logo

туризм

ПАНДЕМИЯ. РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

Бинобар сар задани пандемияи коронавирус пешгӯиҳои коршиносони байналмилалӣ умедворкунандаи барқароршавии сайёҳии байналмилалӣ нест. Бинобар ин, ягона самти пойдорандаи соҳа сайёҳии дохилӣ арзёбӣ мешавад. 
 
ТАЪСИРИ ПАНДЕМИЯ
Фаридун Ҳамроев, менеҷери ширкати сайёҳии «Панҷакент интур», аллакай тӯли чанд сол аст, ки дар Панҷакент ва дигар минтақаҳои кишвар сайёҳони хориҷиро хизматрасонӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ дар соли 2020 ширкати онҳо бинобар пандемия қариб сад гурӯҳи 15-16-нафараро, ки омодаи сафар буданд, аз даст дод. 
- То пандемия ҳамасола ба беш аз 500 сайёҳи хориҷӣ хизмат мерасондем, соли гузашта то семоҳаи аввал сайёҳони хеле камро пешвоз гирифтем.  
Фаридун умедро аз даст намедиҳад ва интизор аст, ки соли 2021 гардиши сайёҳон барқарор шуда, тиҷораташон боло меравад.
Тибқи арзёбиҳои Агентии омор ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ даромади соҳа то давраи беморӣ тақрибан 2,5 фоизи ММД -ро ташкил медод, яъне, дар доираи 230-250 миллион доллари ИМА. Соли сипаришуда ин рақам хеле коҳиш ёфта, тахминан ба 72,6 миллион доллари ИМА баробар гардид, ки тахминан 1 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар бар мегирад.  
 
УМЕД БА САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ низ зарурати боз ҳам густариш додани соҳаро таъкид доштанд. Бо вуҷуди пешравиҳои назарраси соҳа ва бо дарназардошти соли ҷамъбастии ташаббуси Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, дигар сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо, муваззаф шуданд, ки доир ба афзоиши саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди кишвар ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо, дарёфти роҳҳои нави ташкили инфрасохтор, ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ, бахусус рушди сайёҳии дохилӣ, чораҳои аввалиндараҷа андешанд.
- Сайёҳии дохилӣ имрӯз дар тамоми дунё ҳамчун самти муҳими рушди соҳа арзёбӣ шуда истодааст, - гуфт раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ. - Ба хотири он ки сайёҳии дохилӣ дар кишвари мо рушд ёбад, мо чандин маротиба бо ширкатҳо суҳбатҳо доштем. Имрӯз аз ҷониби ширкатҳо пешниҳодҳои мушаххас манзур шудаанд. Кумита дар ҳамкорӣ бо онҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ин самти сайёҳиро рушд дода истодааст. Ҳатто дар фасли зимистон роҳҳо ба дилхоҳ минтақаи кишвар кушода ҳастанд. Саразм, Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор, Чилучорчашма, Хоҷамашҳад ва дигар мавзеъҳои нодири сайёҳӣ барои хизмат ба аҳолӣ омодаанд. 
Дар солҳои қаблӣ сайёҳии дохилӣ дар ММД тахминан 0,3 дарсади даромадро ташкил медод. Яъне, дар доираи 2-3 миллион доллар аз ҳисоби сайёҳии дохилӣ ба буҷет маблағ ворид мешуд. Дар соли 2020 ин нишондиҳанда кам шуд. Зеро ширкатҳои сайёҳӣ имконияти ташкили сайёҳии дохилиро ҳамчун самти фоиданок надида истодаанд. Бинобар ин, мо роҳҳои дигарро кофта истодаем. Айни ҳол худи аҳолӣ имконияти хуби сафар ба минтақаҳои гуногуни кишварро доранд. Онҳо метавонанд бо нақлиёти худ ё таксӣ ба сафар бароянд, аз хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо истифода баранд ва аз таърихи пурғановати Тоҷикистон, зебогиву назокати табиати кишвар аз наздик шинос шаванд. 
Имрӯз сайёҳӣ яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёт ва бо суръати баланд рушдёбанда ба ҳисоб меравад. Бо дарки мавқеи ин соҳа дар иқтисоди миллӣ рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятнок муайян шуда, солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд. Дар заминаи ташаббуси зикргардида ва имтиёзҳои дар ин самт пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти бахши хусусӣ густариш ёфта, шумораи меҳмонхонаҳо, дигар инфрасохтори хизматрасонӣ зиёд шуда, ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан таъсиси хатсайрҳои наву ҷолиби сайёҳӣ, таъсири мусбат расонд. Чунончи, соли 2019 ба Тоҷикистон 1 миллиону 260 ҳазор сайёҳон омад.
Тибқи назарсанҷии маҷаллаи байналмилалии бонуфузи «Lonely Planet» Тоҷикистон байни 10 минтақаи беҳтарини саёҳат ва сафар ба Шоҳроҳи абрешими Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал қарор гирифт. Маҷаллаи сайёҳии «Вандерласт» («Wanderlust») дар соли 2020 муъҷизаҳои зебои табиии пиряхи Федченко, Гармчашма, Искандаркӯл, Сарез, Вахон, Қарокӯл ва Чапдараро муаррифӣ  ва барои боздиди сайёҳон тавсия дод. Ассотсиатсияи саёҳати кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором (PATWA), ки яке аз ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар соҳаи сайёҳӣ эътироф шудааст, дар моҳи марти соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистонро кишвари устувор ва осебнопазир барои саёҳат эълон намуд. 
Имсол, ки соли ҷамъбастии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад, метавон гуфт, ки соҳа то ҷое ба ҳадаф расид, зеро ду соли қабли шумораи воридшавии сайёҳони хориҷӣ беш аз дуюним  маротиба боло рафта, инфрасохтори гуногуни ёрирасони соҳа пурра гардид. Итминони комил ҳаст, ки бо назардоти омилҳои болозикр ва кӯшишу талошҳои мутасаддиёну алоқамандони соҳа сайёҳии дохилӣ ҳамчун воситаи дастгириву пойдорандаи соҳа байни шаҳрвандон маъруфияти бештар пайдо намуда, пас аз паст шудани шиддати пандемия дар ҷаҳон, сайёҳии воридотӣ боз ҳам ривоҷу равнақи тоза касб мекунад. 
 
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2021    №: 58 - 59    Мутолиа карданд: 6839
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед