logo

илм

ИЛМУ МАОРИФ. ВАҚТЕ РОҲБАР БА ОЯНДА НАЗАРИ НЕК ДОРАД...

Чанде пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми хешро ба Маҷлиси Олии кишвар ироа намуданд. Паёми навбатӣ аз таҳлили самтҳои афзалиятноки ҷомеа, қабили маориф ва илм оғоз гардида, баъдан ба соҳаҳои тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, мавқеи занону бонувон дар ҷомеа, саҳми ҷавонон ва мақомоти қудратӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. 
Ба ҳамагон маълум аст, ки омӯзгорӣ касби пуршараф ба ҳисоб рафта, таълиму тарбияи насли наврас аз рӯҳия ва дараҷаи тахассусии омӯзгор вобаста аст. Солҳои охир вазъи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беҳтар гардида заминаи моддиву техникии онҳо таҳким ёфта истодааст.
Сарвари давлат қайд намуданд: “Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст”. Ин нишондодҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар соҳаи маориф барои беҳтар кардани сифати таълим як қатор корҳои созандагӣ иҷро карда шуда истодааст. Маблағгузории соҳа, махсусан барои сохтмон ва таъмиру навсозии иншооти таълимӣ сол ба сол меафзояд. Ҳукумати мамлакат барои таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайё намудани шароити таълимӣ маблағҳои буҷавӣ ҷудо мекунад. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқарорсозии таълимгоҳҳои нав бевосита бо дастгирии давлат муассисаҳои ҳозиразамон ба истифода дода шуд. 
Дар даврони истиқлолият ҳамасола баъди хатми муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ 97 дарсади хатмкунандагон сазовори унвони донишҷӯӣ гардида истодаанд, ки ин нишонаи рӯ овардани ҷавонон  ба илму маърифат аст. Дар робита ба ин, аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидани  озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” айни муддаост. 
Назари неки Пешвои миллат нисбат ба магистрант ва доктарантону зиёд гардидани стипендия то 30 дарсад огаҳӣ аз он медиҳад, ки Ҳукумати кишвар нисбат ба баланд бардоштани сатҳи дониши олимони ҷавон ва  ҷавони ихтироъкор аҳамияти хосса зоҳир менамояд.  Мо  бояд ба қадри истиқлолияту ваҳдат ва ғамхориҳои давлат, ки нисбат ба соҳаи маориф нигаронда шудааст бирасем ва кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар соҳаи маориф, беш аз пеш, камари ҳиммат баста, барои баланд бардоштани самаранокии таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон саҳми арзандаи худро гузорем. 
Дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ мо тавонистем, ки пояҳои давлати навбунёди тозаистиқлоли худро мустаҳкам намуда, ниёзу оромонҳои миллиамонро дар доираи ҳадаф ва самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат тарҳрезӣ намоему дар омодагӣ ба Ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошем. 
 
А. АТОЕВ, доктори илми фалсафа, профессор,
М. ҚУРБОНОВА, устоди ДДХ ба номи Б. Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2021    №: 58 - 59    Мутолиа карданд: 8663
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед