роҳ рафта, мекӯшад, то савту созҳояш заминаи устувори миллӣ дошта бошанд, бо салиқаи мусиқии волои мардумӣ эҷод шаванд ва, албатта, аз насими ногузиру файзбахши мусиқии муосир бебаҳра намонанд.
Соли 2001 дар шаҳри Душанбе барои гиромидошти фаъолияти эҷодии оҳангсози зиндаёд Талабхӯҷа Сатторов фестивали байналмилалии “Баҳористон” доир шуд, ки оҳангҳои ӯ низ иҷро гардиданд.
Асарҳои ӯ на танҳо барои сарояндагони эстрада, балки оркестри калони симфонӣ, операҳо, оркестрҳои халқӣ, созҳои оркестрӣ ва оркестрҳои камеравӣ пешниҳод шудаанд. Офаридаҳои ӯ, ба мисли “Мақом - достон”, “Модар - Ватан” ва операи “Хусрав ва Ширин” ба оҳангсоз шуҳрати хос овард.
Алҳол вай худро дар соҳаи санъати оламгири балет санҷида истодааст. Қаҳрамониҳои абармарди майдони ҳарбу зарби зиндагӣ Куруши Кабир асоси балети операи “Достони Нур”-ро ташкил додааст.
Эҷодиёти Амирбек Мӯсоев аз суруд ва асарҳо барои оркестрҳои камеравӣ, симфонӣ ва созҳои халқӣ иборат мебошад. Соли 1995 барои силсилаи асарҳои ватандӯстонааш барандаи Ҷоизаи Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон гардида, хизматҳои шоёнаш дар рушди соҳаи санъат бо медали “Хизмати шоиста” (1998) қадр шуд. Дар озмунҳои байналмилалии мусиқии эстрадӣ “Азия Даусы” (Алмато 1994, 1996, 1998), “Бобулистон” (Ироқ, 1997) ширкат варзида, сазовори диплом шудааст. Соли 2005 бо Ҷоизаи Борбади Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва бо унвони баланди Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2008) сазовор гардид.
Алихон МАҲМАДОВ,
омӯзгори калони Консерваторияи миллии
Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.03.2021 №: 58 - 59 Мутолиа карданд: 702