logo

фарҳанг

ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ   ҷашну маросимҳои зиёди таърихию миллӣ, ки бо  азму ният, орзую омол ҳадафҳои халқи тоҷик ҳамбастагии зич доранду мутаассифона то дараҷае маҳкуми идеологияи давр гашта буданд, эҳё гаштанду мазмуни нав пайдо  карданд. 
 
Ба шарофати сиёсати тамаддунофаронаи  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз умумиҷаҳонӣ гардид. Ҷаҳонишавии Наврӯз пойгоҳе шуд барои бо ҳам наздикшавии миллатҳо, халқҳои гуногун, тантанаи дӯстӣ ва пойдории сулҳу амнияти олам ва бешак анъанаҳои муқаддас.  
Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ин ҷашни бостонӣ мазмуни нав пайдо кард ва он ҳамасола чун ҷашни муҳими миллӣ бо шукӯҳи хоса пешвоз гирифта мешавад ва, албатта, дар замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо, ки ҳамзамон низоъву ҷангҳо ва мусибатҳои зиёдро ба дунбол дорад, эҳёи расму оинҳо, ки дар худ шодиву нишот, дилхушиву гулгулшукуфӣ, пешрафту дигар хусусиятҳои мусбиро ғунҷондааст, аҳамияти махсусро касб менамояд. Дар ин радиф албатта ҷашни Наврӯз рисолати хосеро дорост.
Наврӯз рамзи бузургии фарҳанги мардуми ориёинажод, ҷашни бостонии тоҷикон, далели таърихи дерин, шоҳкитоби миллати тамаддунпарвар, саодатномаи халқи тоҷик, тантанаи бедорӣ, шукуфоӣ ва пойдорӣ, маҳзари самимият ва меҳру муҳаббат, он ҳалқаи пайванди дирӯзу имрӯз ва фардоямон аст.  
 Рӯйдоди фараҳбахш он аст, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун  ҷашни  байналмилалӣ аз ҷониби Созмони  Милали Муттаҳид ҳамаҷониба ба расмият пазируфта шуд.   
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии кишвар дар мавриди нақшу манзалати ҷашнҳои миллиамон ёдовар шуда, аз ҷумла зикр сохтанд «...Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст…»
Бешак, мо – сокинони кишвар  бо ин мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл баёдгоргузоштаи ниёгони худ бояд ифтихор кунем, онҳоро пос дорему эҳтиром намоем. Дар ин радиф, албатта ҷашни Нарӯз рисолати хосеро доро аст.
 
Раҳмиддин  ШӮХИЕВ,  
унвонҷӯ, ноиби декани факултаи ОДҲ ва тарбияи ҷисмонии  ДТҶТ ба номи С. Раҳимов
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2021    №: 58 - 59    Мутолиа карданд: 848
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед